Бахшҳо

Нақлиёти ҷамъиятӣ ба ислоҳ ниёз дорад ё либоси ронандаву кондуктор?

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, барои ба танзим даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ либоси ягонаи ронанда ва кондуктор роҳандозӣ шавад.


Ҷамила ҲУСЕЙНОВА, узви Комиссияи доимамалкунандаи ҷамъиятии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Имрӯз шаҳрдорӣ таваҷҷуҳро бештар ба ислоҳоти соҳаи нақлиёти мусофиркаши пойтахт мекард, хубтар мешуд. Корхонаҳои коммуналии пойтахт дар ҳолати ногувор карор доранд, теъдоди зиёди автобусу троллейбусҳои куҳна солҳои тӯлонӣ зери офтобу борон хобанд, на ҳамаи ҷамъиятҳои нақлиётии хусусӣ, ки имрӯз фаъолият доранд, дорои автобазаи махсусгардонидашуда мебошанд. Раиси шаҳр чанд сол пеш дар мавриди либоси ронандаву кондуктор қароре ба тасвиб расонида буд, ки ронандаҳо бояд курати кабуд пӯшанду кондукторҳо камзулаи сурх ва ҳама бояд бейджикҳо дошта бошанд.

Шарифҷон ТОҶИБОЕВ, устоди донишгоҳ

Нақлиёти ҷамъиятӣ бештар бояд ба танзим дароварда шавад, на либосу кондуктор. Баъдан, он кондуктор ҳам бояд аз муносибат бо мусофирон огоҳ бошад, забони давлатиро хуб донад, эҳтироми мусофиронро ба ҷо орад!

Шервони УМРИДДИН, сокини шаҳри Душанбе

Ба танзим даровардани либоси ронанда ё кондуктор шояд зарурати дувумдараҷа бошад. Шаҳдори Душанбе то сару либоси ронандаву кондуктор ба танзим даровардан нархи роҳкиро ва худи низоми нақлиёти ҷамъиятиро ба танзим дарорад, ки мардум азоб накашанд. Ронандаҳои “худам шоҳу таъбам вазир” новобаста аз масофаи роҳ аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд, ки тибқи қарор бояд 80 ва ё 1 сомониву 80 дирам ҳақ ситонанд. Шумо як фикр кунед, ки хатсайри 52 аз бозори Корвон то бозори Саховат 1 сомонӣ мебиёрад, аз бозори Саховат то Қарияи боло 2 сомонӣ мебарад, аз Қария боло то маҳаллаи Меҳробод 1 сомонӣ мегирад.
Мӯҳр
Шумо монед хамин бечора ронандахоро ба холи худ . Онхо шабу руз дар хизмати мусофирон мебошанд. агар бо 40 дирам бакия бой мешуди ту барин хасис... ту фикри планша, налогша, патентша, харуз расходи духтуру механику боз дигару дигар илова пулихое, ки ин автобазахои беинсоф аз ронандахо меситонанд, нархи сузишвори о чи мемона онхода.. э туя урукат паст будай худаш.
am

Бале, бародар Шервони Умриддин рост гуфтааст, лекин 1 сомонию 60 дирам мутобики Карори Хукумат, на 1 сомонию 80 дирам.

лозим мешавад
Бо дидани ин расм, ки дар руи равзана аст, ханда мекушад ё нола месузонад. Ачиб наклиёт барои хамлу накли мусофирон (одамон) офарида шуда аст, аммо ин тролейбусро одамон кашонида истодаанд. Пеш аз сафарбаркуни хамаи наклиёт аз тарафи идорахои наклиёти тафтиш карда мешаванд ё ин факат дар когаз муайан асту халос. Чихати дигари масъала ин аст, ки тамоми мусофирон аз нагирифтани бакияи рохкирои худ меноланд, ана хамин бакияхои бознагашта ба таъмири ин гуна наклиёт равона намешавад магар. Ба зури аз додани бакияи шахрвандон кондуктурон саркаши мекунанд. Хукумати шахр оё ваколати ба раёсати корхонахои наклиёти гушзад кардани ин камбудихоро надоранд ё аз ин конуншиканихо дарак надоранд?

22
Маршруткаи №2 аз шахрчаи якум Совет то коргохои табъу нашр (пули даре)2 сомони мегирад(такрибан 2,5 км агар эътироз куни карори раиси шахрро ки временный буд асоснок мекунанд илтимос хамун карори худра беэътибор намоед мухтарам раис.Дар ин шароити бепули ба мо ерманди мешуд.Дар шахрхои калони дуне танхо автобусу тролебусу такси хаст халос хамин тавр нигох куни дар шахр 60%-и наклиет микроавтобус хаст.РОхи халоси аз тамбашави ин чори кардани автобусу тролебус мебошад.

як чизе бисьер ачиб, дар шахри Хучанд, бакияро бе ягон дагаливу гап ба мусофир бармегардонанд. Барои чи дар Пойтахт, мардуми мехнаткаши Душанбе бакия мепурсанд, чун як душмани ронандахо мешаванд. Е мумкин ин беинсофу порахуро, то хол дарк накарданд, ки дар Пойтахт кор ба сар мебаранд.Ачиб. такси 3 сомона, аз шахр бароварда шавад. Автобусхои хатсайриро ба кор монед.

кулоб 15
акл дар корай на зуру зар.
мардумда наклиёти солиму нав лозим аст на либоси ронанда.

Кулябец
Душанбе ба ягон намуди шахрдории замонави чавобгу нест! Як шахри бедару дарвоза, танзими мусофиркаши умуман риоя намешавад. Даврони Хукумати Шуравиро ёд меораму хайрон мешавам, наход мо бо таъсири русхо шахрдори кардаем ва худамон аз ухдаи чизе намебароем???
Ин хакикат аст, хакикати талх!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)