Бахшҳо

ВКД дар бораи садама дар Бадахшон: Санг болои мошин афтидааст...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маргбор дар ноҳияи Дарвозро, ки 4 кушта барҷой гузошт, шарҳ дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод садама рӯзи 16-уми майи соли равон, тахминан соати 02:30-дақиқа, дар километри 369-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ, воқеъ дар мавзеи “Новак”-и ноҳияи Дарвоз рух додааст: “Дар ин мавзеъ аз тарафи чапи роҳ санги калон ба қисми болои автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрол”, рақами давлатиаш 63-63 АА 04, ки таҳти идораи ронанда Ниҳолов Алидод соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯшон қарор доштааст, афтида, дар натиҷа автомобил ба ҷарии 20-метр чаппа шуда, дар дарёи “Панҷ” ғарқ гардидааст”.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи ин садама мусофирон Худобердиев Саидқадам соли таваллудаш 1960, Худобердиев Худобердӣ соли таваллудаш 1972 ва Эмомназарова Нилуфар соли таваллудаш 1992, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи Давлатии Технологии ҶТ, сокинони ноҳияи Рушон дар дарё ғарқ шудаанд: “Ҷасади шаҳрванд Эмомназарова Нилуфар дарёфт карда шуд. Барои дарёфти ҷасади ронанда Ниҳолов А. ва мусофирон Худобердиев С., Худобердиев Х., чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад”.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” бародарон Худойбердӣ ва Саидқадам Худойбердиевҳо ҳамроҳ бо ҷиянашон Нилуфар Эмомназарова барои азодории модарашон-Гулхотун, ки субҳи 15-уми май даргузашт, ба деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон раҳсипор будаанд: “Аз мошин, ки дар маҳаллаи “Ҷорф”-и ноҳияи Дарвоз аз миёни дарё пайдо шуд, танҳо ҷасади Нилуфари 23-сола дарёфт гардид, ки имсол бояд Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм мекард. Ҷасади Нулифар 17-уми май дар зодгоҳаш деҳаи Сипонҷи водии Бартанг ба хок супорида шудааст. Кофтукоби ҷасади Саидқадами 55-сола, бародараш Худойбердии 43-сола ва ронанда-Алидоди 28-сола идома дорад”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи “Озодагон” Саидқадами 55-сола, афсари калони хидмати тиббӣ ва ронанда-Алидод низ ба ҳайси афсар хидмат мекардаанд ва Худойбердӣ Худойбердиев аз муҳоҷират аз Русия барои гусели модараш ба роҳи охират баргаштааст.
Мӯҳр
аввалан салом ба хамай бандахои худо бадан гуфтаниям, ки ХУДОВАНДИ КАРИМ ин шахид шудагиёра чанат гардона охираташонро пур аз нур кунад. дар дили ахлу оилааш сабро ато кна омин.

шерафкан
Инна лиллах ва инна илайхи рочиъун.

Ёдат бахайр хамкурси азизам, дусти мехрубонам, дугонаи нотакрорам. Чойи ту холи аст, дар дилу дидахои мо. Мо туро рузи шашум интизор будем. Бовар намеояд, ки ту дигар дар катори мо нести. Сад афсуз, ки орзухои ширинатро бар хок бурди. Имрузхо дар ёди ту мо хама хамкурсонат чигархунем.Хонаи охиратат обод бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)