Бахшҳо
18 май 2015 16:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нигаронии Убайдуллоев аз таъхиркорӣ дар сохтмони 13 иншооти баландошёна

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз ин ба баъд лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматии баландошёнаеро дар пойтахти Тоҷикистон барои баррасӣ қабул мекунад, ки дар он муассисаҳои томактабии кӯдакона пешбинӣ шуда бошад.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин тасмим дар ҷаласаи кории рӯзи 18 майи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Манбаъ мегӯяд, “Убайдуллоев ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳр дастур дод, ки шурӯъ аз 1 июни соли ҷорӣ дилхоҳ ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар самти бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна танҳо бо пешбинии ҷойгир кардани чунин марказҳо барои кӯдакон дар лоиҳаи иншоот баррасӣ карда мешавад”.

Ин дастури Убайдуллоев дар ҳолест, ки ба қавли масъулини дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, масоили вазъи мавҷудаи 119 муассисаҳои томактабии пойтахт дар ҷаласаи кории рӯзи 18 май баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, бо вуҷуди “ташкили катҳои дуошёна дар ин муассисаҳо мушкилоти аз рӯи талабот фароҳам овардани шароит барои инкишофу тарбияи кӯдакони синни томактабӣ таври дилхоҳ ҳал нагардидааст”.

Дар ҷаласаи Убайдуллоев аз таъхиркорӣ дар сохтмони 13 иншооти баландошёна нигаронӣ шуда, барои пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои таъиншуда мавриди истифода қарор додани ҳар кадоме аз онҳо, фаъолияти фармоишгаронашон дар дигар иншооти зертавозун муваққатан аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе манъ шуда, назорати он бар уҳдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.
Мӯҳр
Бехона
Раиси мухтарам хамин масъалаи нархро хам чидди дида мебаромадед то мардуми бехона сохиби нимхона гарданд. Илтииимос акалан як шароите фарохам оред то ними маблагро гиранду ними дигарашро дар давоми зиндаги пардохт кунем то аз ичорапули халос шавем.

ичоранишин хобгох
Раиси мухтарм илтиомси калон аз Шумо нарихи хонаро камтар арзон кунед то, ки мардуми камбагал хам сохиби хона шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)