Бахшҳо

Соҳиби тӯй бо “кортеж”-и тӯлонӣ Қаҳҳоров будааст

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи соҳибони тӯйе, ки “кортеж” ё қатори мошинҳои он то 15 мерасиду аз Душанбе то Варзоб касе натавонист, сади роҳи он шавад, санад тартиб додааст.

Як манбаъ аз Кумитаи дин рӯзи 20 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, соҳиби ин тӯй -- Шараф Қаҳҳоров, соҳибкор аз шаҳри Душанбе, сокини ноҳияи Сино буда, алайҳи ӯ дар асоси банди 5-и моддаи 10-и Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба додгоҳ парванда ирсол шудааст. Ба қавли манбаъ, соҳибкори тоҷик дар посух ба суоли масъулини Кумитаи дин, ки чаро ба нақзи қонун роҳ дод, гуфтааст, “ҷавонон бидуни даъват ба қатори мошинҳо ҳамроҳ шудаанд ва чунин ҳолат ба миён омадааст”.

Ин дар ҳолест, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз “рейд”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, “кортеж” ё қатори мошинҳои тӯёнаеро нишон дод, ки ҳудуди 15 мошини гаронарзишро дар бар мегирифт. Масъулини Кумитаи дин дар шарҳи ин рейди худ гуфтанд, дар ҳоле ки дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар ин “кортеж” ҳудуди 15 мошин бо нақзи тамоми қоидаҳои роҳ ҳаракат мекарданду ҳатто нозирони БДА низ натавонистаанд, садди роҳи онҳо шаванд. Тибқи ин навор қатори мошинҳои гаронарзиш аз Душанбе ба тарафи Варзоб ҳаракат намуда, вориди яке аз истироҳатгоҳҳо шуданд.

Яке аз нозирони БДА, ки қонуншикании қатори мошинҳоро диду онҳоро боздошт накард, дар рӯбарӯи дастгоҳи наворбардорӣ гуфт, дар ҷое, ки ӯ истодааст, ҳаққи манъ кардани мошинҳоро надорад. Нозири дигаре, ки дар масири ҳаракати “кортеж” қарор дошт, ба гузоришгарон гуфт, талош намуд онҳоро манъ кунад, аммо якбора се мошин ба тарафаш ҳаракат кардаанд ва натавонист мошинҳоро боздорад.

Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи дин ба “Озодагон” гуфтанд, дар робита ба бетаваҷҷуҳии кормандони БДА, ки дар чунин ҳолатҳо манъ ва боздошти қатори тӯёна вазифаи онҳо мебошад, ба раҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мактуб ирсол шудааст.
Мӯҳр
Офарин. Хоҳиш мекунем аз натиҷааш боз масъулин нависанд ки оё ин соҳибкор ҷарима шуд ё?.... Кумитаи дин корашро кардаст....аммо судя чӣ кор мекарда бошад? ин суол!

Сайдикром
Ин холати маъмули аст хато хайрон хам намешавем,чун,ки ин гуна конун шикани дар маркази шахри Душанбе низ борхо мушохида мешавад.кормандони БДА-и мо гайр аз боздошт кардани афтамашинахои кам арзиш ва фарсударо тафтишу бо хар бахона чарима банди мекунанд....

Agar sohib doshta boshad, yagon gap nameshavad.Yak zang, hama hal. Tashvish nashav, behtarash odami darkoriro yoftan darkor....

Хайриддин,
197, 25 дирам, чарима.

Т Кумитаи дина ранги Тохир Абдучаббор дар соли 93 валантер кардан

Шарафбой
и Шарафаш бо ки бошад прокурор ё суд ё начальник милитция

фарход кахоров
Ин амалу харакат дар нохияи вахдат пай дар пай руй медихад
Ман бо чашми сари худ дидам ки дар туй то 50 мошини кимат рохро дутарафа аз худ карда барои шахбача хизмат мекардандХайриддин,
Хайриддин,

Шахрванд
Дар сарлавха Шараф Каххоров навиштан даркор буд. Дар Тоикистон Каххоровхо бисёранд!

Чи кора ин Каххоров Шараф?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)