Ҷаримаи беш аз якмиллионии “Пекарь” барои ба кор гирифтани муҳоҷири тоҷик
Барои истифодаи ғайриқонунӣ аз нерӯи кории се муҳоҷир, бо шумули як шаҳрванди Тоҷикистон корхонаи нонпазии “Пекар”-и шаҳри Маскав беш аз як миллион рубл ҷарима шудааст. Дар ин бора торнамои Додситонии Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони додситонии байниноҳиявии Никулинов ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аснои тафтиши корхонаи “Пекарь” ошкор кардаанд, дар он се шаҳрванди хориҷӣ бидуни иҷозатнома фаъолият мекунад. Торнамо менависад, яке аз ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки ҷарима шуда ва аз қаламрави Русия ихроҷ гардидааст: “Бо қарори прокурор ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Пекарь” ба маблағи 1,2 миллион рубл ҷаримабандӣ шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |