Раиси вилояти Иванов бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад
Павел Иванов, раиси вилояти Иванови Русия озими Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин сафар Иванов бо раиси ҷумҳури кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ, аъзои ҳукумат ва раисони Суғду Хатлон дидор хоҳад кард. Инчунин дар назар аст, зимни ин боздид миёни ҳукумати вилояти Иванов ва маъмурияти вилояти Суғд дар заминҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника ва фарҳанг қарордод ба имзо бирасад.
Ба иттилои ВУХ, соли 2014 чунин қарордод миёни вилоятҳои Хатлону Иванови Русия ба имзо расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |