Ҳалокати ноболиғи 7-сола зери чархи “ВАЗ-2106”-и ронандаи маст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор бо ширкати ронандаи сархуш хабар медиҳад.
Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, рӯзи чоршанбеи 20 май тахминан соати 18:10, марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ идораи сабукрави “ВАЗ-2106”-ро аз даст дода, писарчаи 7-солаеро зер кардааст.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса дар рӯбарӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Чорёрон”-и деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайвастааст. Ноболиғ аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |