Сафинаи 9-сола барои ҷароҳии дил ба кӯмак ниёз дорад
“Ба духтарчаи хаставу дардманди ман шафқат кунед, саховату эҳсони худро барои наҷоти ҳаёташ арзонӣ доред, вале донед, эй фариштаҳои наҷоти духтарам, ки парвардигори ман сахитар аст ва он хайри Шуморо даҳҳо маротиба зиёд ба Шумо бар мегардонад”. Ин оҳанги кӯмакхоҳии Музаффар Табаров, сокини ноҳияи Ёвон аст, ки барои табобати духтарчааш Сафинаи 9-сола аз кулли шаҳрвандони саховатманди кишвар имдод мехоҳад.
Ин сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, духтарчааш гирифтори бемории “нуқсони қалб” буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад. Ба гуфти ӯ, барои дарёфти кӯмак ба дастгоҳи Иҷроияи президенту Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат кард, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.
Музаффар Табаров афзуд, танҳо ба мардуми саховатманди кишвар умед бастааст: “Пештар як эълон дода будам. Имрӯз дар ҳисоби бонкии Сафинаҷон каме ҳам бошад, маблағ ҷамъ шудааст, вале ҳанӯз барои ҷарроҳии қалби нозуки ин хӯрдакак кифоя нест. Зеро ҷарроҳии дили нозуки ӯ, кори саҳлу осон набуда, як амалиёти ниҳоят ҳассос ва ҳалкунанда аст, ки камтарин хато дар ин кор, бахшиш надорад”.
Падари Сафина мегӯяд, 11 сол ба ҳайси омӯзгор кор кард, аммо бо сабаби камии маош, ки ба хӯрду хӯрок ва табобати духтараш намерасид, корро партофту ҳоло дар сохтмонҳо фаъолият мекунад: “Маблағи да даст меоварда барои рӯзгузаронӣ мерасаду халос. Бинобар ҳамин умедам танҳо ба раҳми парвардигор ва кӯмаки мардум аст”.
БАРОИ ТАМОС: 919-18-14-00 (Музаффар Табаров)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |