Бахшҳо

Душанбе: Сардори андоз барои бӯстонсарояш аз соҳибкор ҷевон пора гирифтааст

Оҷонсии мубориз бо фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсиро, ки ҳафтае пеш бо иттиҳоми фасодкорӣ дастгир гардид, ифшо намуд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ соҳибкорро маҷбур кардааст, ки барои ошхонаи бӯстонсарояш дар ноҳияи Варзоб ҷевони 1500 долларӣ харида, насб кунад. Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки сардори нозироти андоз ва мутахассиси пешбари гуруҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳи тамаъҷуиро пеша намудаанд: "Онҳо барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории шаҳрванд "А", ки бевосита ба доираи ваколатҳои хизматиаш дохил мебошад, бо маслиҳати пешакӣ, ғайриқонунӣ санади қатъшудаи соҳибкориро то 26 январи соли 2015 дар худ нигоҳ дошта, соҳибкор "А"-ро қасдан ба чунин ҳолате гузоштанд, ки маҷбур шуд то барои ҳалли кораш ба онҳо пора диҳад”.

Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, санаи 4 майи соли 2015 соҳибкор "А", бар ивази гирифтани маълумотнома оиди катъ намудани фаъолияти соҳибкориаш, маҷбуран ба талаби шахсони мансабдори номбурда розӣ шуда, барои ошхонаи бӯстонсарои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар ноҳияи Варзоб, воқеъ аст, ҷевони ошхона бо арзиши 1500 доллар бурда, васл намудааст.

Ба иттилои Оҷонсӣ, феълан аз рӯи ин ҳодиса нисбати сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари гуруҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Акси утоқи кории сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ (Манбаъ-саҳифаи фейсбукии Ёқуби Саид)
Мӯҳр
Соибкор
Рустами Эмомали кора махкам бурда истодааст. Худо куваташ тияд.
Як илтимоси ман аз Рустам амин ки аз кафои консули мид шавад. Барои визаи коргаромона кардан нархои меган ки. Чанд коргари хоричиомон баромада рафтан ба сафораташон гуфтанд локин хич фоида накард. Хамин афта коргарои мо рафтанд давлати худошон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)