Бахшҳо

Черевченко: Аз забони тоҷикӣ то ваъдаи ниҳоди Р. Эмомалӣ

Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими футболи “Локоматив”-и Русия мебошад, пас аз гирифтани Ҷоми Русия изҳор доштааст, ки ин ғолибияти дастаашро ба падараш-марҳум Геннадий Черевченко, бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе бахшидааст.

Игор Черевченкои 41-сола пас аз гирифтани Ҷоми Русия оид ба футбол дар мусоҳибааш бо “Спорт Экспресс” Тоҷикистонро ватани хеш ва “Швейтсарияи Осиё” хонда, афзудааст, ки ният дорад, 31-уми май аз Тоҷикистон боздид кунад: “Ман он ҷо зода шудаам. Вале як тафовути хеле муҳим дар миён аст. Он замон Тоҷикиситон қисмате аз Шӯравӣ буд, ки хеле нуктаи муҳим аст. Ба ҳар ҳол Тоҷикистонро дуст медорам. Ин кишвар Швейтсария дар Осиё аст. Он ҷо ҳам куҳ, ҳам дарё ва ҳам сабз аст. Хеле зебо аст. Агар Шӯравӣ аз ҳам намепошид, фикр мекунам, онҷо зиндагӣ мекардам. Бори охир моҳи декабри соли гузашта ба мусобиқаи футбол, ки ба хотири падарам баргузор шуд, ба Тоҷикистон рафтам ва ният дорам 31-уми майи соли ҷорӣ ҳам барои ин мусобиқа ба Тоҷикистон равам”.

Черевченкои хурдӣ изҳор доштааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ барояш ваъдаи кумак кардааст, то мусобиқаи футболи ба номи падарашро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад: “Зимнан, баъди ғалабаи дастаи “Локомотив” аз Федератсияи Тоҷикистон низ занг заданду табрик карданд. Гуфтанд, бо шумо фахр мекунем”.

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Локомотив” изҳор доштааст, ки падараш дар Тоҷикистон дӯстони зиёд дорад ва вақте соли гузашта, баъди даргузашт бархе барои ҳамдардӣ ба ӯ занг мезаданд, аз андуҳ худро дошта натавонистанд ва мегиристанд.

Дар мавриди забони тоҷикӣ Черевченко афзудааст, ки замони зиндагияш дар Тоҷикистон ин забонро пурра мефаҳмид ва фикрашро озод баён мекард: “Дар мактаб забони тоҷикӣ мехондам. Ҳоло фаромӯш карда истодаам. Вале ин забони бисёр муфид аст. Ҳанӯз дар ёдам аст, ки бо тими мунтахаби Эрон дар ҷоми Осиё бозӣ доштем. Бо дӯсти сафедпусту кабудчашмам, ки зоҳиран на ба тоҷику на ба эронӣ монанд буд, ба бозори Теҳрон рафтем. Он дӯстам бо забони тоҷикӣ бо тоҷирони бозор суҳбат кард, ки онҳо шигифтзада шуданд ва зуд нархро арзон карданд. Тоҷикӣ ва форсӣ қариб як забонанд”.

Черевченкои хурдӣ ҷанги шаҳрвандиро далели рафтани худ аз Тоҷикистон гуфтааст.
Мӯҳр
Tojik
Тоҷикӣ ва форсӣ қариб як забонанд - Ин чи маъно дорад?

Tojik,
"Тоҷикӣ ва форсӣ қариб як забонанд - Ин чи маъно дорад?"

Посух
- Он маънои онро дорад, ки бесавод хасти.

Tojik,
Tojik,
Tojik,
Ин гуфтан хост, забонхои дар Эрон ва Точикистон кариб яканд...

Кулябец
Точикию форси харду хар ду як забонанд!! Вакти хамсухбат шудан бо эрони ё афгон ба мо тарчумон лозим хаст??
Ба ин савол чавоб ёфта хулоса бароред!!!!

аз Алловидин пурсидан даркорай, Tojik
яке яке дар шабакаи 1 прикол мекна, барои шумо барино тупое мисли тролейбуси 1.

Неру
Аз Рашид Рахимов дах сару гардан болост. Рашид Рахимов ягон маротиба номи Точикистонро нагирифтааст ин мард бошад аз точикистон ифтихор менамояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)