Бахшҳо

Тасмими парлумон барои гузоштани ҳайкали Президент дар пойтахт

Дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон имрӯз, 25-уми май, ба муносибати “Рӯзи шаҳр” парда аз рӯи тандис ё худ пайкараи раиси ҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бардошта шуд.

Ин аввалин тандиси Қурбонгулӣ аст, ки дар таҳсутуни мармарини 15 метра гузошта шудааст ва дар маҷмӯъ 21 метр дарозӣ дорад. Онро наққоши мардумии Туркманистон, Сарат Бабаев аз биринҷ сохтааст, ки бо 24 карат тилло андова шудааст.

Номи расмии ин тандиси Бердимуҳаммадов “Аркадаг Бинаси” ба маънии “пуштибон”, “такягоҳ” омадааст. Раҳбари давлати Туркманистон дар ин тандис бо либосҳои суннатии туркманӣ савори аспи ахалтекӣ бо дасти рости бардошта тасвир шудааст.

Дар паҳлӯи Қурбонгулӣ кабутаре дар парвоз тасвир шудааст, ки намоди талош барои сулҳ гуфта шудааст. Раиси парлумони Туркманистон, Акҷӣ Нурбердиева, гуфтааст, ки қарори гузоштани ин тандисро парлумон қабул кардааст. Дар он қарор қайд шудааст, ки ин тандис дар пайи муроҷиатҳои бешумори шаҳрвандони Туркманистон, ки “ба сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии кишвар ва дастоварду обрӯи он дар сатҳи байналмилалӣ ба номи президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бастагӣ дорад”, гузошта шудааст.

“Қаҳрамони мо Аркадаг муҳаббат ва арҷгузории мардумро дар симои сиёсатмадори дурандеш, олими варзида, дорандаи донишҳои васеъ дар соҳаи иқтисод, меъморӣ, маориф, илм, тиб, фарҳанг, ҳунар ва соҳаҳои дигар ба унвони ходими давлативу сиёсии даврони муосир ва намунаи хидмат ба мардум ва Ватан таҷассум кардааст”-гуфтааст Нурбердиева.

Барафрохтани тандиси Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ҳолест, ки худи ӯ замони расидан ба курсии раёсатиҷумҳурӣ дар Туркманистон тамоми ҳайкалу нимпайкараҳои раисиҷумҳури собиқи ин кишвар Сафармурод Ниёзовро барканда буд.


Тасмими парлумон барои гузоштани ҳайкали Президент дар пойтахт

Тасмими парлумон барои гузоштани ҳайкали Президент дар пойтахт
Мӯҳр
ПРЕЗИДЕНТЕРО КИ ХАЛК ИНТИХОБ НАКАРДААСТУ ЗОЛИМ АСТ БА ХУД САД ХАЙКАЛ ГУЗОРАДХАМ БАЬД АЗ РАФТАНАШ ХАЙКАЛХОЯШХАМ НЕСТ МЕШАВАД

Магар хамин президент набуд хайкали туркманбоширо вайрон кард акнун Худ кори хамонро такрор мекунад

Бародар
Лекин аз хад гузарондай аз мардумаш шарм накардай аз худо чи

Шумо акл доред, хайкал-памятник ин ёдгорист.Онро ба хотири одами фавтида мегузоранд. Инхо девона шудаанд ба одами солим хайкал гузоранд.

Шохид
Боз меояд ба тахт подшохи дигаре ва барканда мешавад хайкали “Аркадаг Бинаси”

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)