Бахшҳо

Ба маорифи мо медал муҳим аст ё “муассиса”?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

24 медалро соҳиб шудани хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии нимаи аввали моҳи май маро бисёр хушҳол кард. Ва ҳамин тур фикр мекунам ҳар касе, ки мехоҳад Тоҷикистон обод, пешрафта ва мардумаш босаодат бошад, ҳатман хушҳол шудааст. Худо кунанд, ки чунин ифтихорофаринон дар Тоҷикистон бештар шаванд. Ва агар талошу заҳматҳои воқеӣ карда шавад, ҳатман бештар мешаванд. Аммо ин хушҳолӣ як ҷанбаи таассуф ва ноумедӣ ҳам дошт. Ҳеч кадоме аз ин хонандаҳои медалбурда муҳассилини ба истилоҳи роиҷи имрӯз, “муассисҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ё мактабҳои давлатӣ набуданд. Ҳамаи ин медалбурдаҳо ё хонандаҳои литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ буданд ё хонандаҳои Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ва ё Гимназияи “Ҳотам ПВ”. Миёни мактабҳои давлатӣ ва литсейу мактабҳои байналмилалӣ тафовути бузурги сатҳу сифати таҳсил мушоҳида мешавад. Инро бояд ба ҷиддият баррасӣ кард ва мактабҳои давлатиро аз ин ҳолати буҳроние, ки доранд наҷот дод.

Дунёро ду сарват аз буҳрон наҷот медиҳад ва пеш мебарад: яке сарватҳои табиӣ ва дигаре сарвати маданӣ (истилоҳи ҷомеашиноси маъруф фаронсавӣ Пиер Бордюе), яъне маориф. Мушкилоти Тоҷикистон ҳама бояд як сӯ бошанд ва мушкили маориф сӯи дигар. Ин ки маориф муҳаррики асосии ҳама гуна ҷомеа аст ва чӣ нақше дар рушди давлат дорад, аксиома аст ва баҳсу баррасии бештар намехоҳад. Дар Тоҷикистон маориф дар сиёсати давлат “соҳаи афзалиятнок” шинохта шудааст. Вале дар воқеияти ҷомеа ҳамин афзалият эҳсос намешавад, сатҳу сифати таълим ҳам дар макотиби миёна ва ҳам дар макотиби олӣ хеле паст аст. Решаи мушкилоти соҳаи маориф дар куҷост? Суоле, ки ҷавбашро бояд дар медалҳои ҳамасола аз озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардаи хонандаҳои литесейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ бояд ҷӯст. Яъне, чаро як хонандаи тоҷик метавонад дар литсейҳои туркӣ ё мактаби байналмилалӣ бисёр дониши хубро соҳиб шавад ва дар Индонезиву ИМА медал ба даст биовараду вале дар мактабҳои давлатӣ навиштани ариза ва тарҷумаи ҳолашро ёд намегирад? Литсейҳои тоҷикиву туркие, ки аз оғоз то кунун мавриди баҳсҳои бисёр густарда дар сатҳи равшанфикрон ва расонаҳои Тоҷикистон мебошанд. Ҳоло мо бо ҳимоят аз литсейҳои тоҷикиву туркӣ сухан намегӯем, ман ҳам аз радифи онҳое ҳастам, ки бояд фикр ва тафаккури тоҷикӣ ҳифз шавад ва мактабҳои миллӣ рушд дода шаванд.

Ҳатто мактабҳо ва литсеҳои президентӣ дар Тоҷикистон фаъолияти муваффақе надоранд. Ба ин гуфта як иттилояи нашршуда дар торнамои Вазорати маориф ва илм аз натиҷаи олимпиадаи даставии ҷумҳурявии хонандаҳо ва мактабҳои президентӣ далел мешавад. Дар матлаби “Чаро хонандагон омода набуданд?” гуфта мешавад: “Воқеан, баъди натиҷагирӣ кардан, дар баъзе аз фанҳо комиссияи тадорукотӣ бо хонандагон ҷойҳои ифтихориро лоиқ намедонистанд. Ҳатто, аз фанни технологияи информатсионӣ ҳеҷ кас ҷойи аввалро соҳиб нагардид ва танҳо ба як нафар ҷойи сеюмро доданд, ки ӯ аз 50 хол зиёдро ба даст оварда буд”.

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф аз натиҷаи ин олимпиада изҳори нигаронӣ намудааст, ки “дар олимпидаи мазкур дастаҳо дар сатҳи зарурӣ омода нагардидаанд”.

Ин ҳама нишон медиҳад, ки маорифи Тоҷикистон ба баронамарезии ҷиддӣ ниёз дорад ва бояд дар ин соҳа ислоҳоти густарда гузаронд, то аз ҳолати буҳронӣ берун равад. Тамоми талошҳое, ки то имрӯз шудааст, мушоҳида мешавад, ки натиҷаҳои назаррасе нестанд. Бо иваз кардани номи мактаб ба муассиса намешавад мушкилоти маорифро ҳал кард. Бояд таҷрибаи мактабҳои хусусиву муштаракеро, ки хонандаҳояшон дар сатҳи байналмилалӣ медал ба даст меоваранду барои давлат ва миллати мо ифтихор меофаринанд, дар мактабҳои давлатӣ истифода кард. Зеро зарфияти бузурги миллии мо дар мактабҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, ин мактабҳо ҳам бояд дар сатҳе бошанд, ки хонадаҳояш медалҳоро аз олимпиадаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон биоваранд. Ва он гоҳ дар хабарҳо бихонем, ки хонандаҳои “муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои ..... дар ИМА медали тиллову нуқраву биринҷӣ ба даст оварданд".
Мӯҳр
Салом ба ахли илм! Бояд ёдовар шуд, Ки решазан касест, Ки дар даст теша дорад. Ман пешниход дорам Саидов Нуриддинро аз назари или бахогузори карда шавад

Точик
Охир масъулини маориф дар фикри бехбудии сохаи маориф нестанд. Масалан мудири маорифи шахр Факиров ягон зарра хисси гамхори оиди ин масъала надорад ва агар ба пешаш рави хам дуруст кабул намекунад вакте ки дуруст кабул намекунад чи хел пешниходхоро гуш кунад?Ба онхотанхохолати кисахояшон мухим аст на сатхи маориф.

Shahrvand
Omuzgoroni litseyhoi tojiki-turki az soati 7 to 10-i shab active hastand talaba chize nafahmid fursati az muallim pursudand dorand. Muallimon az sidki dil talaba tayor mekunand, monandi digar maktabho ba maktab baroi maosh giriftan nameoyand...

донишчу
устод Иршод суханхоятон сад дарсад чондорад... аммо инчо набояд хонандагонро гунахкор кард инчо аз вазири маориф саркардаги то директорони мактаб масъултарин нафар бояд бошанд. Банда шохиди чандин мактабхое хастам ки хонанда кати директор хамчум дугона ё дусти дерина сухбат мекунад инчо савол мешавад ин хонандагон бо диретор ингуна сухбат мекунанд бо муалима чигуна бошад чашми хонанда аз директор ки насузаду эхтиромашро ба чо наорад пас аз дигараш чи умед.... воиии аз ин мактабхо пулгуира бас накардану накардан кати ин сифати дарстиишон ин пуло ба киссаи ки меравад худат хаирони чун малиму малимахо каие напурси дар холузорашон шишта намеша, ки маошамон камаи.

Доцент
Он олимпиадае, ки Шумо гуфтед байналмилли нест вай як олипиадаи фальшивий аст, ки чандин мощенникхо барои даромади худ ташкил кардаанд. Дар олимпиадаи байналмиллаии хакики то ба имруз аз Точикисон касе иштирок накардааст. Хисоботу таърифу тавсифи сохаи маориф низ ба монанди 1 млн тонна картошакаи Косимов Косим аст.

sanyk
Бисер маколаи чолиби бахс аст. Хакикатан агар тахсилро дар мактабхои бо ном давлати ба дигар литсехо мукоиса кунем, фарк дар осмон аст. Маълум нест, ки бо як кисми ками дорои шароити дар литсейхо мехондагихо мо минбаъд ба кучо меравем. Ба фикри банда сабаби асоси ин дар паст будани маъоши муаллимони мактабхои давлати мебошад. Бисер муаллимони сохибтачрибаро медонам, ки мактабро тарк гуфта дар бозорхо мошиншуи ва аробакаши мекунанд. Маъориф бошад бо маътали халки фаъолияти худро идома дода истодаанд.(А.В.С-маъориф пула бидех) Тахсил на танхо дар муассисахои тахсилоти умуми, балки дар донишкадахо низ дар сатхи бенихоят паст, ки тасавур карданаш дахшатовар аст карор дорад. Муаллимони донишкадахо низ бо дили гарм дарс намегуянд. Хар сол донишкадахоро хазорон хазор навчавонон хатм мекунанд, лекин умуман кор ефта наметавонанд. Беадолати дар таксимоти чойхои кори бошад ба карши аъло расидааст. Бояд аз шумора ба сифат гузарем, ва ба чои хазор касе, ки бо кор таъминаш кардан мумкин нест 10нафар тайер кардан лозим. Маъориф мебояд бозори мехнатро омухта бо имкониятхои мавчуда мутобик карда накшаи кабул ва омузиши довталабонро дуруст тартиб диханд. Боз як чизе дигар хамин аст, ки бисери донишомузон бо системаи шартномави дарс меомузанд, пас чаро сифати дониш ин кадар паст аст. Маъориф кучоро назорат мекунад, падару модаре, ки бо як азобу машакат маблаги шартномаро дарефт мекунанд чи умед дорад. Боки хаволаи хама ба Худо.

Дуруд ба хонандагони озодагон! Биёед мавриди Сухан Аст Сухан кунем. Бемасьулиятии маорифчиен имруз сабаби хар як нокомии чомеаи мост. Мардум аз чи ифротгаро ва аз чи террористу тундгаро мегарданд??? Чавоби мушаххас Аст инчо "бесаводи", Бесаводи аз чист??? Аз фаьолияти кории маориф. Фаолияти маорифро Ки рохбари мекунад?

Маориф
Боракалло, Иршод!
Аммо Шумо фирефтаи нишонхои ба дастоварда нашавед, ба хусус нишонхои литсейи байналмиллали. Ман аз руи донишу талаботи чиянхои сершумору фарзанду наберахои шиносхоям, ки хушбахтона асосан дар литсею гимназияхои хусуси мехонанд, медонам, ки шогирдони литсейи байналмиллали дониши казои надоранд, бинобар чих ел нишоне, ки шогирдони онхо дар кучое нагиранд, барои ман эътибор надоранд, чунки хатто шогирдони панчхонашон он кадар дониши кавви надоранд. Ман намедонам, ки онхо дар кадом олимпиада нишон гирифтаанд ва боз ин кадар зиед, аммо бо ном олимпиадахое хастанд, ки ба хамаи иштирокчиен нишон медиханд ва максади ин хел олимпиадахо асосан забондони аст на донистани математика ва е физика. Ба хар сурат Шумо ба сайти хамон олимпиада даромада бинед, ки ин чих ел олимпиада аст. Баъзан мактабхои гуногуни як ширкат дар ягон чо чамъ шуда , олимпиада мегузаронанд ва табиист, ки ба хотири реклама кариб ба хамаи шогирдон ягон нишон медиханд, то ки шухрати хар як мактаб дар шахри чойгиршавиаш баланд шавад. Агар олимпиада умуман сайт надошта бошад, пас он олимпиадаи хасаки аст.
Аммо дониши дигар литсейхои номбурдаатон вокеан баланд аст, ба хусус дар яке аз онхо дониши шогирдонаш аз дониши хатмкунандагони университет низ бехтар аст.

Акнун савол гузоред, ки чаро дониши шогирдони мактабхои давлати новобаста аз бахои журнал ин кадар паст аст ва чи бояд кард, ки дониши шогирдони онхо низ мисли дониши литсейхои турки е литсейи Хотам шавад? Сабаби асоси набудани мехнати халол, набудани дилсузи ба кудаку миллат, набудани дониши хуб аст. Хушу гуши кариб тамоми кормандони сохаи маориф аз муаллим то ….. танхо ба пулу тухфа аст. Танхо талаботи муаллим камтар ва талаботи зиннахои болои зиедтар аст. Аз инру барои ман арзиши турки халолкор хаз бор аз арзиши хаммиллати фиребгару каллобам зиедтар аст, чунки турк халолкорию дониш меомузонад, аммо хаммиллатам фиребгари, дуругуи ва порахуриро. Бояд дар хотир дошт, ки хеч вакт инсони дуруггую каллоб ватандуст шуда наметавонад ва чунин шахсон ба хотири 100 доллар хам ватанашро мефурушад ва хам худашро. Бинобар шояд вазири турк аз вазири точики ноухдабаро барои миллати мо бехтар бошад. Ба назарам вазорати маорифи мо умуман на танхо тавони баланд бардоштани сифати таълимро дар мактабхои давлати надорад, балки дар ин бора фикр хам намекунанд. Ягона коре, ки аз дасти онхо меояд , то сатхи дониши шогирдони мактабхои давлати паст кардани дониши шогирдони литсейхои номбурда аст. Барои ин кифоя аст, ки онхоро бубанданд, чунки ин кори нисбатан осонтар аст.

Касод ва фалач гардидани Маорифи Точикистон маоши 600 сомонаи муаллими ман аст.

омузгори чавон
бародар Иршод хуб зикр карданд аммо ман як чизро ба устодоне ки дар мактаб хои миёна дарс медиханд гуфтаниям ки дурст аст ки маош муалммон кам аст аммо бояд хар муалимеки ин масулиятро мегирад бояд хаму 600 сомониро халол кунанд ва сидкан дарсдихад баракаташро мегирад базе малимони мо ба арзиши 600 сомонихам кор намекунан агар муалимон хамин корашонро давомдиханд ах сохиби маошашон баланд намешавад

Талаба
Сабаб дар он аст,ки омузгоронро мачбур месозанд,ки таълиму тарбияро яксу гузошта,факат ба савдои либоси мактаби,рузномаву дафтархои вазир ва китобу калам машгул шаванд

sanyk,
Хеле дуруст гуфтед. Гайр аз рн, ихтисор намудани теъдоди мактабои оли дар заминаи муттахидкунии онхо низ такозои замон аст. Барои Точикистон 6-8 муассисаи тахсилоти олии касбии тавоно ва бузург, ки тибки супориши давлати кадрхо тайёр мекунанд, кифоя аст. Дигар хама мактабхои касбию техники бояд бошад, ки кадрхои сохибихтисоси коргари омода созанд. Лекин халли ин масъала танхо бо дахолати таъчилии Хукумати Точикистон имконпазир аст....

муосир
Ташакур барои матлаби навиштаатон. Дарди дардмонхохи чомеаро гуфтед.

Исмоил Гулов
Фикри медалро накунед Шокир Гадоев як зу мега 100медал меора

як фарди ватан
Дар даврае, ки мо бухрони сиёсию иктисодиро аз сар гузаронидем ягона омиле, ки барои аз даст надодан ё нест шудани иктидори илмии мо гардид ин гирифтани пул аз донишчуён гардид. Агар ин омил намешуд хама ба бозор ё ба хорича барои чустучуи кути лоямут мерафтанд. Мисли командаи футболи Помир пароканда мешуданд. Албатта баъзе аз устодон -муллимони мактабхои оли сохиби хонахо ва мошинхои гаронбахо низ шуданд ва мансабхои хуб хам гирифтанд. Дар макабхои миёна бошад маош дар холи хозир баландтар шуда бошад хам муаллимон ва хатмкунандагони мактабхои олии педагоги аз сабаби мавчудияти бозори васеъи алтернативи музди мехнати баланд ба Федератсияи Россия мераванд. Яъне конуни паллаи тарозу, манфиатхои моливи амал мекунад. Дар литсейхои турки ва мактабхои хусуси музди мехнат баланд аст. Илтимос тахлил ва хулосабарориро дар сохаи маориф аник намуда фикрони намоед . ки хизмати хирсона накунед. Донишкадахо зиёд хозир лозим хаст зеро, ки агарчи хатмкунандагон ба кор таъмин нашавандхам барои сатхи тафакури онхо, ташаккули миллат хизмат карда метавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)