Бахшҳо

Аз 6 то 19:00: Реҷаи кории Убайдуллоев барои мансабдорони навтаъин

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ масъалаи наздик шудани мансабдорон ба мардумро ба миён гузошта, реҷаи кории муовинон нави худ ва раисони навоҳии пойтахтро таъин кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 25 май таваҷҷуҳи асосиро ба тақвияти тадбирҳо барои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо равона намуд. Ӯ аз ҷумла рӯйхати қабул ва навбтадории муовинонашро тасдиқ кардааст, ки дар баробари рӯзи корӣ аз соати 17 то 19 ба қабулу ҳалли мушкили сокинон машғул хоҳанд шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои огоҳии мансабдорон аз вазъи воқеӣ дар маҳалҳо ва вусъати корҳои ободонӣ реҷаи кории раисони ноҳияҳо ва муовинони сарпарасти раиси шаҳр дар ноҳияҳоро низ тағйир додаааст. Тибқи реҷаи нави корӣ раисони ноҳияҳо ва муовинони Убайдуллоев муваззаф карда шудаанд, ки ҳар субҳ, ба ҷуз рӯзҳои панҷшанбе, аз соати 6 то 8 боздиди ҳатмии корӣ дар маҳалҳо анҷом дода, оид ба рафъи мушкилоти ифшогардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Реҷаи нави корӣ дар ҳолест, ки ахиран ба мақоми раисони навоҳии Душанбе ва муовинони Убайдуллоев афроди нав таъин гардиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар ҷаласа инчунин муқаррар шудааст, ки шуруъ аз 1 июни соли 2015 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз соати 9 то 12 қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ илова намуд, ки дар ҷаласа инчунин доир ба омодагиҳои ҳамаҷониба ба Рӯзи ваҳдат, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодабарии замин, дастрасии сокинон ба хизматрасониҳо, ҳолати санитарию экологӣ, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои русуми адёнӣ ва таблиғоти бегона, вазъи зиддисӯхторӣ дар шаҳр ва ташкилоту идораҳо, ҳолати наҳру селпартоҳо ва дар доираи масъулияти шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр баргузор намудани “Занги камолот”, аз ҷониби раиси шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Мӯҳр
O Konun dar borai mehnat, Sarkonun chi meshavad, vakte ruzi korii 10-11 soata jori mekuned? Prokratura kujoya nigoh mekunad? Dar hamai vazoratho ahvol hamin....

Хак
Мухтарам Раис ! Вакти кории Хизматчиёни давлати ва дигар кормандоне, ки ба Хизмати давлати мансуб нестанд Хукумати Чумхурии Точикистон дар Кодекси мехнат ва дигар санадхои Конунгузории Чумурии Точикистон муайян кардааст. Шумо шояд ваколати тагйир додани вакти кории кормандонро шояд надошта бошед

Рустам
Пеш худи раисони шахр сахар соати 5-6 шахрро пиёдаву савора давр мезаданд. Ин раиси хозира бо 10 мошини оинахои сиёх аз хона кор ва аз кор ба хона.

Бекор
факат дастуру супориш дихед

Хайр ина пас рафтану дидан дигар чи фоида. Раиси Махаллаи мо аз хозир мардума илтимос карда истодааст, ки муовини Убайдуллоев меояду илтимос ба у хархела савол надихед. Ин ба он хотир аст ки Убайдуллоев худаш хар сол ба кучаи Лучоб мегузарад ва вазъияти роххои харобкардаи Лучобро дида хеч чорае надид ба даруни Лучоб мегузари гуёо дар кундкзи Афгонистон худро медида боши чунон хок у чанги роххо мехезад ки кай гуи ки инчо нохияи синои пойтахт аст. Муовини Убайдуллоев 5 мох пеш ваъда карда буд ки иохи апрел роххои лучобро асфалт мекунад ба фикрам чун харсола мохи апрелро мегуяду солашро харгиз нахохад гуфт яъне мохи апрели соли 2015 ё 2025 хулоса ин соати кориву ину вай факат як афсона. Ба фикрам аз ичборан аз байн бурдани гову гусола мургу харгушу индуки ин мардуми махааллаи камбагал рохои инхоро , ки худи ширкатхои сохтмонии пойтахт бо дастури шахрдори вайрон гардид таъмир мекардед бехтар буд.

муосир
ин супориши чаноби оли буд, ки то хол раиси шахр рузхои шанбе кабул намекардаст да. баъд то раис нахохад муовинон мушкилии мардумро хал карда наметавонад.

Шояд барои вакти иловаги истифода бурдани кормандон ба онхо маблаги иловаги диханд, ки ин гайри конуни нест бародаро ин мард худаш хамаи конунхоро мехонад ва онхоро тасдик мекунанд. Офарин раис!

Ин кадар Раисхо серкорен ,ки 8 соати рузи кори ками кардосу ба 13 соати рузи кори гузаштен-а ?! Хо агар 24 соат хам дар кабине шинед барои иктисодиёт ягон фоидае намешавад ! Бехтараш 8 соат аз дилу чон барои ХАЛКУ ВАТАН хизмат кунен хубтарай !!!!!

Дар кучаи Возех (проезди 2) 3 сол пеш кутти барои трансформатор гузошта буданд. Ним сол пеш трансформатор оварда монданд. Шояд Раиси навтаъини нохияи Фирдавси ин камбудиро бартараф намояд, зеро сокинон чандин сол аст, ки интизори кувваи барки сифатноканд!!

волки кулоби
Райс рахмат барои хизматхои арзандат

Салом ба хама Салом ба Райси Шахр Махмадсаид Убайдуллоев ман дар вакти намозхоям факат дуо мекунам ки Хамеша сарбаланд бошед Худо нигах бонат бошад

Салом ба хама Салом ба Райси Шахр Махмадсаид Убайдуллоев ман дар вакти намозхоям факат дуо мекунам ки Хамеша сарбаланд бошед Худо нигах бонат бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)