Бахшҳо
26 май 2015 15:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вокуниш баъди ду сол: Кадом Ватан? Ҳамин Ватан, ҳамон Ватан

Азиз Сангин, журналисти тоҷики муқими Дания ба матлаби “Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аммо кадом Ватан?”, ки ду сол қабл дар “Озодагон” нашр шуда буд, вокуниш кардааст.


“Шахсе ба гиребони фарди дигаре дармеафтаду силии обдоре ба рӯи ӯ мезанад. Вакте сабаб мепурсанд, посух медихад, ки номаш бароям "нохушоянд" буд. Чӣ авбошии гушношуниде, -мегӯем мо, ҳамин хел не?

Иршод Сулаймонӣ бо гуфтани ин ки "ба хотири Ватан ҷонбозӣ кардед? Кадом Ватан?" ба рӯи ҳазорон, садҳо ҳазор инсонҳое аз қабили ҳамсояи худаш Беков Ҷангӣ, ки дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ алайҳи фошизм хун рехтаанд ва хонаводаҳои онҳо шаппотии обдоре мезанад, чун бо он ба гуфтаи худаш "ихтилофи назар" дорад.

Ҳоло мо бо он ҳама сардаргумиҳои мантиқӣ ва забоние, ки дар ин навишта ҳаст ( аз қабили ҳамин таъбири "ихтилофи назар": шумо метавонед бо шахсе дар мавриде ихтилофи назар дошта бошед, на бо чизе ё иборае ва ғайра), коре надорем. Фақат мехоҳем ба ин суол посух биҷӯем, ки ғараз аз навиштани ин мақола чӣ буд? Муаллиф, мисли ин ки мехоҳад ба хонанда гӯшзад кунад, ки ҳамин истифодаи ибораи "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дуруст нест, боястӣ "Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ" гӯем. Хуб, инҷо, ки ҳоҷат ба "коғаз сиёҳ" кардан надошт, то ҳол истифодаи ҳарду шакл муравваҷ буд, ба Шумо "нохушоянд" аст, истифодааш накунед, "олам гулистон". Не, муаллиф мехоҳад ба мавзӯъ " ҷомаи" фалсафию сиёсӣ ё ба таъбири худаш, "фалсафаи сиёсӣ" пӯшонад, вале дар навишта на аз фалсафа бӯю нишоне ҳасту на аз фалсафаи сиёсӣ. Охир, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, бояд донишу заҳмат ба харҷ диҳӣ, то ҳалво пухта шавад, яъне абзоре, инбисоте дигаргуна мебояд, то мавзӯъро дар он сатҳ ва фазо боз кунӣ, матраҳ намои...

"Ихтилофи назар"-и муаллиф замоне пайдо мешавад, ки ӯ ба таъбири худаш, "моҳияти истиқлол ва худи миллат"-ро шинохтааст. Вале бардоштҳое, ки аз навишта бармеоянд, акси ҳолро бозгӯ мекунанд. Магар касе ки даъво дорад миллатро, шинохтааст, метавонад гӯяд, ки аз фалон сол то фалон соли таърихи ватанамро эьтироф намекунам, чун бо "фалсафаи сиёсӣ" ва " истиқлоли фикрӣ"-и ман "муғойират" дорад. Магар мешавад миллатро, Ватанро дар қаламрави вақту фазо тақсимбандӣ карду пора-пора дӯст дошт?! Магар мешавад Модарро, замоне ки ӯ, шояд таҳти авомилу фишорҳои хориҷ аз иродааш бо шумо номеҳрубонтар будааст, эътироф накарду камтар дӯст дошт?

Ифротгароӣ ва ҳадношиносӣ фақат он нест, ки бо рише жулида ва чашмоне хунгирифта, Калашникове бар дӯш куҳ ба куҳу саҳро ба саҳрои Шому Ироқу Афғонистон бигардию ҳар ки чеҳрааш, номаш ё ақидааш "нохушоянд" буд, “ҳалол"-аш кунӣ. Таърихро бо маҳаки "фалсафаи сиёсӣ"-и хеш табақабандӣ кардан, гузаштаро яксара сиёҳ ё сафед қаламдод намудан, ҳадди эътидолро нашинохтан, муҳимтар аз ҳама, ба ҷойгоҳи Инсон дар қаламрави таърих арзиш қоил набудан низ ғояти ифротгароист...

Сухани донишманди олмонӣ -- Фридрих Шиллер ҳаст, ки "...агар мо ҳақиқатро намебинем ё воруна қаламдод мекунем, ҳақиқат заррае осеб намебинад" Оре, вале мо, худамон чӣ, осеб намебинем?
Мӯҳр
чбв
Иршодчу, шаппотит нав расидастуш. Марак дарвози боша?

Беном
Озодагон! Магар ягон одам пайдо нашуд, ки ин мурдаи гумномро пайдо кардед? Охир ин худаш чи мегӯяду чи мехоҳад ҳеч маълум не. Як вақт тарафдори ҳукуматиҳо буд, якбора худро гуреза карду дар кадом кунҷе паноҳанда шуд. Ҳоло боз мехоҳад зинда буданашро нишон диҳад. Ба ҳар касу ҳар чиз эрод мегираду журналистӣ мекунад. О, ин куҷову журналистӣ куҷо? Вақти мардумро беҳуда нагиред, ба ҷои ин ягон хабар ё ягон мақолаи таҳлилӣ чоп кунед. Вай айба намедонад, шумо ҳам айба фаромуш кардед?

АВВА
Иршод дар бораи хамаи чиз навиштан гирад, лекин дар бораи Чанги Бузурги Ватани бояд ин гапхоро намезад ва наменавишт. Холо зиндаанд он шахсоне, ки дар ин чанг чонбозихо карда буданд. Агар хаминхо намебуданд, немисхо ахлу авлодаша зин мезаданд. Ношукрии ин бача аз хад гузашт.

99
Вали
О ма мегум ки хами Иршодуш бачаи хуб нестай, гапи мара намегире. Аро, и дар "Миллат" буд, чураи дарвозихо буд, "Озодагон" омад, худша чураи Зайд метроша. Максадуш чи боша?чбв,

Ба беном: дар ин дунье хама офаридаи Худованд НОМ дорад. Ягона чизе ки худаш несту ном дорад, мардумамон дагалтар мегуянд, вале муродифаш БОДИ ФАЛАК аст. Ба бод посух гуфтан кори окилон набувад... Бечора, ханузам дард мекаши...Худо осон кунад...

1000000% бо Азиз Сагин мувофикам. Ин баъзе журналистакои нав камтар филалогиро хонда худро кимки метарошан вале дар асл ДОИРАИ НАЗАРИ ТАНГ доранд ))) Журналисти бофахм ки боши аввал аз хамон иштирокчии ЧБВ пурс ки ту дар кадом чанг иштирок карди? Ва ватани ту чи ном дошт?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)