Бахшҳо
26 май 2015 16:05Тоҷикистон / Акс

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз, 26 май аз мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дидан намуда, машқгоҳи ҳарбии куҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкуҳро мавриди истифода қарор додааст.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии ин машқгоҳи ҳарбии куҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии куҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ муҳим аст, бурида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро куҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии куҳии ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад: “Зимни шиносоии раисиҷумҳури иттилоъ дода шудааст, ки дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши тӯлонӣ ва ё доимӣ ва барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳамчунин машғулиятгоҳҳои махсус барои задухӯрдҳои танбатан бо усулҳои гуногун, бозиҳои мухталифи варзишӣ ва ҳам тирпаронӣ аз намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардидааст. Шароити зарурӣ ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ муҳайё аст”.

Ба иттилои манбаъ, дар ин машқгоҳи ҳарбии куҳӣ ба наздикӣ машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин ташкил ва гузаронда мешавад ва рафти онро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мушоҳида хоҳанд кард. Дафтари матбуотии раисиҷумҳур гуфт, дар ин ҷо барои ба роҳ мондани чунин машқҳои васеъмиқёс ҳама омодагиҳо дида шуда, гузашта аз ин, худи ин мавзеъ барои ташкилу гузарондани машқҳои ҳарбии куҳӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳӣ ва аз обу оташ гузарондани низомиён мувофиқ аст.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва куҳнавардии худ васеъ истифода намоянд. Тибқи иттилои манбаъ, раисиҷумҳури кишвар ба масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур додааст, дар ҷойҳои холӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда, дар барқарорсозии ҷангалзор ҳам дар ин мавзеъи зебои баландкӯҳ саҳмгузор бошанд.


Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)


Аксҳо аз сомонаи расмии Президент
Мӯҳр
Ахсан Пешвои Миллат.Бсёр Корихуб Мо Мбояд Армияи Худамонро Бокуват Кнем

Ватандуст
Офарин чаноби оли армияро бо куват кунед

Авал армия дуюм армия сеюм армия бад дигарон танхо армия бояд ба куват башад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)