Сорбони 14-сола барои ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳояш ба кӯмак ниёз дорад (ВИДЕО)

Саидзода Алӣ, як сокини шаҳри Норак аз мардуми саховатманди кишвар барои ҷарроҳии гурдаҳои писараш кӯмак мехоҳад.
Ин сокини шаҳри Норак мегӯяд, фарзандаш Сорбон Саидзода 8 сол мешавад, ки аз бемории гурда ранҷ мебарад ва талошҳо барои муолиҷааш бенатиҷа будаанд: “Як сол дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ буд, аммо ҳеч беҳбудие наёфт ва баъдан ба Маскав бурдам. Ду соли дигар онҷо табобат гирифт. Духтурон гуфтанд, гурдаҳояш дар ҳоли хушкшавӣ қарор дошта, 0,5 дарсад кор мекунад ва ба ҷарроҳии фаврии пайванди гурдаҳо ниёз дорад. Бо сабаби набуди маблағ наметавонем ҷарроҳӣ кунем”.
Ба гуфтаи падари Сорбони 14-сола барои муолиҷаи писараш Ҳукумати шаҳри Норак ҳудуди 3000 сомонӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар 2000 сомонӣ кӯмак кардаанд, ки барои муолиҷаи пешазҷарроҳӣ сарф шудааст: “Ҳар ҳафта як маротиба оварда хунашро тоза мекунам, агар ин корро накунам баданаш варам мекунад ва аз ҳаракат мемонад. Ҳамаи пулҳо барои аз шаҳри Норак мошин кироя карда омадану рафтан ва пардохти пули беморхона сарф шуд, намедонам чи кор кунам”.
Ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои Сорбонро табибон ҳудуди 48820 сомонӣ гуфтаанд. Саидзода Алӣ меафзояд, соҳиби 5 фарзанд буда, зиндагиаш ниҳоят вазнин аст: “Тӯли солҳои зиёд дар Русия кор мекардам, аммо номам ба рӯйхати афроди мамнуъулвуруд афтидааст, то соли 2016 аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрумам. Ҳоло дар ҳар куҷо мардикорӣ мекунам, ҳатто хона надорам, иҷора мешинам”.
Табибон гуфтаанд, бо гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳо писараш ҳатман шифо меёбад: “Бинобар ҳамин аз кулли шаҳрвандони тавонманду саховатманд ва ташкилоту муассисаҳои хайрхоҳ барои муолиҷаи писарам кӯмак мехоҳам. Дигар зӯрам барои табобат намерасад, ҳама дороиамро сарф кардам, дигар илоҷ надорам. Кӯмакам кунед!”.
Нафароне, ки тавон ва хоҳиши кӯмак ба ин хонавода ва Сорбони хурдсолро доранд, метавонанд бо рақамҳои (+992) 900- 120-120, 93-133-34-28, 900-12-01-20 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |