Бахшҳо

Гиряи футболбозони Сурия ва роҳхати “Истиқлол” ба чорякниҳоии Ҷоми AFC-2015

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар қисмати ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 (Конфедератсияи футболи Осиё) 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурияро мағлуб сохта, ба даври баъдии ин сабқат роҳ ёфт.

Вақти асосии бозӣ ҳисоб мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт ва вақти иловагӣ ҳам онро тағйир надод. Довар зарбаҳои ҷаримавӣ муқаррар намуд. Бозигарони “Истиқлол” аз пеналтӣ чор тӯбро ба нишон расонданд, аммо “Ал-Ваҳда” ҳамагӣ ду гол зад. Дар пайи ба нишон нарасидани зарбаҳои 11 метрӣ бархе аз футболбозони дастаи Сурия ашк рехтанд.

Тими “Истиқлол”, ки дар даври интихобии AFC-2015 ҳамроҳ бо “Ал-Қодсия”-и Кувайт, "Эрбил"-и Ироқ ва “Аҳал”-и Туркманистон шомили гуруҳи "С" буд, бо 11 хол дар гуруҳаш мақоми аввалро касб намуда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Мӯҳр
акаи журналист дуруг гуфти неки, истоклол 5 туб ва сурия 3 туб заданд дар зарбаи чаримавии 11 метра. хисоб 5:3. То ин дарача дуруги руирост гуфтан айб аст бародарон журналистон

Иззатбек
Аввало барои ин хабарро пеш аз дигар сайтхо доданатон ташаккур !ЫВале "Истиклол"ба хаштякфинали нею ба чорякфинали роххат гнирифтааст ,хабарро бори дигар хонед.

хонанда
видеои лахзахои гозаниро мегузоштед хуб мешуд мо имкони тамошои ин бозиро то анчомаш надоштем,

Хабар сад дар сад дуруст шарҳ дода шудааст, бе ҳуда мухбирро эрод мегиред. Дар ҳақиқат Истиқлол дар силсилаи зарбаҳои 11метра 4 туп ва Ал Ваҳда 2 туп ба ҳадаф расониданд. Дар мавриди ба 8/1 роҳ ёфт гуфтани мухбир низ инро бояд гуфт, ки мақсадаш баъди мусобиқаҳои гурӯҳӣ буд, на ғалабаи имшаба.

бародар
Haker, хакони аз хамон одамхое хасти кихамавакт ростро монда дуруг мегуи шарм дор. Футболбозони Сурия хакони дар гостиницаи ТОЧ ПАЛЛАС кариб як соат гиристанд хусусан хамон ришдори гол назадаги баъди соати 23 ба хурокхури хам надаромад ужин доштанд ана ин хаст дуст доштани ВАТАН ва футбол соати 02 гирякунон ба фурудгох рафтанд хисоб 4 2

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)