Бахшҳо

ВИДЕО: Корхонаи писари Асадулло Ғуломов аз боҷу андоз озод шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми май ширкати "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал"-ро, ки раҳбараш Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазир, марҳум Асадулло Ғуломов мебошад, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2015 изҳор дошт, ин корхона, ки зимни воридоти техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ аз пардохти боҷи гумрукию андоз аз арзиши иловашуда озод гардид, ба истеҳсоли гипсокартон машғул хоҳад шуд ва дар марҳилаи аввал то 10 ҳазор гипсокартонро дар як шабонарӯз тавлид хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ ин имтиёз ширкатро аз пардохти ҳудуди 4 миллион доллар ба буҷа озод намуд.

Акбар Ғуломов, раиси "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал" зимни баромад дар назди вакилон гуфт, корхонааш дар Ёвон сохта хоҳад шуд ва дар назар аст, давоми як сол ба кор шурӯъ намояд. Ғуломов изҳор дошт, ҳоло 45 дарсади гипсокартон аз Қазокистон, боқимонда аз Чин ба кишвар ворид мегардад ва бо оғози фаъолити корхона Тоҷикистон комилан ба маҳсулоти ватанӣ таъмин хоҳад шуд. Гузашта аз ин, нархи гопсокартон дар бозори кишвар наздики 35 дарсад арзон мешавад: “Аз 10 ҳазор гипсокартоне, ки истеҳсол мешавад, 7 ҳазораш барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ кифоя аст ва боқимонда се ҳазори дигар ба Афғонистон содир хоҳад шуд”.

Ӯ мегӯяд, бо сохта ва ба истифода додани корхонаи мазкур дар марҳилаи аввал 200, дар марҳилаи дувум 150, дар маҷмӯъ 350 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷои кор таъмин мешавад: “Яъне 80% аз Тоҷикистон ва 20% аз Хитой ба кор гирифта мешаванд, ки ҳаминҳо ҳам мутахассисоҳанд ва вақте тоҷикҳо мутахассис шуданд, мо онҳоро ҷавоб медиҳем”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 12-уми ноябри соли гузашта зимни сафараш ба ноҳияи Ёвон ба мавзеи сохтмони ҶДММ "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал" рафта, ба бунёди ин корхона санги асос гузошта буд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур гуфт, ин корхона дар майдони 3,2 га бо иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор дона гипсокартон дар як шабонарӯз ба маблағи 17 миллиону 753 ҳазор доллари ИМА барои 150 ҷои корӣ бо истифода аз захираҳои табиии маҳалӣ ба истифода дода мешавад.


Мӯҳр
Точикистони
Барори кор, Бародар.
Худованд нигохбон бошад!

Рустам
Барои чи аз ААИ (НДС) озод? То чанд сол, гуфта нашудааст. Фоидаш ба ки, ба давлат ку зарар 4 млн. сомони. Ин нодуруст аст. Агар у писари Гуломов намешуд, ягон сохибкоре аз дигар минтака мебуд, то киёмат ин карорро парлумон тасдик намекард.

тарфдор
Бисер гайрат карди бародар лекин дар точикистон бисертар гипсакартони кнауф ро мегирад истесоли казокистон бо технологияи олмони. Намешуд бо олмон хамкори кунед думи хитойро сахт капидед
Мошини мерсадеса бину тангени хитоира худат як хулоса барор бародар
Кимат бе химмат нест
Дар вилояти сугд заводи RC коларо гузоштанд 10 солахо бозор дар дасти хамин ширкат хаст зеро бренди чахони аст .
Коре кардан даркорки сифат чахони бошад.....!Точикистони,
Точикистони,

22
Чонон
Офарин бандаи худо

муродали
Акбар Гуломов барори кор дар фаъолияти сохибкориат бурдборихо таманно дорем.

Фарзанди бо ору номуси падар, доимо сарбаланду фарзанди арзандаи ВАТАН ва ифтихори хонадони падар боши.

Пул тарафи пул меравад. Аз мардуми камбагал мачбур андоз меситонанду шахси пулдора аз андоз озод мекунанд. Ки гуфт, ки нарх арзон мешавад. Оё ин корхона цемент мебарорад ва нархи у аз цементи Покистон, ки ворид мешуд, магар арзон аст? Ба фикрам баракс нархи сементи ватани, ки ин ширкат мебарорад гаронтар мебошад. Аз гипсакартон низ умеди арзоншави накунед. Баракс нарх гарону сифат паст хохад шуд.

Мурги хилола озод кардан, акнун инаша, охир озодии ракобат чи мешавад? Дар ЧТ факат писари АГ гипсокартон намебарорад-ку.

умед
як камбуди дорад. Ба давлат фоида хасту ба халк не. Барои, ки цемент хам мебароранд нархаш ба хамон цементе, ки аз Покистон меояд баробар аст. Арзон намекунанд. Нафс гам мета фоидаи калон мехоханд.

парво накунед,
кадами дуюм ин кнауф воридаш манъ мешавад ва баъд мурда мурда хамин гипсакардонхои бесифати хитоиро бо нархи дилхохашон мехарем

Х
Дар командаи чаноби оли факат падари хамин одам инсони бомасъулият буд, дигархош хамаш кариб лаганбардоранд!
Худованд барори кортон дихад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)