Бахшҳо

Кумитаи амният ҷойҳои будубоши салафиҳоро номбар кард

Амирбек Бекназаров, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаракати салафияро барои амният хатарнок хонда, мавзеъҳоеро дар кишвар ном бурд, ки салафиҳо дар он ҷо нуфузи бештар доранд.

Бекназаров, ки имрӯз, 27-уми май дар мавзӯи “Таҳдиди ифротгароии салафӣ ба суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ” дар Душанбе баромад мекард, салафияро ҷараёни хатарноке хонд, ки бо баҳонаи рӯй овардан ба асли Ислом ва дур сохтани бидъат аз дин, байни мазҳабҳою равияҳои динӣ ихтилофҳо ба вуҷуд меорад.

Ин масъули Кумитаи амният таъкид кард, ки гарчанде давлати Тоҷикистон ҳаракати салафияро экстремистӣ эълон кардааст, ҳанӯз ҳам дар кишвар ҷойҳое ҳастанд, ки салафиҳо нуфуз доранд.

Бекназаров гуфт, дар қаламрави Душанбе салафия бештар дар бозорҳои Корвон, Шоҳмансур, Ганҷина, дар маҳаллаҳои Сурхоб, Қаротегинский, Қазоқон маҳаллаҳои Заҳматобод, Гулистон ва дар маҳаллаҳои алоҳидаи Кӯлоб, Истаравшан, Хуҷанд, Исфара ва Ҳисор нуфуз доранд. Ӯ шарҳ дод, ки омили асосии рӯй овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла салафия сатҳи пасти дониши динию дунявӣ аст. Ба гуфтаи ин намояндаи Кумитаи амният имрӯз ҳудуди 90 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки талоши таҳсил дар кишварҳои исломиро доранд, дониши мукаммали динию дунявӣ надоранд ё дар назди афроди алоҳида дар кишвар таълимоти нодуруст гирифтаанд.

Инчунин Амирбек Бекназаров илова кард, ки бархе аз ҳаракатҳои ифротӣ аз мушкилоти сатҳи баланди коррупсия, набудани ҷойҳои холии корӣ ва муҳоҷират сӯиистифода карда, ҷавононро ба ҷабҳаи худ ҷалб мекунанд.

Бекназаров, ки аз номи Кумитаи амният баромад мекард, дар гузашта роҳбарии мақомоти амнияти Хатлон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшонро ба уҳда доштааст.
Мӯҳр
Шахри
Бозорхоро бандед, ки кор набаранд, о модом .ки хастанд дастгир кунед

Кулябец
Офарин Амирбек! Ягона мансабдори амнияти ки коррупция ва набудани чойхои кориро ошкоро мегуяд!!

Бекназаров инсони комил ва ягона сардори кумитаи амнияти Бадахшон буд ки вазифаи худро дар ин минтака бо натичахои чашмрас ва касбияти баланд ичро намуд. Офарин Амирбег!

ШАРИФ
Офарин бародари Амирбек ахсан!! шумо марди поквичон хамин хел фарзандон бояд дар кумитаи бехатарии милли зиёд шавнд

милатдуст
Кумитаи Амният мо хама сиесати пешгирифтаи хукуматро пурра дастгири мекунем ва хамеша тарафдори сулх хастем имруз аз он хунрезихое ки дар давлатхои араби аст нигаронкунанда аст.Бинобарин аз кумитаи Амният хохиш дорем ки нисбати шоире ки нав пайдо шудаасту максади уро танхо худо медонад хатари ин шоир барои милати точик мисли доиш аст илтимос нисбати шоири игвоангез чорахои катьи андешед

шахрванди милат
Ох мардуми гаправи бесаводи точикистон, салафият чи мазхабай дар кучо тайорашон мекунам? Агар макка ва мадинаро гуеед мазхабашон сунни емом хамбал агар покистон ро гуеед мазхаби шияи рофизи ва чахор мазхаби ахли сунат аст ерон бощад маълум аст шия ва сунни дорад, Ин гапо бофтай яхудай обро гилолуд карда мохи мегиранд. Чавонхоро тухмат набандед масъаларо бо исботи илми хал кунед, Ояти курон ро амали кунед аз олимонатон пурсед. Тафрика бозиро баскунем мисли инки дар мудати кутох мо Чанги шахрвандиамонро фаромушт кардем. Алангааш аз вофчик юрчик сар шуда буд. Файсала бо шумо

Илоҷ
Амирбек ташхис(диагноз)-ро дуруст мондааст,аммо роҳи муолиҷаро нагуфтааст.Ба андешаи ман танҳо бо дастгир кардан мушкилӣ ҳал намешавад.Таълимот дар мазҳаби Имоми Аъзамро оммавӣ кардан лозим то ки ҳар кас тавонад бо далел ба салафиҳо ҷавоб диҳад.Мутаасифона имрӯз ҳамкасбони Амирбек баръакс доираи олимони ҳанафиро танг карда истодаанд.Мабодо онҳо низ пинҳонӣ мисли командири ОМОН шарики салафиҳо набошанд?

О бародарон. Шумо дар баромадхои худ доимо цайд мекунед, ки аз щисоби донишу мафкураи паст ба ин гуруххо чавонон даст мезананд, МАСЧИДЩО БАСТА ШУДА ИСТОДААНД, МАН ФИКР МЕКУНАМ, КИ ИН БАСТАНИ МАСЧИДЩО САБАБИ АСОСИИ ГУМРОХИИ ЧАВОНОН ГАШТА ИСТОДААСТ.
ЯК ПЕШНИХОД, КИ ШУМО МАСЧИДХОРО НАБАНДЕДУ БО ОНХО КОР КУНЕД.
ХАМ САВИЯИ ДОНИШИ ДИННИ ВА ХАМ РАФТОРУ КИРДОРИ ОДАМОН ДИГАР МЕШАВАД.
ОХИР ДАР ЧТ МОДДА ШУДААСТ, КИ ХАРРУЗ ЯК МУЛЛОИ НАВИ ЗИНОКОР БА НАВОР ГИРИФТА БА ХАЛК ПЕШКАШ КАРДА МЕШАВАД, ИНРО БАС КАРДАН ДАРКОР. МАГАР ШАХСОНЕ, КИ ИН МУЛЛОХОРО БА НАВОР НАМЕГИРАНД. БОВАРИ ДОРАМ, ХАМОН ЗАНХОЕКИ ДАР НАВОРХО ХАСТАНД САДХО БОР АЗ ТАГИ ДАСТИ НАВОРБАРДОРОН ВА ТАШКИЛКУНАНДАГОН МЕГУЗАРАНД.

ислом.mail.ru
Ин бадбахтхои алафиро на салафи ки садкаи номи салаф шаванд тайер кардан бар зидди эшони Нурудинчон ва фикр накарданд ки окибад балои чони худамон мешаванд. Ачали ин алафихо Эшони Нуруддин мебошад. Хозир хам дер нашудааст Эшонро истифода баред!

фируз аз Душанбе
Чаро Фарзорро ном нагирифти ки аз кулоб дида дар Фархор салафи пур аст!

Рост мегуед, хамаи хамин салафиву дигар намуди домуллохои навбаромад дар бозорхо пайдо шудаанд.вакте ки бозор медарои гумон мекни ки дар ягон давлати араб боши. ба гайр аз он аз зан то мард сар карда ба китобхои аз кучо овардаги ба хондан машгуланд. ман худам дар корвон шохиди он будам ки як марди куртаэзордор хукуматро хар гапхои носазо медод. барои чи савдогарони мардро бо давлатхои араб мефиристанд. гуфти русхо Вот ето и есть реззультат

хайфи мусалмонии точикон биёяд хамон доиш сари 1ё2 то коммунисначотро гирад бад 99%хама хичобпушу риш мемонад бад хама салафи мешад мебинад тарозу кучош вазнин хамончо худашро мепартояд.хайфи имону ислом бошед точикон

Сари морро аз тан ҷудо кардан даркор. Ҳар ҷое морҳоро ёфта, сарашонро канед. Тан худ ба худ мемурад. Муддате метавонед демократияро як су гузоред. Дидед, Исроил хоки Фаластинро чӣ тавр бехт? Ба ивази ҳар як тири салафиёни ифротии Фаластин як микрораёни он кишварро бо сокинонаш ба хок баробар карданд. Чӣ шуд? Ҳеч чиз! Ҷомеаи ҷаҳонӣ каме оҳу воҳ кард, бо ҳамин моҷаро тамом шуд. Аз ҳеҷ чиз натарсед. Таърихи СССРро ба ёд биёред. Ба ин тоифаи ифротӣ ҳаргиз озодӣ дода нашавад, вагарна кишварро ба садсолаҳо ақиб мепартоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)