Бахшҳо
27 май 2015 12:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дархости Далер аз шаҳрдори Хуҷанд: Маро пеши Ритик Рошан фиристед

Далер Раҳматов, як сокини 20-солаи шаҳри Хуҷанд аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин шаҳр хостааст, барои мулоқоти ӯ бо ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон - Ритик Рошан мусоидат намояд.

Ин дархости ҷаноби Раҳматов рӯзи шанбеи 23 май аснои қабули шаҳрвандон аз сӯи шаҳрдори Хуҷанд сурат гирифтааст. Далер Раҳматов дар як тамоси телефонӣ ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “дархост аз Раҷаббой Аҳмадзода ин буд, ки маро барои вохӯрӣ бо ҳунарпешаи шинохтаи “Bollywood” Ритик Рошан, ки хеле шахси наҷибу хоксор аст, ба Ҳиндустон фиристад”.

Аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба “Озодагон” гуфтанд, Раҷаббой Аҳмадзода ба шахсони масъул супориш додааст, то ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намоянд: “Дар ин мактуб хоста мешавад, аз рӯйи имкон барои амалӣ шудани орзуи ин бошандаи Хуҷанд, ки маъюби гуруҳи якум аст, мусоидат гардад”.

Далер Раҳматов худро мухлиси ашадии Ритик Рошан медонад ва мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ орзӯи мулоқот бо ӯро дорад: “Пас аз амалӣ гаштани орзӯям, дар маркази маъмурии Суғд - шаҳри Хуҷанд, як консерти вижаи худро таҳти унвони “Меҳри модар” доир хоҳам кард”.

Ӯ меафзояд, Ритик Рошан ягона ҳунарманди Болливуд нест, ки ҳунарашро меписандад: “Мухлиси Шаҳид Капур ва Акшай Кумар ҳам ҳастам”.
Мӯҳр
ы
Хуб содда будаи Далербой. Ачоиб ки 20 сола хасти.

Ritik
Ana gapu mana kor, hijobu rishu masjid zarar va hatar dorad ba jomea ana haminhel odamparati karda garded aknun. Bisyor kumaki hub meshavad

Хуршед
эээхх Далер Далер! Ягон проблемаи дигарата хал кун. Ритик ка парвои туро дорад?!!!!!!!!1

хакгу
То ба мулокот бо Ритик мусоидат кардан ягон донишчуи фаол мусоидат кунед ки аз хиндустон ягон навигариро омухта биеяду дар точикистон онро амали кунад ба фикрам хазорхо маротиба хубтар аст. Солимхоро акалан хуб тарбия куне .....

Ман аз рангу руи ту безорм чура . Ту пулталби меои назди ман медонам. Манро ки чехраамро дидан хохи дивидиро мон дидангир, ман пули зиëдати надорам ки бо барои тамошои ту хам кино кунам хам боз ои пул дихам. Нав ба наздики Салмонхон ки худ хинди аст пул талаб кард надодам. Илтимос наойи пешм ки кризисда хдм бепул шидам....

Ритик Рошан
ljkvkkkjfkkjsdfnksjdfkssdneiowiekpwoeekfffdkjjfksjjjnvvvvvvvm,,,mcvv,
Тарчума: Хаз рангу рруууяят безорам, нав Солманро аз турма баровардем. Тобистони га биё. Хай му му Гудбай

Кулябец
Далер содда нашав!! Ту мусалмон хасти! Хаваси хач кун . Хаваси хонд

гарми
Илтимос аз бачахакои боло, Маро ба назди ченефер лопез рои кунед. Як чахон ташаккур!

Meхмон
гарми,
гарми,

Далер аз раиси шахр хохиш кун, ки барои дидану Ритик неву барои дастгирии маъюбону бесарпарастон кумак намояд ва хамчунин ба ту хамаи
колексияи сд-хои Ритик ва Манчинаро такдим кунад.

Ба чои Риттик Приянка Чопра гуи намешуд беакли чи???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)