Бахшҳо

Қубодиён: Келинҳо хушдоманро зинда сӯзонда, гуфтанд гум шудааст (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду келини як хонавода дар ноҳияи Қубодиён хабар дод, ки хушдоманашонро ба қатл расонда, ба пулис гуфтаанд, ӯ гум шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, моҳи январи соли равон наздикони Норгул Азимоваи 56 сола, сокини ҷамотаи деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён оид ба бедарак гардидани ӯ ба ШКД-и Қубодиён муроҷиат кардаанд. Манбаъ мегӯяд, наздиконаш гуфтаанд, Норгул Азимова гуиё шоми 26 ба 27-уми декабри соли 2014 ба самти номаълум рафта, ба ҳамин бедарак гардидааст: “Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки Норгул Азимова бедарак не, балки бо як бераҳмии махсус аз ҷониби келинҳои хонадон ба қатл расонида шудааст. Ду келини Норгул Азимова бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ нақшаи ҷинояти кушторро кашида, бо истифода аз офтоба ва санг ба сару руй ва тани Норгул Азимова задаанд”.

Дар гузориши видеоии омодакардаи дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ келинҳо тасдиқ мекунанд, ки хушдоманашонро бо офтобаву санг зада, баъдан ӯро оташ задаанд. Яке аз келинҳои ин зан ҳолати лату кӯбу хушдоманашро чунин шарҳ дод: “Аввал якто задам, баъд бо санг дар сараш задем, беҳуш шуд, берун баровардем. Ба чуқурӣ партофта, баъд Сафаргул бензинро дар болояш рехт ва зажигалка алов зад. Хушдоманам аз ҷояш хеста ин пара он пара худашро мепартофт”. Ба иттилои манбаъ хокистарро келинҳо ба дарё андохтаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, аз рӯи ин ҳолати куштор, ки дар чанд соли охир ҳамто надорад, додситонии Қубодиён парвандаи ҷиноӣ кушода, муттаҳамон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.


Қубодиён: Келинҳо хушдоманро зинда сӯзонда, гуфтанд гум шудааст (АКС)

Қубодиён: Келинҳо хушдоманро зинда сӯзонда, гуфтанд гум шудааст (АКС)
Мӯҳр
Лекин боваркунед дустон ба чанд хушдомани ганда дарс мешавад

шахси бегараз
тоба тоба тоба худованд аз инхели келинхо дар панохаш нигах дорад. ин шавхарони беномуси ду келин дар кичо буданд ки катли модарашонро аз дасти занхояшон хабар надоштанд.

сино
Лаънатиҳо,дузахиҳо Аллоҳ шуморо дар оташи дузах ҷовидон бимонад.

Сочида
Хазор лаънат бар хамин хел кленхои берахм

"додситонии Қубдодиён"-оё мо хамин хеш нохия хам дорем? Қубдодиён не, Кубодиён

Инхоро бояд хукми катл диханд, лаьнати Худо ба хардуяш

хакгу1505
Ин келинхоро хам сузонед то ки барои келинхои дигар дарс шавад. Бо мухочират дар инчо накши мухим бозида истодааст. Эй хукумати точикистон аз паси ришу сатр нашуда мардумро бо чои кор таьмин кунед вагарана холатон руз аз руз бад хохад шуд....

холид
базар собир
дар бораи инхо хам шеьр навис!!!!
Е ту бечора факат бо ислом душмани дори
бехабар аз он ки ленини маьбудат хам натавонист ба ислом заррае халал расонад
Хори Яшами афлоки!!!!

Марям Назарова
Худочон зан Модар аст наход Модарро сузонанд инхо одам нестанд аз вахшихохам бадтар рухи хамон Модар ин золимахоро занад нафрат дорам .....

Одил
Худо рамат кунад ин модарро Аку мебинем Бозорбой Собири дар ин казиа чи тври шер менависад шояд Ах бари ин бозор гуяд Озодагон илтимос чопкун

Фарход,
ты придурок !!!! у тебя нет мамы ? Тупые и жестокие невестки их тоже надо жечь...пусть почувствуют боль на своем шкуре.

Бахудо ки одам дига ай келин гири метарса.неки я савол охи вай гум шидай? Бад ай кучо фахмиден ки келинхояш и кора кадиян???

шарт нест
шояд аъзои гурухи давлати исломи бошанд

Хохарони лакайтабор аз хад зиёд гузаронданд. Хол он, ки онхо хам модар хастанд. Фаркаш не келин, хушдоман, афсус, зан дар Осиёи миёна хусусияти хос дорад ;

Tojik
Фарход,
Dar haqiqat baze khushtomanora hamitari kardan darkor! Az onjumla kjhushtomani manro. Jonsha bigirand ki digar rangu rushro nabinum.... Davi davi zindagim baroi khonai khudum hamasha u khonash mekasha......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)