Бахшҳо

Шарти раҳбарияти “Умед 88” барои созиш бо “Пайк”

Раҳбарияти ширкати “Умед 88”, ки бо ҳафтаномаи “Пайк” вориди як баҳси додгоҳӣ шудааст, имрӯз, 29-уми май бо баргузории як ҳамоиш эълон кард, ки омодаи созиш бо ин нашрия мебошад.

Маҳбуба Юсупова, муовини раиси ширкати “Умед 88” изҳор дошт, ки хостори шиддати ин баҳс нестанд ва омодаи созишанд, ба шарте агар “Пайк” дар доираи талаботи қонунгузории кишвар ҷавоби онҳоро нашр кунад. Юсупова дар идомаи шартгузориҳояш илова намуд, ки инчунин “Пайк” бояд барои нашри иттилои нодуруст дар мавриди ширкати “Умед 88” узр пурсад.

Масъулини “Умед 88” таъкид карданд, ки дар ин сурат омодаанд, аз даъвояшон барои рӯёндани 60 ҳазор сомонӣ аз ҳафтаномаи “Пайк” даст кашанду аризаашонро аз додгоҳ бозпас гиранд.

Баҳси ширкати “Умед 88” бо ҳафтаномаи “Пайк” дар пайи нашри матлаби хабарнигор Шарифхони Тағоймурод зери унвони “Бозор ё Умедчик-88 хатар эҷод мекунад” сар задааст, ки 22-юми апрели соли равон чоп шудааст. Масъулини “Умед 88” ин матлабро таҳқиромез хонда, бо як ариза аз додгоҳ хостаанд, то аз муаллиф10 ҳазор ва аз нашрия 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн рӯёнда шавад.

Ахиран як гуруҳ аз хабарнигорони минтақаи Кӯлоб вобаста ба қазияи баҳси додгоҳии ширкати “Умед-88” ва ҳафтавори “Пайк” изҳороти муштарак нашр карда, таъкид намуданд, ки суффикси русии – чик дар ягон давру замон таҳқирӣ набуд, балки суффикси навозиш аст.
Мӯҳр
.
Агар Пайк узр пурсад шармандаи олам мешавад. Хама мухлисонаш аз у руй мегардонанд.

вахахахахахахахахахахахах хандонден дя! Шарм дорен умед88 а вай хукукшиноси номитон кани Баллаев? чи замона шуд? на шарму на ягон одамгари мондаст дар мардуми мо! ба рохбарияти умед88 инро гуфтаниям ки камтарак инсофу адалот доштан дар кор! на хама мардум аз шумо метарсад, ранги хамара суду маблаг мебанден ин коротон намегузарад дигар! Баллаевчик капат дуд кард чи бо Махбуба ба чот баромад карсодай!?

Шармандаги ин тухмат кардану посуххои бардуруг навиштанаст, на ин ки барои тухмату посуххои бардуруг бахшиш пурсидану узр хохи кардан, ...
Барои шарманда нашудан бузургон гуфтаанд:
Аввал андеша баъд гуфтор, ...

Салом Точикистон! Манам Балаев! Ба хеч кучо нарафтам. Рахмат барои сханони хубат. Зик нашав ман дар хаминчоам. Хар кас аз худо тарсад на аз мо. Мо як бандаи хокием. Касеро низ тахдиду суд накардаем. Суд, макомоти суди мекунад, на мо. Тухмат кардан осон аст. Агар эъроде дошта боши ман ба гуфтугу тайёрам. Манро аз утоки кории "Умед 88" меёби. Медонам ки манро хуб мешиноси. Рахмат барои хукушиноси номи гуфтанат. Хурсандиовар аст, шахсе, ки туро чашми дидан надорад, аммо касбиятатро эътироф мекунад. Чавонмард будан даркор аст, на мисли шагол акос зананда. гапе дошта боши мархамад, ман ба диалог тайерам.

Умедчон
Ба Худо касам ба умед88 ягон алокаманди надорам, хамту хамномам. Маро низ матлабхои баъзе журналистони чалла савод ба хайрат меорад. Агар хамин рузноманигорро Шарифхончик гуем у намеранчад??
. Камбудиро ёфти мархамат танкид кун, факат мардонавор бе масхара.. Хами журналистика ягон этикаи муошират дорад??!!...

исми мустаор нест, Ахмади Иброхим хастам. Ба Мухаббатшо гуфтаниам, ки баъди хело "ман" "ман" гуфтан "объект"-ро ба утоки кори даъват кардан чи маъни дорад? Яъне биёяду бубинад, ки ту чи кадар зур хасти? Баъд гуфтаед, ки Пайк бояд бахшиш пурсад. Хафтавор гунохе накардааст, ки аз касе узр пурсад. Хосса аз ширкате, ки чони мардуми як минтакаро дар хатар андохтааст. Ман то хануз ба касе нагуфтаам, ки дар хукумати шахри Кулоб карор дар бораи сохиби он замин будани шумо мавчуд нест. Замин то хануз ба Шарбат дахл дорад.
Пайк то зинда аст аз касе наметарсад. Моро нобуд кардан мумкин, аммо тарсондан аблахист. Мардбача ракибро ба утоки кори даъват намекунад балки...

Ба Пайкаки кайкак, гуфтанием, ки як бор части малахак, ду бор части малахак, охир ба дасти малахак. Умед 88, мардед, офарин. Ин Пайкаки кайкакро Шумо дар чояшон нашиноне, хамаро аз чон безор кардаанд. Охир озодии сухан гуфта чизе хохи навиштан мегири магар? Озодии сухан хам, хаду дудуд доштагист. То кай мансабдоронро тахкиру шантаж мекунанд. Мансабдорони давлати ки аз вазифаашон метарсанд (чунки агар мубориза баранд бе пурсиш аз вазифа озодашон мекунанд) чизе гуфтан наметонанд. Ин умед 88 мансабдори давлати нестанд, ва нишон метиян.

Офарин Умед 88. Агар мисли Шумо одамон ин Пайкаки кайкакро дар чояш нашинонед, хамаро бо тухматхояшон безор кардаанд. Охир озодии сухан хам, як хаду канор дошт. Ин кайк аз ягон чиз ибо накарда чизе хохад ва чихеле, ки хохад менависад. Инхо гапхои кучагиро ба хотири чалб кардани харидорон менаисанд. Ягон асос ва далел дар маколахошон нест. Шарифхони мардикори русхо бошад аз дур мисли аккос мезанаду худро русидон гуфта тахкир хам мекунад. Э мард шав! Мардигариро аз Умед омузед, ки аз бахри чарима гузашта аз Шумо барои дуруг гуфтанатон бахшиш пурсидан ва радия чоп карданро талаб кардааст. Шумо киед. Он одамоне ки Шуморо бах бах карда истодаанд, аввалин шуда, шуморо мефурушанд.Журналист нашуда ҳайфи

Умед
Баъди даъвои ширкати бонуфуз, ки аз хабарнигорон мехоҳад пул гираду барояшон мушкил созад аз номи худам Умед аст шарм медорам.
Ширкатҳо пули калону бедарди миён гирифтанда одат кардан, ин хабарнигорон заҳмат мекашанд, кор мекунад дилсузи мардум ҳастан.

Запрафтикои азиз аз чик пик гуфтан хафа нашед, агар хами запрафкаи шумо пеши бозори кулоб талпада рост кардед кафад аз сари хамамон мемона. Як канор боша ин гапи дига. Чик ука гапе неки хафа шед. Шумо пул доред ин чик ба кори шумо халал намерасонад.

Шерчик
аккос мезаниву пушти исми мустаор пинхон мешави. Гуш кун, ту баринхо хеч гох озод набуданд ва намешаванд. Хамин тавр дашном медихеду бо "кавос"-и гирифтаатон кайф намекунед. муттахам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)