Бахшҳо

Афсари гумроҳ ё буҳрони арзишҳо дар Тоҷикистон

Далер ҒУФРОН, махсус барои “Озодагон”

Бо дидани саҳнаи даҳшатбор дар хусуси ба гурӯҳи, ба истилоҳ, «Давлати исломӣ» пайвастани афсари воломақоми ВКД Гулмурод Ҳалимов андешаи маро чанд нуктае фаро гирифт, ки зикри онҳоро қарзи шаҳрвандии худ донистам:

Дар тиҷорат як қонуни муҳимест, ки онро «арзишофарӣ» меноманд. Яъне барои он ки молат харидор дошта бошад, он бояд арзишеро ифода кунад. Яъне ба дарди касе даво бошад, ҳоҷати касеро бароварда созад. Дар ҳолати набудани ин арзиш, он маҳсулот нолозим хоҳад буд.

Ин қонун на танҳо дар тиҷорат, балки дар ҳама соҳаҳо корбурд аст. Дар мисоли далели гароиши як афсари воломақоми ВКД ба гурӯҳи террористӣ, аввалин қазовати банда ин буд, ки ӯ ба буҳрони арзишҳо рӯ ба рӯ шуда, дар ниҳоят интихоби даҳшатбореро ҳамчун «арзиш» ихтиёр кардааст.
Ҳоло мусибат танҳо сари иштибоҳи як афсар нест, балки банда итминон дорам, ки имрӯз дар ҷомеаи мо инсонҳое бо чунин ақидаҳои хатарзо кам нестанд.

Зиёда аз ин, ба боварии шахсии инҷониб, бо он бунёди заъифи маънавие, ки мо дорем, ҳадди ақал ҳар севвумин шаҳрванди кишвар зери таъсири андешаҳои ғалат ва ифротӣ осебпазир хоҳад буд.

Агар амиқтар назар андозем, ин масъала пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба мизони маърифати ҷомеаи мо печ мехурад, ки зарурати бознигарии куллии низоми маорифу фарҳанги миллиро ба миён гузоштааст.

Махсусан илми таърих, ки василаи муассири эҷоди андешаи миллӣ дар зеҳни наврасон аст, дар муассисаҳои таълимии кишвар аксаран беҳунарона омӯзонида мешавад, ки аз моҳияти аслии он наврасону ҷавонон бебаҳра мемонанд.

Яъне эҳсоси ифтихори милливу ватандорӣ, ки бояд ҳанӯз дар мактаб эҷод шавад ва минбаъд ташаккул ёбад, аз ибтидо хушк мегардад. Воқеияти нангин ин аст, ки бо вуҷуди доштани таъриху фарҳанги бой, мо натавонистаем аз моҳияти он дар замони нав ҳамчун меҳвар ва сарчашмаи аслии кору зиндагӣ истифода бубарем. Ва агар миллате бо чунин фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумул ва бо чунин ҳуввияти устувору ташаккулёфта дар баробари як андешаи бебунёди ифротгароӣ худбохтагӣ нишон диҳад, ин шармсориро на таърих ва на Худованд нахоҳанд бахшид.

Вақте вуҷуди инсон аз арзиши меҳварӣ – ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бебаҳра монд, гаравиш ба ҳар самтеву роҳи дигар барои ӯ як интихоби оддӣ ва ҳатто (шояд) «роҳи наҷот» хоҳад буд. Зеро инсони гумроҳ аз ҳар фурсате роҳи наҷот меҷӯяд.

Ва муҳимтар аз ҳама, на танҳо дар мактаб, балки дар ҷомеа (дар ҳама сатҳҳо, махсусан дар мақомоти давлатӣ) низ бояд арзишҳои аслии маънавӣ, инсонӣ ва миллӣ (давлатӣ)-и мо дуруст маънидод ва арҷгузорӣ шаванд.

Ҳар як инсон, махсусан хизматчии давлатӣ, таърифи дурусти рисолати худ, ҳайсияту ҷойгоҳ ва ормонҳояшро дошта бошад. Зинҳор ҷаҳони ботинии ӯ бо воқеияташ дар набард набошад. Яъне ҳарфи дили ӯ бо амалаш созгор гардад. Қоноатмандии рӯҳӣ, маънавӣ ва модиро ҳосил намояд. Ин аст роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз хиёнату тавтиаҳои замона. Вагарна, шунидани ҳар хабари шуме мисли амалкарди ин афсар дигар ҳеч ҷойи тааҷҷубе нахоҳад дошт.

Бояд сароҳатан гуфт, ки баҳси аслие, ки полковники машкук ба вуҷуд овардааст, вобаста ба ҳамин арзишҳо мебошад. Дар зеҳни ӯ ҳоло аз ҳеч муқаддасоти милливу давлатие осоре намондааст. Аммо ба ин нуктаи ҳассос, ки ӯ миллатро танҳо аз ислом иборат медонад, суоли мантиқие пеши назар меояд, ки чаро миллати араб, ки аксаран мусалмонанд, дорои 23 давлат мебошанд? Ҳама араб – аксаран мусалмон, аммо 23 давлат!!!

Аз ин рӯ, новобаста аз он, ки банда худро бо ифтихор мусалмон медонам, аммо мафҳуми «миллати ислом»-ро ҳамчун сарзамини воҳид (ва ё хилофат) дар замони нав устура мепиндорам.
Мӯҳр
Дӯсти Шумо
Салом, бародар Далер.
Талош кардед, ки фалсафамаобона нависед, аммо муваффақ нашудед. Зеро худи Шумо гирифтори буҳрони арзишӣ мебошед. Ин гуфтаро ҳамин навиштаатон тасдиқ мекунад.
Бародари азиз "арзишофарӣ" барои тиҷорат мафҳуми ғарибест. Зеро, ба дӯсти донои мо маълум бод, ки ин мафҳум хоси моддиёт нест, онро намешавад, ба тиҷорат рабт дошт...
Дӯсти гиромӣ, дар ҷумлаҳои баъдиатон худатон то ҷое ба "арзиш" наздик суҳбат мекунед. Ва нишон додед, ки он чист. Таърих ифтихорофар нест, ки ин баҳси дигар аст.
Гулмурод Ҳалимов гирифтори буҳрони арзишӣ нест. Барои ӯ арзиш ҳамоне аст, ки аз пасаш рафт. Ба ин масъала чунин бархурд кардан соддалавҳист.
Ниҳоятан, нуктаи муҳими Шумо дар бораи арабҳо. 27 давлати арабӣ ба ин баҳс чи дахле дорад!? Камтар мантиқ ҳам даркор))
Бо ҷумлаи охиратон мусалмон буданатонро зери суол бурдед, агар имкон дошта бошад аз ягон домуллое ки азаш эҳтимро қоил ҳастед, маслиҳат пурсида, тавба кунед ва аз нав калима арза кунед, бародари меҳрубон!

pop
Чи навишти? нафахмидам! Сабкатро иваз намуди, тахлилро фаромуш карди Далер! Мефахмам! Инсоне, ки дар ду сархати аввали навиштааш фикри худашро мехохад шарх дихад бояд дигар ягон калима нанависад!

сино
Худат дури барои фаҳмидани суханҳои Гулмурод.

Хеле хуб ва мантики. Офарин Далер!
Факат ба "амиқтар назар андӯзем" эрод хаст, чун назарро меандозанд, на "меандузанд" (андухтан - чамъ кардан, гирд овардан аст).

Дӯсти Шумо
Чаро навиштаам чоп нашуд?

Бояд вазири мвд оставка дихад ин чихел давлатдори охир..

Чиро аз зикр кардани номи ДИН хазар доред? О, он арзишхое шумо номбар кардаед, чои дину имонро намегиранд.

хакгу1505
Далери....
Тка фалсафа хондию тамом. Лекин маьлум аст ки матнта хеле хуб омода кардаанд. Ба нагуфтики барои ин матна навистан чанд сомон расход карди? Баьд ин ки хайфи пули расход кардагит. Суханот ягон маьне надорад. Маьлум мешат ки котибаат пула гирифтаю мехнати хало накардай. Аз як чихати дигар гирем доно будаст котибаат. Барои он ки чени донишат навистай матнта

Далер! Агар нависӣ ягон чизи дуруст навис, агар натавонӣ ба ҳамон бизнесу журнали Элитаат, ки ҳамааш акси занони нимурёну рекламаи сафоратҳои ғайридемократӣ ё тоталитарӣ (Туркманистон, Арабистон, Эрон ...) ҳаст машғул шаву пул ба даст овару зиндагита тенҷ кун. Муқоиса кун ин мақолаи беарзишатро бо навиштаҳои дӯстат Иршод. Ин чӣ сабк аст охир? На мантиқ дорад, на забони соз дорад ва на ҷуръат! Соз навис, боҷуръат навис. Ман кайф кардан он тараф ҳатто аз фалсафабозият нафратам омад. Ман то ҳол аз ту янгон чизи ҳалол нахондаам. Бовар кун. Дар Азия+ ҳам корат ҳамин буд. Аз чӣ метарсӣ? Аз гунҷишк тарсӣ арзан накор охир! Наметавонӣ ё метарсӣ нависӣ, пас .... ҷимака шин. Инхели мағзобаҳоро нанавис!

Мусалмони Точик
САЛОМ! МАН НАФАХ,МИДАМ ШУМО ДАР БОРАИ КАДОМ АРЗИШХ,О СУХ,БАТ ДОРЕД? ШУМО ТАМОМИ МИЛЛАТРО МАСК,АРА ПИДОШТЕД, ИН КИ ЯК ФАРДИ ОДДИ НАБУД ВА ЯКЕ АЗ ШУМО БУД ВА ДАР БАЙНИ ШУМО БА К,АВЛЕ РУШД ЁФТА БУД, АММО АЗ СИЁСАТИ БАД ВА НОЧ,ОЙ ШУМО БА ИН РОХ, РАФ.
ВА АЗ ШУМО Х,ОХИШ ДОРАМ, КИ ЯКБОРИ ДИГАР ДАР БОРАИ АРЗИШХ,ОИ МИЛЛИИ ТОЧ,ИКОНИ МУТОЛИА КУНЕД, ДИГАР ТАЛОШ БАРОИ САФЕД КАРДАНИ ИН Х,УКУМАТ ВА Х,УКУМАТДОРОН НАКУНЕД. ИН ПОЛКОМНИК ДАР БАЙНИ БАДУ БАДТАР, БАДРО ИНТИХОБ КАРДА АСТ.

МО БОЯД ДАР ИН ЛАХЗАХО АКЛИ ХУДРО ХУБ ИСТИФОДА КУНЕМ ТО ГУНОХЕ НАКУНЕМ КИ НО БАХШИДАНИ БОШАД.
МО ДАР БОРАИ ИН ШАХС Г. ХАЛИМОВ ЧИЗЕ ГУФТА НАМЕТАВНЕМ ЗЕРО ХОЛО ХЕ ЧИЗ МАЛУМ НЕСТ КИ У ЧАРО ИН РОХРО ГРИФТА.МО ТАНХО АЗ ОН НАВОР ГУФТА НАМЕТАВОНЕМ КИ ИН ХАКИКАТ АСТ ЗЕРО ИН ЗАМОНИ ТЕХНАЛОГИЯ АСТ!ИН ФИКРИ ШАХСИ МАН АСТ!
АЗ ХАМАИ ШУМО ХОХИШ БА АКИДАИ ХАМДИГАР АРJГУЗОРЕД!

Кулябец
Далер бисёр харакат кардаи ки худро олим, фалайсуф тароши . Аммо афсус ки тарошаи лаби бомро мемони!! Ман хайронам, чаро мушкилоти халкро бо чунин обу ранг наменависед? Чаро наменависед, ки дар Точикистон аз 100 % - 5% мусалмонанду тамом дигархо хама мунофиканд?
Ё наменависед, ки хама мусалмони забонианд?
Хама, хам муфти, хам коркунони хукумат, хам журналистон, хам Эшонхо, хам Хочихо мусалмони забониед!!! Дар бозорхо риш монда руирост мардони бузбала матоъ фурухта фиреб мекунанд ё хурока фурухта!
Мухочирон хам аз дин кариб ки дуранд . Бисёраш аракхурию зино карда мегарданд. Ба 5% мусалмонон ки дохил мешаванд: -Он шахсоне ки на бозор мешинанду на амри маъруф мекунанд. Хомушона ба дехкони машгуланду нони халол хурда ибодати Аллохро мекунанд .
Дигархо хама дар фикри фиребу худнамои!! Шумо хам Далер инчунин хастед! Хафа нашавед, хакикат талх аст!!

Вакте инсон ба шикасти арзишхо ру ба ру мешавад, ин танхо маънои онро дорад, ки у дигар вучуд надорад. У дину аъмол ва хасти худро бифрухт.

АнтиТаҳлил
Ин чӣ буд? Фикр, дидгоҳ, таҳлил ё "просто ради хотлайн"?

хакгу1505
Озодагони ахмак. Боз коментарияхои мара чоп накарди? Мо мисли шумо бекор нестем ки коментарияра аз бокоримон нависем. Ма вакт сарф карда коментария навистам ту чоп накади дурус? Маьлум мешад хоини миллати! Мур ба холат! Хами чанг чангчола хамаша шумо меандозед! Анакнун касера ки дидам мегуп руи озадагон сиех шудагия - пеш озодагон буд хозир гуломон шудагияй!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)