Бахшҳо

Интиқоди маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт аз як қонуни Тоҷикистон

Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт аз иқдомоти динситезонаи Тоҷикистон интиқод кардааст.


Ба гузориши хабаргузории аҳли байт “Абно” ин ҷамъияти муслимин бо судури паёме дар интиқод аз Тоҷикистон барои нақзи ҳуқуқи динии мардум унвон кардааст , ки аксарияти ҷамъияти кишвари ҳамзабон, дӯсту бародари ҷумҳурии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд, аммо бо қабули қонуни озодии виҷдон мушкилоти онҳо зиёда шудааст. Дар идомаи ин паём омадааст: “Ҷои тааҷуб аст, дар шароите, ки хезишҳо ва мавҷҳои бедории исломи минтақаи шимоли Африқо ва Ховари Миёнаи арабиро фаро гирифтааст ва миллатҳои мусалмон барои ҳуқуқҳои хеш мубориза мебаранд, дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта бо эҷоди мушкилоту  маҳдудиятҳои зиёд барои мардуми мусалмони ин кишвар аз қабили “мубориза бо ҳиҷоби занон ва риши мардон, манъи вуруди атфол ва навҷавонон зери 18 сола ба масоҷид, мамнӯъияти таҳсилоти динӣ ва Қуръономӯзӣ дар мадориси ин кишвар ва мамоният  аз баргузории намози ҷамоат, ба мубориза бо шиор ва ҳатто заруриёти дини муъбини ислом дар ин кишвар пардохтааст”. Маҷмаи аҳли байт афзудааст,  набояд фаромӯш кард, ки замони он гузаштааст, ки барои ҷалби ризояти қудратҳо, норизоятии умумии як миллати мусалмонро фароҳам кард”.

Ёдрас менамоем, президенти Тоҷикистон қонуни масъулияти волидайнро, ки аз сӯи ҳар ду палатаи парлумони кишвар ҷонибдорӣ ва имзо гардида буд, ахиран рӯзи 2-юми август ба тасвиб расонд. Ин санад пас аз нашраш дар рӯзномаҳои давлатии «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» ҳукми қонунро гирифта, ба иҷро даромад, ҳарчанд қабл аз имзояш ва замони баррасиҳо ин санад ихтилофи назарҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. Тибқи яке аз бандҳои ин қонун афроди зери 18 сола ба истиснои касоне, ки дар мадориси динӣ таҳсил мекунанд, аз ҳузур дар масоҷид ва соири амокини мазҳабӣ манъ шудааст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)