Бахшҳо

Генерал Шарифзода: Гулмурод Ҳалимов худаш назди қонун ҷавоб диҳад

Подполковник Саидмурод Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов, сардори фирории дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома ба “ДИИШ” пайвастани бародарашро маҳкум намуда, аз ӯ хостааст, ба Тоҷикистон баргардаду назди қонун ҷавоб гӯяд.

Саидмурод Ҳалимов, ки худ подполковники хизмати дохилӣ ҳаст, изҳор доштааст, ки оилаашон барои ин кирдори Гулмурод Ҳалимов худро дар ҳолати ногувор ҳис мекунад: “Ягон роҳи сафед кардани худро намедонем. Ман шахсан низ аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда, бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам. Баъди гирифтани гузориши ман ва шинос шудан, Муовини вазир – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода манро барои сӯҳбат таклиф намуда, аз гузориши навиштаи ман ва ҳолати мазкур пурсон гардиданд. Баъди суҳбати гузаронидашуда, Роҳбари мақомот ба ман насиҳати устодона намуда, гуфтанд, ки ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд”.

Саидмурод Ҳалимов таъкид мекунад, ки аз нақша, мақсад, кирдор ва ба гумроҳӣ рафтани бародараш Гулмурод Ҳалимов иттилое надошт ва агар ягон алоқамандияш ба кирдорҳои бародараш маълум шавад, омода аст, назди қонун ҷавоб гӯяд.

Матни пурраи номаи Саидмурод Ҳалимовро хабаргузории “ТоҷNews” нашр кардааст, ки чунин аст:

“Нома аз номи бародари собиқ қумондони ДТММ (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Гулмурод Ҳалимов

Ман подполковники хизмати дохилӣ Ҳалимов Саидмурод Салимович бародари қумандони ДТММ (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Ҳалимов Гулмурод Салимович мебошам.

Ман аз моҳи майи соли 1995 то инҷониб дар вазифаҳои гуногуни мақомоти ҷазои ҷиноятӣ кору фаъолият намуда истодаам.

Ман охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар вақти адои хизмат аз баъзе овозаҳо оид ба бедарак гардидани бародарам Гулмурод Ҳалимов бохабар гардида, ба ташвиш омадам ва барои аниқ муайян намудани ин ҳолат аз хонаводаи бародарам ва аҳли оилаамон пурсон шудам, ки касе аз ин ҳолат ва дар куҷо будани ӯ хабаре надоранд. Баъдан, овозаҳое паҳн гардиданд, ки гӯиё ӯ сафар ба давлати Сурия намуда бошаду ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамроҳ шуда бошад. Аз ин овозаҳо ман шахсан ва аҳли оилаи мо сахт ба ташвиш омада, бовар намекардем, чунки шароити оилавии ӯ хуб буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ надоштанд. Хонаи истиқоматии алоҳида, воситаи нақлиёт, аҳли оилаи хуб ва обрӯву эътибор низ дар ҷамъият дошт. Баъдан баъди паҳн гардидани навори видеои бо иштироки бародарам Гулмурод Ҳалимов ба ҳайрат омада, чи кор кардани худ ва чи тавр ба падари пиронсолам фаҳмонданро надонистам. Ман аз ин роҳи пешгирифтаи бародарам ягон хабаре надошта, ба чи восита қабул намудан, бо кадом роҳ рафтан ва ё бо маслиҳати кадом шахсон ба ин гумроҳӣ рафтани ӯро намедонам ва ҳеч гоҳ ӯро чунин қабул намекунам ва роҳи пешгирифтаи ӯро қатъиян маҳкум менамоям. Ман ва аҳли оилаи мо аз чунин кирдори ӯ дар назди хешовандон ва ҷамъият худро дар ҳолатҳои ногувор ҳис намуда, дигар ягон роҳи сафед кардани худро намедонем.

Бинобар ин ман шахсан низ аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам. Баъди гирифтани гузориши ман ва шинос шудан, Муовини вазир – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода манро барои сӯҳбат таклиф намуда, аз гузориши навиштаи ман ва ҳолати мазкур пурсон гардиданд. Баъди сӯҳбати гузаронидашуда, Роҳбари мақомот ба ман насиҳати устодона намуда, гуфтанд, ки ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Бинобар ин роҳбари мақомот ба ман барои идома додани иҷрои вазифаҳои хизматии худ дастур дода, барои содиқ будан ба Ватани азизамон Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Ман ва аҳли оилаи мо аз бародари худ Гулмурод Ҳалимов хоҳиш менамудем, ки аз ин роҳи пешгирифтаи худ даст кашида, фикри оила, фарзандон ва падари пиронсоли худро намуда ба Ватани худ баргардад ва аз пушаймонии худ дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Бинобар ин ман бори дигар гуфтанӣ ҳастам, ки аз нақша, мақсад, кирдор ва ба гумроҳӣ рафтани бародарам Гулмурод Ҳалимов ягон зарра хабаре надоштам ва чунин кирдорро қатъиян маҳкум медонам ва ҳам омода ҳастам, ки дар ҳолати муайян гардидани ягон алоқамандӣ бо кирдори бародарам дар назди қонун ҷавобгӯй бошам.
Саидмурод Ҳалимов, 29.05.2015 сол”.
Мӯҳр
сино
Полковники фирорӣ ????? Ё шояд ихтиёрӣ гуфтани булед????

Куруши Кабир
баяд Вазр истефо дихад шумо не ку читавре ки барои масчид рафтани чавонон падар модарро гунакор мекунед бояд юарои аммали ин АМОН вазир чавоб гуяд ё барои амон амонхам ХНИТчавоб гуяд ЧОХКАН ЗЕРИ ЧОХ и коргари ОМОН сири шумора медананд читавреки фохишаъоро сатр пушонда исломро баном мекунед ин шуморо бад ном мекунад БОЗХАМ ХУДО МЕХРУБОН АСТ БАСУИ ХУДО БАРГАРДЕД МОХАМА ДАР РУИ ЗАМИН МЕХМОНЕМ НАХОД БАРОИ ЯК МАНСАБ КИ БИЛАХМРА МАРГ АЗДАСТМОН МЕГИРА БО ХОСТИ ХУДО БО ХУДО ЧАНГ ЭЛОН КНЕМ РАМАЗОН НАЗИК АСТ БАСУИ ХУДО БАР ГАРДЕД ЯКЧИЗИ ДИГАР НОГУФТА НАМОНАД КИ ШУМОКИ ИСЛОМИ ХАКИКИ ДАР ТЧ АСТ МОНИАШ МЕШАВЕД БАД ЧАВОНОН БА ИСЛОМЕКИ ВОКИЯТ НАДОРАД МЕРАВАНД

Абдулло
Халимов набояд ин корро кунад. Ман рости бовар намекунам. Ман хечгох боварам намеояд ки хамин чавонмард ба Точикистон хийонат кунад. Мумкин рафтани у ба хотири амни Точикистон аст. Халимов онхоро шояд омузад ва сипас ба хотири оромии кишвар фаъолият кунанд. Ташаккур! Халимов агар точик бошад ин корро намекунад ман бовар надорам. Ин ба кумаки точикони Сурия рафтааст. Агар ин тавр набошад хамватани мо набудааст.

Аноним
Аз дасти ана хаминхел одамоне, ки акл надоранду, ба фитнаи дигарон боваркарда корхои чиноятиро анчом медиханд, ватани мо харруз дар зери хатар аст... чавонони имрузаи мо аз суст будани имонашон ва мехру мухаббати паст нисбати оилаву ватани хеш доштанашон ба корхои чинояткори даст мезананд... фирефтаи акидахои бардуруги гуруххои ифродгар мегарданд... ва ба ин кори худ фикр мекунанд тарафдори Исломанд, на, харгиз! Ислом дар дили хар як шахс буданаш лозим, на дар чангу мардум куши!! Ба ном чиход дар Сурия мардуми Мусалмон хуни бародару хохари Исломии худро рехта истодаас!! Ин чиход нест, ин барпо кардани Ислом нест!! Ислом кайхо боз пахн шудааст, ва дар калби хар як шахси бомаърифат мебошад!! ин фитнаи мамлакатхои абаркудрат мебошад, ки мехоханд мардуму мусалмонро бо якдигар чанг андозанд ва нест кунанд!! Эй чавонон!! Эй мардуми бо хирад, шумо наход хамин разилию фитнату игвогариро дарк накарда истодаед ?? Ба худ биёед, ва фикр кунед, ки ба кадом рох рафтаистодает!! Точикистонро ба монанди дигар давлатхо вайрон накуенд, барои мардуми точик солхои 91-95 бас аст!!! имонатонро, ватанатонро, модару бародаратонро мафурушед ба фитнаи дигарон рафта!!!

саид
Рафик подполковник шумо аз кучо медонед, барои анчоми ягон аперасия ба Сурия рафта бошад ва дар гирдоб печидааст.
Ё видео сохтаву хукумат уро нест кардани бошад.
Дар Амрико буданаш агенти амрико барои нооромсозии вазъи дохилии Т-н худро фурухтааст.
То охири мохи сентябр 2015 сабр кунед гандуми кошта барои дарав омода мешавад.

шоди
Ачоиб конун дар Точикистон барои баьзехо хар кас дар нади конун чавоби худро медихаду барои дигаре барьакс Агар ин коркуни умури дохили барои бародараш чавоб нагуяд чи гунохе доштанд фарзандони З,Саидов

Фируз
Бародарон як фикр кунед чаро дар Амрико ва Аврупо, ки ошкоро душмани Ислом хастанд бо риш, хичоб, намоз кордор нестанд зеро медонанд, ки агар мухолифат кунанд худашонро бо шахрвандони мусулмонашон душман мекунанд барои хамин мусулмононашон озод хастанд ва аз Хукумат ва сиёсаташон рози ва тарафдор хастан гарчанде, ки теъдодашон нибати гайри мусулмонон хеле кам аст.
Дар кишвари азизи мо баръакс зиёда аз 90% мусулмонанду озодии дини вучуд надорад. Шояд Худованд баракатро барои хамин аз кишвари мо кам мекунад.

мухочир
фирор аз точикистон на балки полковник кардаст мо хамамон нимамон мухочири кор нимамон дуздон ними дигарамон бо суря касе чи хунаре дорад бо хамон касбаш фирор мекунад Еи курси нишинон фикри милатро бикунед бояд бо милат хамзабон шавед милати точик сарсахтас гапи атеистои точикро хомуш кунед то инхо давлати рахмонро решакан мекунан

Чурка
Гулмурод-Ин шахс ,ва лоик аст ба ,Ба конун бачахо чавоб дихад...

Гулмурод Ҳалимов. Мард дигар вазирхои Точикро токат накарда мачбур шуд ки фирор кунад. Саидмурод Ҳалимов Шумо хак надоред Гулмуродро пас гардонидан Факат шумо барин одамхо токати ин духдихоиро токат мекунед

Хулоса : ХИСЛАТХОИ ХУБ ВА БАДИ ИНСОНИ ХИРСИ НАБУДААСТ ,агар хирси мебуданд, ин ду бародар ки аз як падару модар таваллуд ёфтаанд, бо вучуди дар мухити гуногун зиндаги кардан ,дар хислатхои инсони низ мебоист аз хамдигар фарк намекарданд... Холо он ки натича акси онро нишон медихад !!!!!...
... Дигар ХУДО медонад !!!!!

Хамин подполковники дар сурат будаги Гулмурод Халимов аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)