Бахшҳо

Кӯдакии тақсимшуда

Иршод Сулаймонӣ

Мо ҳамеша нигарон ҳастем, кӯдак дар оянда кӣ мешавад, вале фаромӯш мекунем, ки ӯ имрӯз чӣ касе аст.
Стасиа Тошер

Якуми июн Рӯзи кӯдакон аст. Кӯдакӣ як давраи поки ҳаёти инсонист. Ҳама талош мекунанд, ки аз кудакони худ пуштибонии дурусти иқтисодиву маънавӣ дошта бошанд, то онҳо шахсияти шоиста ба камол бирасанд. Нигаронӣ ҳама ин аст, ки маълум нест ин тифл чӣ касе дар оянда мешавад. Вале камтар ба ин меандешем, ки дар имрӯз онҳо кистанд?

Вақте шеъри шоири хуби мо, Абдувоҳиди Зевар ду сол пеш, бо номи “Фоҷиаи манзуми миллат” нашр шуд, ҳамагӣ аз он истиқбол карданд ва чорае ҷуз истиқбол надоштанд. Вазъи имрӯзини аксари кӯдакони моро ин шеър бо забони бисёр сода, вале бадарду воқеӣ мегӯяд. Дар ин манзумаи кӯтоҳ вазъи кӯдакие тасвир шуда, ки ман онро “кӯдакии тақсимшуда” номидам. Масалан:

Аз мулки ғарибӣ даст шӯед, додо,
Гулҳои умеди худ бибӯед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт "сағир"
Маънои сағира чист? Гӯед, додо!

Аз нигоҳи равоншиносӣ кӯдак бисёр нозук аст, хеле зуд зери таъсири омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор мегирад. Шароити ҳоким дар ҷомеаи мо ҳам, бо таассуф таъсирашро болои кӯдакҳо гузошта. Ҳоло кӯдак ҷойи ин ки мактаб бихонад, дар бозор салафан мефурӯшад, ҷойи ин ки барои чӣ китобе хондан фикр кунад, дар хиёбонҳо мошиншӯйӣ мекунад, испанд дуд меандозад, гадоӣ мекунад, диски филмҳои туркии “Водии гургон”-у “Садоқат” мефӯрӯшад.

Гузашта аз ин, кӯдаки тоҷик имрӯз фарзанди муҳоҷир аст. Кӯдакони мо кӯдакии худро тақсим кардаанд. Солиёни дароз чеҳраи падарро аз “MMS”-у Skype ва Viber мебинанд ё садояшро аз телефонҳои мубойл мешунаванд. Баъзан падарони муҳоҷир бо кӯдакони худ дар “Одноклассники” ва Фейсбук вомехӯранд ва шинос мешаванд. Худи кӯдак бо эҳсосоти ботинии худ ҳамеша бо ёди падаре, ки дар 6 моҳ як бор, баъзан дар 1 сол як бор, бештар дар 2 сол як бор ва хелеҳо дар чанд сол як бор мебинандаш, бузург мешаванд. Ва чун соҳиби ақли бештар мешаванд равони худро барои рафтан ба муҳоҷират мутобиқ менамоянд. Ҳатто медонанд, ки агар ному насабашон дар шиноснома бо пасвандҳои -ов ва -вич набошад, Русия рафтан наметавонанд. Кӯдакони мо аксарият бо тафаккури истеъморӣ бузург мешаванд. Ҳоло, шӯрбахтона як қисм кӯдаки тоҷик пеши бибияш мемонаду модараш ҳам ба муҳоҷират меравад. Сарнавишти инҳо чӣ қадар талх аст. Ҷойи он ки кӯдак дар бораи вазифаи хонагии муаллим супурда фикр кунад, ин фикрро дорад:

Дар пеш зимистони хунук аст, додо,
Пероҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мӯхтоҷ ба костуму бурук аст, додо.

Баргирифта аз муҳит ва фазое, ки мо дорем кӯдак кӯдакии худро тақсим кардааст, шахсияти кӯдакро мо инкор кардаем. Мушкилоти мавҷуд аксари кӯдаконро дар фикри зндагии афсонавӣ ба “зомбӣ” табдил кардааст. Дар қисмати бештари Тоҷикистон ҳудуди ним сол, чун кудак вақте мактаб рафтан мехоҳад, барқ нест, хӯрокаш хунук, хона хунук, мактабаш хунук, фазо хунук ва аз кудакӣ дилшкаста мешавад.

Кӯдаки тоҷик ба шароити хуб ниёз дорад, ба муҳите, ки дар оғуши падар бузург шавад, фазое, ки шахсияти кӯдак инкор нашавад. Ман тасмим доштам, ки ин ҳафта ҷойи ин ҳама ҳарфҳои пароканда (аз таъсири зиндагии сахту сангини кӯдакон) ҳамон манзумаи Абдувоҳиди Зеварро дар сутунам нашр кунам, вале маълум гардид, он манзума соле пеш дар “Озодагон” нашр шуда.

Гуфтаи як профессори адабиётамон дар дарс ёдам меояд, ки ба мо гуфта буд: Турсунзода аз таъсири ҳоли зори кӯдаки ҳиндӣ достони “Сайёҳи Ҳинд”-ро навишт ва агар зинда мебуд аз ҳоли зори кӯдаки тоҷик дилаш мекафид.
Мӯҳр
Саидчон аз Ёкутистон
Ахсант бародари азиз! Бисёр маколахои хуб менависед. ...Дастатон дардро набинад ва каламатон шикастро. ....

Хаким
Маълум аст, ки аз сиёсати кунунии давлат норозии, аммо бо ин дарача курдил буданатро интизор надоштам. Аккалан дар хамин рузи кудакон ягон сухани хубе нанавиштй ки шод гардем.

Рахнавард
Кудаки точик вокеан хам ин рузро дорад. Либосхои дарида, пояфзоли берохат, ишками гурусна. Вой бар холи кудаки точик. Мо имруз бар замми калонсол буданамон хануз хам кудакем, Зеро муносибати хокимон нисбати мо ба мисли бо кудак рафтор намудан аст. Хукук надорем.Мошини мансабдоре аз болоямон гузарад гунахкорем. Раисе латукубамон кунад гунахкорем. Пас ин чи зиндаги аст? Мансабро ба чугрофиё таксим кардаанд. Эй вой Ватан вой Ватан вой Ватан вой. Пас чи гуна бар замми хама ин ноадолавтихо магзхои хирфаии точик аз Ватани худ фирор накунанд!

Хаким, руят сиёх шудаги боз бо ин холи зори миллат ту шарм надошта хурсанди (ШОДИ) кардан мехохи. ээ беномус!

Ватандӯст
Ман рости гап ҳамин Иршод Сулаймониву ин баринҳо ба ҳайронам. Инҳо ё аз сайёраи Марс фуромаданд ва ё на саводу на ҷаҳонбинӣ доранд ва ё зархариди ягон давлати дигар ҳастанд. Кӯрнамакӣ ҳам андоза дорад, солҳои 90-95 мо хаёл мекардем, ки Афғонистони дуюм ба табдил меёбад ин Тоҷикистони мо, лекин шукронаи ОЛЛОҲ, ки ба ин рӯз расидем. Вайронкриву даҳанкалонӣ осон Иршод, леки созандагиву бунёдкорӣ кори на ҳама кас аст. Ҳами худут ба Ватан чӣ хизмат кардай аққалан як дуташа номбар кун, лаққигарӣ кори осонтарини дунё.

Voqean hamin khabarnigor GAPI haqro guftaast , maqolai ūro bodiqaat khoned , Chun baze navisandahovu rūznomanigoroni toçik faqat tarifhoi bardurq ziyod mekunanad. Man dar ajabam az jur'ati boloi in ruznomanigiri voke'bin. Irshod Sulaymoni daqiqan on matlabhoero menavisad, ki nakshi zindagii va haqiqati imruzarai Jumhuriro barmalo mekunad.. Tuli ta'rikh dar jomeahoi gunoguni mo shohidi on hastem, ki imruz dar davlati mo kudakon chunin zindagi va haqiqati in holro dorand.. Ruznomanigor badbakhtihoi milatro rui chop meorad, ki ba nakshi peshbaranda va magzi mutafakkironu hukumatdoron bozi mekunad.. Ozodagon hamesha ozod va haqiqatro bo ziyotar navised mo hamesha bo shumoem bo ehtirom chop kuned!

МУМИН ХУКУКШИНОС
Иршоди Сулаймониро аз хамон лахзае шинохтам ки у маколае бо номи "дисертацияфуруши " ба чоп расонид ва уро чун шахсияти магзи эътирофаш кардам аммо сад афсус мисли Иршод шахсиятхо кам нестан. Манзурам барои донишмандон мисли оина намоён ва милсли фонус равшан аст.

мухлчир
Эй руй ту барин Ватандустон сиёх, ки касе сухани хакро гуяд, шумо хамеша зиди сухани хакед.Шумо баринхо як лаганбардори хукуматед.

Шахрванд
Вакто соли гузашта ин шеърро дар рузнома хонда будам, ашк гулугирам карда буд. Зинда бошед Иршод!

Бародар Иршод, агар ин кадар ватандусту миллатдуст боши, як корхона бунёд намуда, 5-6 нафарро бо чои кор таъмин кун. Ин аст ватандустию миллатдусти. Хама кас кудрати танкид кардан доранд, аммо на хар кас кобилияти бундёи як корхона. Чи хаёл мекуни дигарон танкид кардан наметавонанд кори дигаронро.Бас кун ин хел маколанависиро. Рохарияти давлат ва хукумати точикистон барои пешравии давлат хеле корхои зиёд кардаанд ва боз мекунанд. Шумо чи кор кардед ба гайр аз танкиди дигарон?

Ватандӯст
Аз ҳама хубуш руйи ҳамаи кӯрнамаконе сиёҳ, ки Ватани мо - Тоҷикистонро обод дидан намехоҳанд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)