Бахшҳо

Нашри «ДАРГИЛМОДАК»- намунаи фолклор ва адабиёт ба забони рӯшонӣ

Дар шаҳри душанбе китоби “Даргилмодак” намунаи фолклор ва адабиёти рӯшонӣ ба нашр расидааст, ки ҳовии фолклор ва адабиёт ба яке аз қадимтарин забонҳои помирӣ – забони рӯшонӣ мебошад.

Китоби “Даргилмодак” дар таҳияи Лутфишоҳ Қиматшоев, зери назари доктори улумуи филология Назрӣ Офаридаев ва бо пуштибонии молиявии созмони “Равшандилон” дар 140 саҳифа ба табъ расидааст.

Гуфта мешавад, ки ин китоб намунаҳои фолклор ва адабиётро ба забони рӯшонӣ аз охири қарни XIX то имрӯзро дар бар мегирад.

Ба гуфти ноширини китоб забони рӯшонӣ аз қадимтарин ва серистеъмолтарин забонҳои помирӣ маҳсуб шуда, дар гузаштаи начандон дур (то даҳаи аввали қарни бистум) теъдоди истифодабарандагони он, аз лиҳози бартарият доштани аҳолии Рӯшонзамин, нисбати соири ноҳияҳои Помир ба маротиб зиёдтар будааст.

Дастандаркорони нашри ин китоб ҳамчунин гуфтааснд, ки “нашри ин китоб маҳсули ҳамаи он ҷасрату армон ва андешаву ниятҳое аст, ки дар қиболи мушкилоти забонҳои зиндаи бехати помирӣ зуҳур кардаанд. Албатта, «Даргилмодак» даъво ва ҳукми китоби илмию тадқиқотиро надорад, балки ҳамагӣ маҷмуъаест иборат аз намунаи фолклор ва адабиёти забони рӯшонӣ, ки шояд барои соҳибзабонон ба унвони ҷузъе аз манобеи ҳуввияту худшиносӣ ва барои муҳаққиқон ба ҳайси маъхаз хизмат расонад. Забони модарӣ санади муътамади асолату ҳуввияти ҳар як халқу миллат маҳсуб мешавад ва арҷ гузоштан ба он дар ҳукми қарз ва фарз аст”.
Мӯҳр
Забоншиносе бо чунин ном Лутфишо Киматшоев вучуд надорад, зеро аз гуфтааш маълум ки аз сохаи забоншиноси хеле дур аст ва бештар пойбанди махалгароист. Аз кай боз забони рушони сермахсултарин аз забонхои помири будааст? Хатто аз вахию шугни, ки хам дар Точикистон ва хам Афгонистону Покистон ва Чин то ба имруз маъмултарин забонхои помири шинохта мешаванд?! Ин Академия ва институти забонхо кучо нигох мекунад? Касеро чи бар забон ояд, чоп мекунад, зеро соха сохиб надорад.

Хукуматдорони ЧТ айб аст вой бар холи Шумо!!! Хафтаи гузашта Путин забони русиро асоси пойдории Русия номид ва гуфт махз ин забон Русияи сермилатро аз парокандаги хифз карда истодааст. Лозим нест зинда кардани забонхои фаромушшуда! Кушиш кунед забони точики дар тамоми мамлакат пахн гардад. Як мисоли одди: вакте нафаре аз помир ба душанбе меояд забони точикиро намедонад, ин айб аст! Сабаби махалгароии мо махз хамин бисерзабона будани Точикистон аст! Дуруст аст ки Конуни забон барои забонхои помири меъёрхое мукарар кардааст аммо хукумат бояд дарк намояд ки онвакт ин конунро махз помирихо барои худашон эчод кардаанд на барои забони точики. Аз ин ру пешниход менамоям ба масьалаи омузиши забони точики диккати махсус дода шуда ташвику таргиби дигар забонхои маххали боздошта ё манъ карда шаванд!!!!
Озодагон, лутфан нашр намоед!!!

Хукуматдорони ЧТ айб аст вой бар холи Шумо!!! Хафтаи гузашта Путин забони русиро асоси пойдории Русия номид ва гуфт махз ин забон Русияи сермилатро аз парокандаги хифз карда истодааст. Лозим нест зинда кардани забонхои фаромушшуда! Кушиш кунед забони точики дар тамоми мамлакат пахн гардад. Як мисоли одди: вакте нафаре аз помир ба душанбе меояд забони точикиро намедонад, ин айб аст! Сабаби махалгароии мо махз хамин бисерзабона будани Точикистон аст! Дуруст аст ки Конуни забон барои забонхои помири меъёрхое мукарар кардааст аммо хукумат бояд дарк намояд ки онвакт ин конунро махз помирихо барои худашон эчод кардаанд на барои забони точики. Аз ин ру пешниход менамоям ба масьалаи омузиши забони точики диккати махсус дода шуда ташвику таргиби дигар забонхои маххали боздошта ё манъ карда шаванд!!!!
Озодагон, лутфан нашр намоед!!!

"Даргилмодак" гуфтани гап нест, "Даргилик" аст ба забони шугнони. Дар Рушон ба он "модак" (модар) пайванд намуда хамчун фолклори Рушон муаррифи мекунанд. Кори хуб нсет, дар илм инро плагиатства- дуздии зехни мегуянд. Лекин ман хам чунин забоншинос-Лутфишо Киматшоро нав шунидам. Шояд олими чавон аз хатмкардахои имрузаи донишгохи Хоруг бошад?

Ibrohim,

Эй бародари гироми Иброхим, айб дар ту аст, ки бехабари . Решаи забони хозираи точики забонхои помири хастанд ва агар онхо аз байн раванд, бисер масъалахои забоншиносии муосир норавшан мемонанд. Ба ибораи дигар, мо набояд монеаи рушди ин забонхо ва забони ягоноби шавем, баръакс, барои нигохдошти онхо хамчун гановати таърихиву маънави кушиши беандоза намоем. Албатта, агар худро точики асил пиндорем.

Забони рушони асоси аз забони шугни бойтар аст. Ман ки яхудии бухори хастам ба Рушоне Помер бисёр сафар кардам. Инро бо чашми хештан ихсосе кардам. Рушонихо мардони сахие астанд

"Ба гуфти ноширини китоб забони рӯшонӣ аз қадимтарин ва серистеъмолтарин забонҳои помирӣ маҳсуб шуда, дар гузаштаи начандон дур (то даҳаи аввали қарни бистум) теъдоди истифодабарандагони он, аз лиҳози бартарият доштани аҳолии Рӯшонзамин, нисбати соири ноҳияҳои Помир ба маротиб зиёдтар будааст."
Ин ба кадом маъно аст? Е муаллифи "китоб" ба дарди бузургманиши гирифтор аст, е муаллифи ин гузориш иштибохан Рушанро бар дигар навохии Помир бартарият додааст. То Инкилоби Октябр Рушон гуфтани нония набудааст, вайро чун чузъи Шугнон медонистаанд. Во ачабо!

насим
Бисер кори нохуб, агар таърихро дуруг нависанд. Офаридаев муаллими Донишгохи Хоруг худро забоншиноси авввали Ч Т медонад. дар саргахи чудоиандози ва ихтилоф агар намеистод, тавсияхои "олимона" ба китоб илова намешуданд. Новобаста аз ин забонхои помири фонди камбагали лугави доранд ва калимоти аслии кадимаи он босуръат гум шуда истодааст.

Ин қадар нанолед. Шумо хоҳ рушонӣ ва хоҳ шуғнонӣ бошед як халқи Бадахшон ва миллати тоҷик ҳастед. Ин ҳар ду забон танҳо забони хонаводагӣ ( Unwritten) мебошанд. Ёфтед мавзӯи баҳсро

Сухане ҳеч на аз фарри каёнй гуфтем,
Ту бадахшонй, хучандй, хуталонй гуфтем,
Ту самарқандй, зарафшонй, вахонй уфтем,
Ту бухорй, ту ҳисорй, ту фулонй гуфтем.


Чунки бегонапарастем, амон аз ману ту!
Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!


Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо.
Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо.
Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,
Бехирад тохт ба авранги “хирадмандии” мо!


Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!
(Лоик Шералй)

Сухане ҳеч на аз фарри каёнй гуфтем,
Ту бадахшонй, хучандй, хуталонй гуфтем,
Ту самарқандй, зарафшонй, вахонй уфтем,
Ту бухорй, ту ҳисорй, ту фулонй гуфтем.


Чунки бегонапарастем, амон аз ману ту!
Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!


Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо.
Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо.
Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,
Бехирад тохт ба авранги “хирадмандии” мо!


Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!
(Лоик Шералй)

Ба Иброхим

Ту барин бесавод факат ҳуқуқи дар бораи худат сухан намудан дорию тамам васаллом! Аз оне, ки мегуӣ помириҳо забони тоҷикиро намедонанд дуруст аст, чунки мо забони тоҷикиро танҳо ва танҳо дар мактаб меомузем ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо онро ба хуби аз худ мекунем. Вале забони тоҷикӣ барои ман ягон вахт ба ҳайси забони модарӣ набуд ва нахоҳад буд, чунки он забони давлатӣ аст ва донистанаш барои шаҳрвандони кишвар муҳим аст. Чунин ман аввалин суханро баъд аз таваллуд на ба забони тоҷикӣ балки ба забони помирӣ шунидам ва дигар забонҳоро низ тавассути ин забон омухтам.

Забоншинос будани Лутфишоро намедонаму лекин хамира медонум, ки 2-3 сол пеш низ як китобчаеро нашр карду баъ ба воситаи ХЕШУ ТАБОРУ ЁРУ ОШНОХОЯШ (дар МАНСАБ буда) ба китобхонахо ба фуруш гузошта буд, чун китобаш хонданбоб набуд...

Муборак бод! Ъошиқи мардуми нозанини Помирам! Зинда бошед паҳлавӯнен!

Nazar,
Инчо гап оиди забони модари намерафт, ту маънои гапро нодуруст фахмиди! Ман гуфтахои Путинро иктибос оварда акидаи худро гуфтам. Ман фикр мекунам барои нашри ин макола шояд Озодагон ягон чизе ба даст овардааст чунки ба андешаи ман ин як матолиби рекламавист!!!! Айни хамин макола дар Озоди хаст. Ба фикрам ин ду расона на барои манофеи милли балки барои манфиати як махалли хеле хурд хизмат карда истодаанд!!!!

Агар мард бошед аз номи худатон нависед. Дар таги номи касон монанди кампирхои лаби об гайбат накунед. Гапхои бемантику фачи худро мисли похои товус зери пар накунед.

Ин олимони навбаромад мардумро мукобили хам мегузоранд. Ин ман- мании мо окибати хуб надорад. Лутфишо киматшо барин олимтарошхо ба миллат хизмати хирсона мекунанд. даргилик моли тмаоми мардуми Помир аст, чро онро рушони мегуем, е дигаре фардо онро шугнони мегуяд. Хамаи мо фарзанди як миллат- точик хастем.

замира
мохномаи "Пайгоми Рушон"-ро гирифта мутолиа кунед!!! Баъд медонед Лутфишо Киматшо чи шахсият хасту чи вазифа дорад... Бар акидаи Помирихо забони точикиро "намедонанд" газаболудам!!! Ягон кас аз рузи ба дунё омаданаш хама чиро нафахмида буд!!! Забони модарии мардуми Помир забони Помири хаст!!! Вой точикони "босавод" аз хоби гарон бедор шавед!!! Пасон Помирие, ки бо забони точики харф мезанад, забони тозаи адаби аст... Забони рушони буд, хаст ва то абад зинда хохад монд!!!
Иловатан кайд карда мегуям, ки дар лахчахои имрузаи точики гапхое мешунави ки хуш аз сарат меравад... "Бачае барои падараш дар зодрузаш тухфае харидани буд. Сохиби дукон пурсид. Падарат чи кора аст??? Падарум хари калонай, бояд як духии девона падаркааш кунум" Оё падарро хар гуфтан хак аст ё магар духи девона мешавад. хамин гуна калимахои бемаъни бояд аз байн бурда шаванд. На як забони соф!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)