Бахшҳо

Ду ҷаласаи вазирони дифои СПАД ва ИДМ дар як ҳафта

Душанбе мизбони ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд, ки 2-4 июн баргузор мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин ҷаласа вазирони дифои СПАД масоили таъмини амниятии марбут ба марзҳои ҷанубии созмон вобаста ба шиддат гирифтани вазъи низомию сиёсӣ дар Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар назар аст вазирони дифоъи СПАД-ро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳузур бипазирад.

Вазирони дифои давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил давоми ҳамин ҳафта дар шаҳри Чолпо-Атои Қирғизистон барои баррасии чорабиниҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои худ дар соли 2016 гирди ҳам меоянд.

Дар ин нишаст баррасии вазъи амниятии парвозҳо дар артиши кишварҳои ИДМ, масоили бунёдии ташкилии ҳамкориҳо дар умури омода кардани кадрҳо дар соҳаи безарар кардани минаҳо ва таҳқиқиоти мушкилоти метрологияи ҳарбӣ ва таъминоти метропологии неруҳои мусаллаҳи ин кишварҳо ҳам дар назар аст, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ҳамчунин вазирони дифои ИДМ масоили беҳбуди амалкардҳои низоми ягонаи шиносоии давлатии родорӣ ва итилоърасонии мутақобил дар мавриди тағйироти шароити радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологиро арзёбӣ мекунанд.

Дар баробари натиҷагирӣ аз Олимпиадаи байналмилалии курсантҳои макотиби олии икшварҳои узв, ки моҳи март-майи соли ҷорӣ баргузор шуд, қабули якчанд санади марбут ба масоили молӣ ва кадрӣ низ дар назар аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)