Собиқ президенти Гурҷистон раҳбари Одесса шуд
Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина, Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури пешини Гурҷистонро раҳбари вилояти Одесса таъин кард.
Порошенко бо имзо кардани як фармон ба Саакашвилӣ шаҳрвандии Украина, 30-юми май расман ӯро ҳамчун раҳбари вилояти Одесса муаррифӣ кард.
Саакашвилӣ 30-уми май ба расонаҳо гуфтааст, ки кори худро аз мубориза бар зидди қочоқ ва сиёсати кадрӣ шурӯъ мекунад. “Аввалин коре, ки мо мекунем, ин гӯш додани ба ҳарфи мардум аст. Баъдан, мо бояд барои ба кор гирифтани раисони ноҳияҳо озмун эълон кунем”.
Саакашвилӣ афзудааст, ки “украиниҳои боистеъдод, ҷавон, неруманд ва ватанпарастро ба кор ҷалб мекунад”. Ин раисиҷумҳури пешини Гурҷистон ният дорад, ки ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Одессаро низ нав кунад. Ба гуфтаи ӯ, “вазъияти ҷиноӣ бисёр печида аст. Ин ҷо қочоқи яроқ хеле зиёд аст”. Ӯ инчунин изҳор доштааст, ки раисиҷумҳур Порошенко ба ӯ иҷоза додааст, ки дар сутуҳи раҳбарии вилоят тағйироти куллӣ гузаронад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |