Бахшҳо
01 июн 2015 12:27Тоҷикистон / Сиёсат

ҲНИТ аз Суди ОЛӢ хостааст, алайҳи масъулини КДАМ, ВКД ва додситонӣ парванда оғоз шавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Суди Олии кишвар аз мақомоти Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, шикояти 189 саҳифагиро муовинини раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит имрӯз, 1-уми июн ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон ва муовинонаш супуриданд.

Дар ин аризаи шикоятӣ ҲНИТ хостори боз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи масъулини мансабдори КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи масъулини ҲНИТ масъулини ин мақомот сабабгори афзоиши фишору таъқиб ва сохтакориҳо алайҳи аъзои ин ҳизб гаштаанд. ҲНИТ инчунин аз Суди Олии кишвар хостааст, шахсони масъуле, ки ба аризаҳои ин ҳизб дар ин мақомот беамалӣ зоҳир кардаанд, муваззаф шаванд, ки уҳдадориҳои худро сари вақт ба анҷом бирасонанд.

Дар ин шикоят номгӯйи фишору қонуншиканиҳои намояндагони мақомоти зикршуда дар маҳалҳо, ки онҳоро расонаҳои хабарӣ нашр кардаанд ва ҳамчунин асноди дигаре аз аъзои ҳизб, ки гуфтаанд дар маҳалҳо зери фишор аризаи берун рафтан аз ҳизб гирифта шудааст ва ё гирифта мешавад, ҷо шудааст, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ҲНИТ.

Дар ин шикояти ҲНИТ омдааст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо шоҳидем, ки дидаву дониста ва барқасдона барои халалдор намудани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, амалиётҳои густурда ва ба нақшагирифтаи таъқибу фишор, нисбат ба аъзои ҲНИТ ва ҲНИТ сурат мегирад: “Барои бартараф намудани ин амалҳои номатлуб, мо ба Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат намудем, аммо дар натиҷаи беамалии шахсони мансабдори мақомоти номбурда, то имрӯз қазия ҳалли мусбати худро наёфтааст ва фишорҳо рӯз ба рӯз меафзоянд”.

Муовинони раиси ҲНИТ ба раиси Суди олии кишвар ва муновинонаш аз мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтан ва расидагӣ накардан ба муроҷиатҳояшон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) изҳори гила намуда, ҳамчунин гуфтаанд, ки шикоятҳояшон дар муҳлати муайяннамудаи қонун баррасӣ намешаванд ва ба онҳо ҷавобе ҳам дода намешавад.
Мӯҳр
Фикр мекунам бе натича

Маълум шуд, ки ХНИТ заиф аст, чунки раисаш Кабири гурехта ба хорича рафтаасту, муовинонаш бе мувофика бо у харчи навиштан мегиранд. Онхо Кабириро писанд намекунанд. Вакте байни рохбарияти ин хизб бетартиби сар шуд, хуб мешавад саривакт фаъолияти худро боз доранд.

мухочир
хой нахзатихо мурочиати шумо бо шохиене ки дар интихобот овозхои халолатон иенат кард мурочиат кардед .ман нафахмидам.

робин гуд
иншаАллох пирузи бар ХНИТ АСТ мо бо ХНИТ бо мо

хакикат талх аст
ба фикри ХНИТ, ки раиси суди оли тарафи ина мегират! вай вазифара аё ки дай? хаминша фикр намекунед? аз дасти касе ки нон хурад тарафи хамура мегирад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

хнитихо хело хуб медонанд ки аз болои фирьавн шикоят кардан бар фирьавн фоида надорад локин ин навиштахо дар таьрих мемонад, дигар масьулияташонро дар назди Аллох ичро карда истодаанд!

Хамин мардуми ХНИТ хамаашон чин доранд нест ягон Мулло ки чини хамаашона яку як бора бароранд наход гусфанд пеши гурги калон раваду аз болои гургчахо арз кунад ки бачахои Шумо баррачахои мора мехуранд.Ба Худо касам ягон гусфанд ин корро намекунад.Хандаовар менамояд.Шуморо Хазрати Икбол гуфта буд,ки ба найранги сиёси хал хеч гох нагардад.

zr jumla
KHUDOVAND zolimon va kumak kunandahoi ononro noboooood kunad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)