Бахшҳо

Эълони гум шудани Сарафрози Оламафрӯз, мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон

Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон, як созмони сиёсие, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати феълии кишвар машғул аст, аз гум шудани Эҳсон Одинаев, яке аз мунтақидони ҷавони ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Хабари гум шудани Эҳсон Одинаев, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи мустаори Сарафрози Оламафрӯз фаъол аст, беш аз як ҳафта аст, ки дар фазои интернет чарх мезанад. Мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтаанд, ки Эҳсон Одинаев аз соатҳои 10-11-и 19 майи соли 2015 ба ин сӯ гум шудааст ва дигар аз ӯ ҳеч кас иттилое надорад.

Тоҷикистон Одинаевро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дода, дар эълоне, ки сомонаи Интерпол нашр кардааст, ӯ дар ҷиноёти харобкории компютерӣ (computer sabotage) муттаҳам мешавад. Одинаев, ки соли 1991 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст, бо номи Сарафрози Оламафрӯз дар интернет аз ҳукумат ва раисиҷумҳури Тоҷикистон интиқод мекард. Ӯ инчунин дар рахна кардани почтаҳо ва сомонаҳои интернетӣ муттаҳам мешавад.

Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, дар суроғае, ки Одинаев зиндагӣ мекард, тамоми молу колои мансуб ба ӯ сари ҷой ҳастанд ва чизеро бо худ набурдааст ва талоши чандинрӯзаи шиносҳош барои пайдо кардани Эҳсон бенатиҷа анҷом шудааст. Наздикони Эҳсон мегӯянд, эҳтимол ӯ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта афроде, ки аз ҳукумати Тоҷикистон танқид мекарданду дар Русия гум мешуданд, дар боздоштгоҳи Душанбе пайдо мешуданд.
Мӯҳр
МУМИН ХУКУКШИНОС
ХАР ШАХСЕ КИ АЗ НОНИ ТОЧИК ХУРДААСТУ ШУКРИ ИН ИСТИКЛОЛ БА ХОТИРИ КУРСИВУ МАНСАБ НАМЕКУНАД ВА МИЛЛАТИ ТОЧИКРО АЗ ДУР ИСТОДА БА ИГВО МЕАНДОЗАД, БИГУЗОР САХТАРИН ЧАЗО НАСИБАШ БОШАД (ДАР ХАР НАВЪЕ КИ БОШАД).

Кахрамон хамавакт зинда аст. Лекин ин лаганбардорон вакташон кам монда аст. Ин нокоми нест нишонаи пирузи аст

Гариб
Эх Эхсон Эхсон, гуфтам охир ба худат, ки аз сиесат дур худро бигир. Гушам накарди. Магар хаминро интизор буди?МУМИН ХУКУКШИНОС,

Роман
албат сурия рафтаст, як гумрохи дигар зиёти шуд

дар гум шудани Эхсон Одинаев хукумати ЧТ садфоза даст дорад.
ин якум одам нест ин намуд ррафтор мекунад. Хукумат.
Хато мумкин аст,ки онро кушта бошанд.

Мухочир
Шояд дар сизои кдам бошад зада зада хазор гунохро ба сараш бор мекунанду бад дар шабакаи аввал пайдо мешаваду мегуяд, ки бо хохиши худ таслим шудаасту чинояткор аст!

Рустам
Чавоб ба Мумин. Худат ба фикрам бачаи ягон мансабдори калони, ё худат сохиби мансаби ва аз пули дуздиву пора шикамат сер аст. Чи кор кардааст хукумат лар давраи истиклол барои миллати точик? Хамаро гастербайтер кард, хар сол хазорхо чавонон дар Руссия кушта мешаванд. Ин аст истиклол? Хамаи кадрхо аз Дангара, дар дигар чо кадр нест? Кадрхои босаводу боаклу боимон дар мухочират ё сохиби кори ночиз. Мардуми бечора ба холи худ, чи коре кунанду як бурда нони худро ёфта хуранд. Дигар давлатхо дар давоми ин солхо дахсолахо аз мо пеш рафтанд, мо бошем ба кафо.

ба ин акс бингарен чикадар бачаи зебо точики асил аммо ин хукумат харкасеки карсак назад мебарад. Охир шармхам чизи хуб аст дар 23 сол чи дастовард овардед ки ба мо миннат мекунед? Агар тиллоихам кардабошед точикистонро бозхам хак надоред ба мо миннат кунедки шукр кунед чун як тинхам аз кисаи худатон нест хаммааш аз мо мардум аст Факат бозору маркази савдою ресторан сохтед барои худатон касеки як тичорати халолдошт зиндонкардед молашро сохиб шудед бо кадом руй шумо ба мардум миннатмекунедки шукр кунед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)