Бахшҳо

Қурби доллар дар Тоҷикистон боз боло рафт

Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дубора боло рафт. Субҳи 2 июн дар лавҳаҳои аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе арзиши як доллар 6,45-6,47 сомонӣ нишон дода шудааст.

Аммо тавре хабарнигори "Озодагон" аз хиёбонҳои Душанбе иттилоъ дод, дар аксари саррофиҳои пойтахт як доллар 6,47-6,48 сомонӣ харидорӣ ва то 6,55 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки дирӯз 1 июн арзиши як доллар 6,40-6,42 сомониро ташкил медод.

Ин ҷаҳиши дубораи қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 29-уми майи соли равон дар бархе аз саррофиҳои Душанбе арзиши як доллар то 5,80 сомонӣ поин рафта буд ва масъулини Бонки миллии кишвар низ дар шарҳи ин хабар гуфтанд, “Сабабҳои паст шудани қурби долл. ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба долл. ИМА-и нақдӣ кам кард”.

Қурби рубли русӣ, ки дар пайи поин рафтани нархи доллар арзиши он коҳиш ёфта, 1000 рубл баробар ба 105 сомонӣ шуда буд, имрӯз, 2 июн дар лавҳаи саррофиҳои Душанбе ҳазор рубл 120-121 сомонӣ нишон дода шудааст.
Мӯҳр
Бонки Миллиро пурсидан даркор сабаби баландшавиаш дар чист???Илтимос пурсет ва макола чоп кунед.Бо раиси БМ савол тиед

сомони
Раиси нав худша як тема кард лекин аз ед набарорад,ки
Кар Додари Кур аст. Аз дасташон ягончи намебиед.

Сабаби боло рави курби доллару рубл ин боду хаво мебошад

Абдулло
Раисо хама бонкора бо доллар запт кардагиян чи гуна метавонанд курби долларро поин фуроранд.. Сер аз гурусна йод надорад...

Худро ба нодонӣ назанед. Пул, аз ҷумла пули хориҷӣ, низ мол аст. Барои худ арзиш дорад. Агар зиёд бошад, арзон мешавад ва агар кам бошад, нархи он боло хоҳад рафт. Маълум аст охир, барои чӣ доллар муддате арзон ва акнун гарон шуда истодааст. Тоҷикистон иқтисоде надорад, ки қурби сомониро таъмин намояд, яъне содироти (экспорти) амвол ба сифр баробар аст. Пас доллару дигар асъори хориҷӣ аз ҳаво биояд? Ягона манбаъи вуруди асъори хориҷӣ ин рубли русӣ аст, ки бо арақи ҷабини мардикорони тоҷик ба даст омада, аз Русия ба Тоҷикистон интиқол мегардад. Баъзеҳо рубли хешро дар Русия ба доллар иваз намуда (аз бало ҳазар, гӯён), ба хона доллар мефиристанд. Тавре медонем, як ду моҳи ахир қурби рубли русӣ нисбат ба доллар боло рафта буд. Ана аз хотири чӣ муддате доллар поён шуда буд. Мардикорон бештар доллар мефиристоданд. Ҳоло рубли русӣ боз поён рафта истодааст. Ин ба даромади мардикорон таъсир мекунад ва дар натиҷа интиқоли он ба Тоҷикистон кам мегардад. Пас доллар боз гаронтар мешавад, зеро кам шуд. Акнун равшан шуд, ки ҳамаи мо аз ҳисоби мардикорони бечора ва танҳову беҳимоят дар Русия зисту зиндагӣ мекунем? Бонки миллӣ бояд мардонавор ба ин далели айён иқрор шавад. Вазъияти иқтисодӣ натанҳо ҳузнангез (гиряовар), балки даҳшатангез аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)