Бахшҳо

Фарзанди Фаҳим муовини аввали раёсати амнияти миллии Афғонистон шуд

Адиб Фаҳим, фарзанди ягона маршали Афғонистон, марҳум Муҳаммад Қасими Фаҳим аз роҳбарони пешнии ҷиҳодӣ ва муқовимати Афғонистон ва яке аз наздиктарин қумандонҳои муҷоҳиддин ба Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони муовини аввали раёсати Амнияти миллии Афғонистон таъин шуд. Адиб Фаҳимро доктор Абдулллоҳ Абдуллоҳ, раиси ҳукумати иҷроии Афғонистон барои ҳамкоронаш муаррифӣ кардааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими муаррифии Адиб Фаҳим гуфтааст, ки “эшон фарзанди бунёдгузори амнияти миллии кишвар маршал Муҳаммад Қасими Фаҳим аст ва ман барояш орзуи муваффақият мекунам”.

Раҳматуллоҳ Набил, раиси умури амнияти миллии Афғонистон дар ин маросим ба мансаб омадани Адиб Фаҳимро қадаме ба суйи тараққӣ ва пешрафти созмони зери раҳбарияш хондааст.

Таъини фарзанди Фаҳим ба мансаби муовини аввали раёсати амнияти миллии Афғонистон дар ҳолест, ки бо гузашти бештар аз як сол ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон танҳо дар ҳафтаи пеш муваффақ шуд, ки раиси амнияти миллии ин кишвар дар парлумон қабул шавад.

Муҳаммад Қасими Фаҳим аз ҷумлаи бунёдгузорони низоми навини кишвараш ва ҳомии суботу ҳамбастагии Афғонистон дониста мешуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими муаррифии Адиб Фаҳим аз падараш чунин ёд кардааст: “Вай тамоми талоши мумкинро дар мавриди шаклдиҳии сохторҳои сиёсии фурӯрехтаи Афғонистон кард ва дар канори дигар давлатмардони Афғонистон пояҳои як давлати демократӣ ва мардумиро мустаҳкам сохтааст”.

Қасими Фаҳим соли 1957 дар Панҷшери Афғонистон таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро мегирад ва ба хотири пешбурди таҳсилот дар соли 1972 вориди мадраси Дорулъулуми арабии Кобул мешавад. Дар соли 1980, пас аз кудато барои иштирок дар ҷиҳод алайҳи режими куммунистӣ ба Покистон ҳиҷрат намуда, баъдан ба Афғонистон бармегардад ва муборизаи муссалаҳонаи худро идома медиҳад.

Баъд аз суқути ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ ва пирӯзии муҷоҳиддин дар 5 саври соли 1371-и хуршедӣ дар раъси неруҳои муҷоҳиддин вориди Кобул гардид ва дар ҳамин сол ба ҳайси вазири амнияти кишвараш муқаррар мешавад. Бо сайтараи Толибон дар соли 1996 барои чанд муддат ба ҳайси фармондеҳи умумии неруҳои муқовимат дар вилоёти шимоли Кобул ифои вазифа менамояд.

Баъди шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд роҳбарон ва фармондеҳони муҷоҳиддин ба манзури инсиҷоми беҳтари неруҳои муқовимат ва мудирияти буҳронитарин шароит Муҳҳамад Фаҳимро ба унвони фармондеҳи кулли неруҳои давлатӣ ва муқовимат интихоб намуданд. Баъд аз конфронси Бон ва эҷоди идораи муваққат ба ҳайси муовини аввал ва вазири дофои миллӣ таъин шуд. Моҳи майи соли 2002 ба поси хадамоти арзанда ва нақши ҳамаҷонибааш дар озодии ватанаш баландтарин рутбаи низомии Афғонистон, яъне маршалро дарёфт мекунад.

Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, 9 марти соли 2014, замоне ки масъулияти ноиби аввали раисиҷумҳури исломии Афғонистонро дошт ва ба унвони яке аз пешвоёни тоҷикони ин кишвар шинохта мешуд аз дунё даргузашт. Дар робита ба даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим ҳукумати Афғонистон се рӯз мотам эълон карда буд.

Адиб Фаҳим 30-сола буда, ба унвони дипломат ва сиёсатмадори ҷавон дар Афғонистон шинохта мешавад. Ӯ фориғуттаҳсили донишкадаи ҳуқуқ ва равобити байналмилалии Донишгоҳи Кобул, риштаи равобити байналмилали Донишгоҳи Шарҷаи Аморати муттаҳидаи Араб ва давраи магистратураи яке аз донишгоҳҳои Ню Йорк дар риштаи идора ва полиси омма мебошад.

То ин замон Адиб Фаҳим дар вазифаҳои муовини раёсати полисӣ ва назорат дар дафтари Шурои амнияти миллӣ, муовини раёсати иқтисодии Вазорати хориҷа ва раиси раёсати дувуми сиёсии Вазорати хориҷа кор кардааст. Пас аз даргузашти падараш аз симаташ дар Вазорати хориҷа истефоъ дода ба ҳайси ҷонишини муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон дар умури равобити мардумӣ таъин гардида буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)