Бахшҳо

Зане, ки кампири маъюбро бо болишт кушт, 25 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе Ҳабиба Тешабоева, як сокини пойтахтро дар куштори Муборак Аюбова, як зани солманд ва маъюб муҷрим шинохта, 25 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Ҳабиба Тешабоева, ки бар ивази 750 сомонӣ -- Муборак Аюбоваро дар манзили худи ӯ, дар Душанбе нигоҳубин мекардааст, бо истифода аз болишт нафасгир ва ба ҳалокат мерасонад. Ҳодисаи мазкур соли 2014 ба вуқӯъ пайваста, додгоҳи Душанбе дар мавриди эълони ҳукми Тешабоева якуми июни соли 2015 хабар додааст.

Манбаъ мегӯяд, маҳкумшуда бо хоҳиш ва дархости фарзандони Муборак Аюбова бар ивази маблағ ӯро нигаҳбонӣ мекардааст: “Марҳум Муборак Аюбова аз сабаби бемор ва пиронсол буданаш аз корҳои анҷомдода ва ё иҷрокардаи Тешабоева нисбати ӯ эрод мегирифтааст ва доимо номбурдаро таҳқир мекардааст. Аз ин рафторҳои охирин Тешабоева дар ғазаб шуда, дар ботини ӯ нисбати Аюбова нафрат пайдо гардида, дар замираш қасди куштори охирин пайдо гардидааст”.

Ба иттилои манбаъ, субҳи 28 августи соли сипаришуда, баъди ба кор рафтани фарзандони Муборак Аюбова, “Ҳабиба Тешабоева фурсати муносиб пайдо намуда, дидаю дониста, ки Аюбова пиронсолу бемор буд, дар ҳолати оҷизона карор дошт ва муқобилят нишон дода наметавонад, ба пушти сари ӯ бо радиои тамғаи “Колон”, як зарба задааст, ки дар натиҷа Аюбова аз зарбаи задаи Тешабоева беҳуш шудааст. Сипас Тешабоева болишти махмалини пахтагинро ба рӯи Аюбова гузошта, онро бо дастонаш зер карда, то фавтидани охирин онро аз рӯяш нагирифтааст”.

Баъди ин амал маҳкумшуда ду ангуштарии тилло ва як ҷуфт гушвори тиллои Аюбоваро аз гардан, дастон ва гушаш гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Додгоҳи Душанбе Ҳабиба Тешабоеваро бо моддаҳои 247 қисми 3 банди “а”, 104 қисми 2 бандҳои “в,м” ва моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,в”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ӯро ба муҳлати 25 сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)