Бахшҳо

Ҳукми эъдоми марде, ки духтарашро таҷовуз кардаву аз ӯ ду фарзанд дошт

Додгоҳе дар Кобул як мардро дар дастдарозӣ ба номуси духтараш гунаҳкор дониста, ӯро ба эъдом маҳкум кард.

Ин духтари 23-сола ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, падараш беш аз 10 сол бо ӯ иҷборан ҳамхобагӣ карда, ҳосили ин ҳамхобагӣ 2 фарзанд: як духтар ва яке писар мебошад. Инчунин ӯ гуфта, 4 мавриди дигар маҷбур шуд, исқоти ҳамл кунад.

Ба қавли ӯ, барояш бисёр ба сахтӣ даст дод, то битавонад додгоҳро мутақоид созад, ки аз сӯи падараш таҷовуз шудааст ва ин бачаҳо ҳам аз роҳи номашрӯъ аз падараш ба дунё омадаанд. Дар гузориши Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфта мешавад, духтар як сол қабл ба додгоҳ шикоят бурдаву мегӯяд, фарзандаш аз падар таваллуд шуд ва тифли дар батнаш ҳам бар асари таҷовузи падараш мебошад. Додгоҳ барои исботи ин иддаои духтар ташхиси DNA (ДНК) таъин менамояд. Натиҷаи ташхиси DNA дар Амрико аз хун, оби даҳони духтар, фарзандонаш ва падараш собит карда, ки ин ду тифл ба падари духтар тааллуқ доранд. Додгоҳ ҳукми худро бо истинод ба ҳамин озмоиши DNA содир кардааст.

Руҳуллоҳ, як вакили мудофеъ гуфтааст, агар ин озмоиш намебуд, имкон дошт, духтар ба муҷозоти сангине мувофиқи қонунгузории Афғонистон ва қонунҳои исломӣ гирифтор шавад.

Ин духтар гуфтааст, ҳамагӣ 4 ё 5 сол дошт, ки падараш ба Эрон рафт ва баъди чанд соле, ки падараш бармегардад муштоқи дидори ӯ будааст, зеро муҳаббати амакҳояш ба фарзандонашон ин умедвориро дар дили ӯ ба бор оварда буд: “Вале чун падарам баргашт ба ман муҳаббате аз ҳад зиёд нишон медод ва маро бо ҳаракатҳои ғайриоддӣ навозиш мекард. Аз ин амалкарди падарам ба модарбузургам хабар додам, вале модарбузургам маро сарзаниш кард, ки ҳама падарон духтарони худро навозиш мекунанд. 14 ё 15 сола будам, ки падарам шабе ба ман бо зӯр таҷовуз кард. Тарсида будам, шоккӣ гирифта будам ва дар гӯшае худро канор зада будам”.

Ба нақли ин зан, таҷовузи падараш то замоне ҷараён мегирад, ки ӯ бордор мешавад ва падар онҳоро аз Кобул ба Бағлон мекӯчонад. Дар гузорише, ки Бӣ-Бӣ-Сӣ пахш кард, духтар мегӯяд, вақте дар Бағлон таваллуд кард, падараш тифлро дар саҳро партофт. Ин духтар мегӯяд, падар фурсат намедод, то модараш дар ин маврид чизе бигӯяд.

Ба иддаои ӯ фарзандонаш аз падарро барои он ба дунё овард, ки битавонад дар додгоҳ даъвояшро собит кунад, зеро вақте бори аввал ба додгоҳ шикоят бурд, қозӣ гуфта, “замоне бордор шудӣ, чаро худатро накуштӣ ва ё чаро ҳамлатро сиқт накардӣ?”

Ин зан баъди зиндонӣ шудани падар бо пуштибонии фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон тамоми қиссаи талхи зиндагияшро тавассути яке аз телевизионҳои маҳаллӣ нақл мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд падари духтар дар додгоҳ ин гуноҳашро ба гардан нагирифт, вале қозӣ бо истинод ба ташхиси DNA ҳукми эъдомро нисбат ба вай содир кард. Ин духтар гуфтааст, ба иҷрои ҳукми қозӣ пойфишорӣ хоҳад кард, то бо ин роҳ тавонад сарнавишти талхи чандин духтари афғонро наҷот бидиҳад.

Ҳамида Вардак, яке аз мудофеини ҳуқуқи зан дар Афғонистон гуфтааст, то ин ки ҳукми додгоҳ содир шавад, онҳо аз “ҳафт хони Рустам” гузаштанд, вале духтарро зиндагии душворе дар пеш аст ва баъди солҳо ӯ бояд ба фарзандони худ бигӯяд, ки падари онҳо чӣ касе буд? Худи духтар гуфта, бо фарзандонаш, ки дар айни замон хоҳару бародараш ҳам мебошанд, зиндагии ногуворе дорад ва эҳтимол қасосгирии хешовандони падараш ҳам вуҷуд дорад.

Саҳро Мусавӣ, яке дигар аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон гуфта, акнун бо пуштибонии онҳо барои ин зани 23-сола як чархаи дӯзандагӣ фароҳам кардаанд, то зиндагии худро бичархонад.

Ин ҳодиса дар ҳоле ҷомеаи Афғонистонро такон дода, ки чанде пеш Фархунда, як духтари 27-сола бо иттиҳоми сӯзондани китоби “Қуръон” дар қарияи Шоҳи Душамшераи Кобул аз сӯйи тӯдаи мардум давоми ду соат латту кӯбу сангсор ва баъдан ҷасадаш дар канори яке аз рӯдхонаҳои Кобул оташ зада шуд. Баъдан, эълон гардид, ки Фархунда китоби муқаддаси мусалмонҳоро насӯхта будааст.
Мӯҳр
Мусофир
Лаънати Худо бар чунин одам!!
Эъдомашро дар майдони марказии Кобул иҷро кунед, то барои дигарон сабақ шавад.

ммммм
марг ба чунин падари бевичдон

Abdi
Худо лаънат кунад! Лаин.

Зихи Бозор Собир!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Dev
Safiri afgonho dar Dushanbero majbur boyad kard,ki az Bozor Sobiru az mardumi "kutohi" tojik mazarat pursad .

АбдуРахмон
Эхтиёт карданамон зарур аст аз он бачпхое,ки холо дпр Эрон мехонанд!!!

чорубов
Устод бозор собир Чанде пеш бархак нисбати афгонистон гупта буд!

Боз мамлакати исломӣ будасту қонунҳояш аз рӯи шариат будаанд.. Эҳ вой

Suhrob
Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

ноором
ин одам нест и махлуке аст ки ба одам монанд хастан ба гунохи як шариатзада тамоми Мусулмона паст накунен харкас ба гунохи худ хдш чавоб мета ИЛТИМОС

vfy
Давлати Исломи!!! Ана чи кор мекунанд инхо, ба мо хам дарс шавад, духтаронро аз хондан боз надоред, писаронатонро аз илми замонави борхурдор кунед!!!!

Хайрхох
Чи гуна падар..... духтари худро..? эй вой дунёи фони! Эй вой. Тавба. Руз ба руз ин гуна падидахо афзоиш меёбанд. Мусалмону мусалмони аз руи замин канда мешавад. Охири замон. Офтоб масири худро гум мекунад. Ситорахо канда мешаванд. Обхои бахрхо зиёд мегарданд. Чахон ноором мешавад. Мардхо худро ба зан шабохат медиханд. Занхо либоси мардона ба бар мекунанд. Дуруггуи зиёд мешавад. Мехри падарию фарзанди коста мегардад. Хамаи ин нишонахои киёматанд, ки паёмбар 1400 сол кабл чахоиёнро аз он дарак дода буд. Акнун ин рузхо фаро расида истодаанд. Чанги Сурия низ як нишона киёмат аст. Дунёро танхо як хукумат идора мекунад. инхам сухани Мухаммад аст. Шояд ин ДИИШ бошад? Инхо чахонро мегиранд.

Назар,
Назарчон назари кутох доштаи. Имруз кадом сарзамину кадом чомеа аз ин чиноятхо холист?

проБозор,
Пробозор! Оё гунохи бозор аз ин мард дида бузургтар нест?


Ба ин мард, хайфи номи "падари".

АбдуРахмон. ...
Зинда бошед кормандони "Озодагон "-
-Эй он касоне,ки амалхои чиноятии хар шахсро ба Исломи Пок ничбат медихед-АЗ АЛЛОh БИТАРСЕД!- Суханхои он духтарро хонед,ки мегуяд-баьди аз Эрон баргаштанаш падараш чунин кард!!!-Мумкин зардушти шуда бошад!?-Аз кучо гирифтед,ки он мусалмон аст?-ва калтак ба сари "дин"-мезанед! Бехтараш аз таьна эадан ба дин - Куръонро хонед кани вомехуред ба ин гуна бадахлоки???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)