Бахшҳо

Баҳси пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Раҳмон ва Шойгу

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Русия масъалаи пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистонро ба баррасӣ гирифтаанд.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзӯъ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу, ки имрӯз, 4 июн дар Душанбе сурат пазируфт, баррасӣ гардид. Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор, “таваҷҷуҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид”.

Инчунин, дар мулоқоти мазкур масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия дар асоси санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба матраҳ шудаанд: “Дар ин робита доир ба навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия бояд тақвият ёбад”.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу доир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ табодули назар кардаанд.
Мӯҳр
Мо бояд Армияи Худамонро Бо Яроку Асляи Нав Тамин Кунем Арендаи Барои Базашон 200миллон доллар бтан Дуруг Наган Мо Армияи Худамонро Пешсаф мекунем

Мурод
Бародар кадом армия.Агар Россия дастгири накунад дар нимсоат Точикистонда медароянд

Фирдавс
Тоҷикистон бояд фақат бо Афғонистон сарҳадро якҷоя ҳимоя кунанд. Русия дар инҷо даркор нест. Муносибат бояд дар масъала бо Афғонистон кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)