Бахшҳо

Фармондеҳони марзбонии Тоҷикистону Эрон: Ҳанӯз ҳузури ДИИШ дар минтақа таъйид нашудааст

Қосим Ризоӣ, фармондеҳи Неруҳои марзбонии ҷумҳурии исломии Эрон дар поёни як сафари серӯза аз Тоҷикистон имрӯз, 4 июн дар мавриди аввалин нишасти муштараки фармондеҳони марзбонии ду кишвар бо ҳамтои тоҷикаш -- Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Кохи Наврӯз суратҷаласаи марбутро ба имзо расонид.

Фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар гуфтаанд, ҳанӯз ҳузури гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар минтақа ба таври расмӣ таъйид нашудааст. Фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар аввалин нишасти муштаракро оғози як ҳаракати ҷадид барои тақвияти таълимоти ҳамкориҳои амниятӣ дар сатҳи минтақа донистаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфтааст, зимни сафари Қосим Ризоӣ тавофуқоти дуҷониба дар мавриди таҳкими амнияти марзҳо ва омӯзишу омодасозии мутахассисон ва табодули таҷриба ҳосил ва гуфтугӯҳои лозим анҷом шудааст. Қосим Ризоӣ аз ҳамтои тоҷикаш даъват кардааст, соли ҷорӣ ба Эрон сафар кунад. Ӯ аснои суханронӣ гуфтааст, “таҳдидҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар Ховари Миёна, ғарби Осиё дар ҳоли тавсеъа қарор доранд, аз ҷониби гуруҳҳои террористию тундрав буда, зарур аст дар ин замина таҷрибаҳои худро мубодила кунем”.

Ҳар ду фармондеҳ гуфтаанд, бо ноамниҳое, ки дар Афғонистони ҳамсоя ва минтақа вуҷуд дорад, навобаста аз набуди марзи муштарак миёни ин ду кишвар, ҳамоно зарурат ва ниёзмандӣ барои ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва дигар иқдомоти вижа ба хотири таъмини аминияти дохилӣ ва минтақавӣ вуҷуд дорад.


Акс аз farsnews
Мӯҳр
Абдулло
Амният хушйор бошед бо сарбозхоямонро тамринхои террористонро наомузонанд. Ранги Арико ки Халимовро омузонид!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)