Бахшҳо
05 июн 2015 10:00Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Э.Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои мусалмонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 июн вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии ин созмон ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иттилоотӣ дар фазои кибернетикӣ баррасӣ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ ва таъсири манфии чунин вазъият ба минтақаи мо, изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштааст, “сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд”.

Раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, Тоҷикистон паёмадҳои ифротгароию терроризми сиёсиро ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарондааст ва мардуми кишвар даҳшатҳои чунин зиддиятҳои хунинро хуб дар хотир доранд ва имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад.

Дар ин мулоқот ҷонибиҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба таҳким ва густариши минбаъдаи заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамгироӣ барои таъмини сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.
Мӯҳр
точик
Сабабгори асосии шиддат гирифтани авзои сиёси ва ичтимоии кишвархои исломи, хукуматхо ва рахбарони диктатори ин кишвархо хастанд ва худашон иш шиддатро ба вучд овардаанд, агар хар президент сари вакт аз мансаб раваду дар гирди худаш хешутаборашро чамъ накунад авзоъ шиддат намеёбад.

тачрибаи зиндаги
Имруз барои нигох доштани суботи сиёси ва таъмини рушди бонизоми ичтимоию иктисодии аз таоми захирахо истифода бояд кард. Бисёр суханони ояндасоз. Пештар мо солхои 90ум мо суботи сиёсииро нигох медоштем, хоир ваъзи ичтимою иктисодии чумхури тамоман дар дигар сатх буд. Бо хама тазодхои хаёти чаъмияти мо мардум ва давлатро зарураст, ки дар ин масъла хушёр бошад. Давлатро зарур аст фард ё гурухе аз дохили давлат барои манфиатхои шахсии ё гурухии худ дар назар дуст вале дар вучуд душман ё аз нодони, ё ах манфиати шахси ё аз манфиати душмани ба давлат душман тавлид накунанд. Агар инро дуст ва аблахони беандеша кунанд хизмати хирсона аст ва душман кунад вазифаи чонии худро ирочро мекунад. Ончизеро дусти нодон мекунад, аз кардани он душмани доно очизаст. Мардумро зарур аст, ки бо хама каму беши зиндаги хуну пусти худро шинохта , фирефтаи андешаи захрноки душман нашавад.

Трусхо агар метарсен лишно ягон макола барои воломакомхо чоп накунед. Ман хаёл кардам, ки дар шумо демократия хаст. Хайфи шумо. Агар тариф кунан чоп мекнед агар не, не. Чукида шинед.

Пулод
Хохед ки ороми шавад бояд аз махалгарои ва хешу таборчиги даст кашид

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)