Бахшҳо

Даъват аз Э.Раҳмон: Бунёди НБО Сарезро дар Конфронси об ба миён бигузоред

Юрий Севенард, доктори илмҳои техникӣ, роҳбари сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак ва Александр Рябкин, номзади илмҳои техникӣ, роҳбари Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда 1” бо нашри як номаи саркушода аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, дар Конфронси сатҳи баланд доир ба масаъалаҳои об бунёди НБО-и Сарезро ба миён бигузорад.

Муалифони нома гуфтаанд, бунёди НБО Сарез дар кӯл бо истифода аз сарбанди Усой ба сифати сарбанди табиӣ имкон медиҳад, ки амнияти мардуми Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон аз хатари кандашавии кӯли Сарез таъмин гардад: “Аз 9 то 11 июн дар Душанбе бо иштироки Шумо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар бораи натиҷаҳои амалиёти даҳсолаи “Об барои ҳаёт” доир мегардад. Дар ҷараёни Конфронс баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи захираҳои об ва рушди гидроэнержӣ, ки ҳалли онҳо барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, дар назар аст”.

23-24 декабри соли 2014 дар Маскав як Мизи гирд дар мавриди мушкили тамоми минтақаи Осиёи Миёна – масъалаи кӯли Сарез доир шуд. Дар ин мизи гирд бори дигар аз ҷониби мутахассисон аз вазъи сарбанди Усой нигаронӣ шуда, ба сифати бехатар гардонидани он пешниҳод гардид, қисме аз оби он кам ва НБО-и Сарез сохта шавад. “Дар натиҷаи корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ ва насбу роҳандозӣ мумкин аст, таъмини амнияти ҷони шаш миллион аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон кафолат дода шавад”,-гуфта шудааст дар мактуб.

Дар ин номаи боз инчунин гуфта мешавад, ки бо бунёди НБО-и Сарез бо истифода аз сарбанди табиии Усой на танҳо имкони таъмини Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо барқ мебошад, ҳамчунин имконият фароҳам мешавад, ки нерӯи барқро ба Афғонистон, Чин ва Покистон содир кард: “Ҳалли ин масъала, ки бо хароҷоти ҳангуфт гиреҳ мехӯрад берун аз тавони Тоҷикистон аст. Ҳамчунин чандон душвор нест, ки бо мушаххасоти фаннии масъала мешавад онро муваффақона ҳал кард, агар барои ҳалли мушкили Сарез кишварҳои минтақа ва кишварҳои сармоягузор ҷалб карда шаванд”.

Кӯли Сарез дар минтақаҳои баландкуҳи Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст. Дарозии ин кӯл 56 км ва чуқурии он 500 метр мебошад. Кӯл дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, он ба гуруҳи кӯлҳои сарбанд ё саддор дохил мешавад. Сарез моҳи феврали соли 1911 баъди як заминларзаии 9 балла пайдо шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ маҷрои дарёи Мурғоб баста мешавад ва сарбанди табии 567 метра ба вуҷуд меояд. Ҳамчунин дар натиҷаи ин ҳодиса ҳамон сол деҳаи Сарез зери об мемонад ва аз ҳамин ҷо номи Сарезро мегирад. Кӯл то соли 1914 дар ҳолати ором буд, то замоне, ки аз зери сарбанд аввалин чашмаҳо пайдо нашуданд.

Дар соли 1967 дар соҳили рости кӯл қитъае пайдо шуд, ки хатари лағзишро дошт. Андозаи минтақаҳои сустгашта 1,25 км мурабаъро ташкил медод. Бар асоси пешгӯйии як қатор олимон имкон дорад, бар асари заминларза мавҷи бузурги об ба вуҷуд ояд, ки аз сарбанд боло гузашта дар навбати аввал сели азимеро ба бор оварад ва дар қадами дувум баданаи сарбандро шӯяд.

Дар сурати кандашавии сарбанди табиӣ оби кӯл сарозер мешавад, ки сели бузурге бо иқтидори ҳангуфт ва дарозе ба бор меояд. Ин обхезӣ ҳудудҳои қад-қади дарёи Омуро фаро мегирад, ки ба харобшавии нуқтаҳи бисёри аҳолинишин ва иншооти гуногуни саноатӣ дар қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон оварда мерасонад.
Мӯҳр
сахмдор
Факат бе мачбури бо халкро сахмия гуфта гаранг накунед илтимос аввал пулро ебед бад сар кунед

Пешниходи хуб ва нихоят мухимест, ки ба манфиати кишварамон -Точикистон хохад буд. Зеро бо ин рох низ ба истиклолияти энергетики расидан мумкин аст. Бигзор он хам мисли НБО и Рогун стратегияи давлат бошад!!!

Кулябец
Бехтарин акида! Бигузор ин лоиха дустию хамдигарфахмии хамсояхоро баркарор намояд.

Кулябец
Бехтарин акида! Бигузор ин лоиха дустию хамдигарфахмии хамсояхоро баркарор намояд.

Русхои ин чо пешниход карданд, русхои кремл таёранд онро сохтмони онро гиранду дар оянда он хам моли руссия шавад.

Нурбуц
Агар Парвардигори олам мадад кунад Бартанги солхо азобкашидаи ман чарогон хохад шуд. Омин ё рабил оламин

99
Ду олими рус ин пешниҳодро мекунаду, пас давлати рус ин пешниҳодро ҳамчун фишанг ба муқобили мардуми мо истифода мебарад!
Ҳамин русҳо набуданд, ки "Роғунро месозем", гуфта 4 млрд доллар ваъда карда моро фиреб доданд ва пас, вақте ки мо худамон иқдом кардем, ки Роғунро созем, худи ҳамин русҳо бо ҳар шайтонӣ муносибати узбакистонро бо мо бад карданд!?
Боз ба ҳамино бовар мекунед?
Оё худи мо намедонем, ки дар куҷо ва кай бояд чӣ созем?
Барои Роғун 40 сол шуд, ки маблағ намеёбему, барои инаш аз куҷо пайдо кунем? Инро русҳо хуб медонанд, ки мо пул надорем ва ҳатман пешниҳод мекунанд, ки мо аз сохтани Роғун даст кашему, аз русҳо ба ивази 80-85% даромад ин корро сар кунем!?
Боз найранги навбатӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)