Бахшҳо

Путин: Русия дар Тоҷикистон пойгоҳ не, неруҳои зиддитеррористӣ дорад

Владимир Путин пойгоҳи ҳарбии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистонро на пойгоҳи ҳарбӣ, балки қувваҳои зидитеррористӣ унвон кард.

Путин зимни сафараш ба Итолиё дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Corriere della Sera” гуфтааст, Русия дар хориҷ аз марзҳои худ пойгоҳи ҳарбӣ надорад ва ончи дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳаст, на пойгоҳ, балки неруҳои муҳими зидтеррористӣ мебошанд. Путин гуфтааст, “мо пойгоҳҳои ҳарбии худро аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон барчидем, аз ҷумла аз Куба, Ветнам ва кишварҳои дигар”.

Путин дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфтааст, масрафоти низомии ИМА ва НАТО хеле бузургтар аз масрафоти низомии Русия мебошанд ва набояд ахборпароканӣ кард, ки Русия мехоҳад ба қаламрави кишварҳои узви НАТО ҳуҷум намояд. “ИМА мехоҳад пешвоии худро дар НАТО ҳифз кунад, барои ин зарур аст, ки як хатари беруна, як душмани хориҷӣ дошта бошад, то ин пешвоияшро ҳифз намояд. Эрон чунин як хатар нест. Киро бояд тарсонд? Буҳрони Укроин аз куҷо пайдо шуд? Русияро лозим буд, ки вокуниш нишон бидиҳад. Шояд ин кор махсус анҷом шуд? Ман намедонам. Вале инро мо накардем”,-гуфтааст Путин.
Мӯҳр
amg
Ман намедонм гуфтааст Путин дар охири гап. И нависанда ки боша ? Ма ами ахмият додестам бисер хатои кардестен Озодагон.

Abdullo, Taj
Putin I love you and your nation. Your country is strong and i do not thing you should fair. Go ahead!!!

Кулябец
Путин бо як бовари Точикистонро на пойгохи харби балки хамчун хонаи худ муаррифи кардааст!!
Хукумати Точикистон хатто барои Россияро хамчун шарики стротеги ном бурдан гайрате надорад. Аз ин бегайратихо дида як вилояти Россия шавем бехтар!!

Abdullo, Taj,
Садқаи номи Абдулло шавӣ! Инқадарки ба Путин ва миллияти ӯ муҳаббат изҳор мекунӣ, номаъқул мекунӣ дар Тоҷикистон аз боду ҳавои ин кишвар нафас кашида. Маълум аст, ки саводи сиёсиат ба нол баробар аст.
Путини (Путлер) ту агрессор, шовинист ва фарисей (дурӯя) аст. Ончӣ ки ӯ "қувваи зиддитеррористӣ" номида аст, расман "201 мотострелковая дивизия. Военная база РФ в Таджикистане" ном дорад. :6000 ҳазор сарбозу афсар дорад. Қувваи зиддитеррористии Русия г..ҳ мехӯрад дар Тоҷикистон? Ягона кишвари террористӣ ва ба сулҳи ҷаҳон хатарнок худи Русия буд, ҳаст ва мемонад. Ва худи Путин бузургтарин террорист аст, ки оянда ҳатман ба трибунали Гаага хоҳад рафт. Ту агар медонистӣ, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 Тоҷикистонро русҳо ташкил ва роҳандозӣ карда буданд, кӣ дар натиҷа 100 ҳазор тоҷик кушта ва бе хону мон шуданду Тоҷикистон даҳсолаҳо аз рушд монд. Медонӣ, ки он дивизияи 201 бояд аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон мерос мемонд? Ин ҳаққи ҳалоли мо бояд мешуд. Ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳаққи худашонро гирифтанд, ғайр аз Тоҷикистон. Аз сустиродагии ва бесаводии сиёсатмадорони солҳои 90 истифода бурда, он дивизияро натанҳо ба Тоҷикистон надоданд, балки аз Тоҷикистон берун накашиданд. Он ҳамчун фишанги фишор ва таҳдид ба халқ ва ҳукумати Тоҷикистон боқӣ монд. Ахирон фишорҳо чанд сол пеш барои тамдиди он дивизия ба 50 соли оянда сурат гирифтанд. Роҳбарони мо мехостанд онро фақат ба 5 сол тамдид кунанд, вале Русияи ҳилагар мардикорони муҳоҷирро дастак карда, 50 солро иҷборан сари мо бор кард. Қувваи зиддитеррористии ҳар як кишвар бояд дар қаламрави худаш бошад, на дар масофаи ҳазорҳо километр дур аз он ҷо! Оё ақли ту ба ҳамаи ин масоил мерасад? Ақлат мерасид, ту худнамоишӣ карда, ниму нимкола бо забони англисӣ нименавистӣ. Зӯрат мерасад, бинавис афкори хешро бо далелҳо. Ончи ман инҷо овардам фақат як қисми кӯчаки таърихчаи 201рус аст. Бароия васеътар навистан ҷо намерасад. Иловатан бипурсам, ки компютерат ва телефони дастиат сохти Русия аст? Автомашинаи худат ё аз падарат, мошини ҷомашӯии зан ё модарат, ТВ, ДВД ва дигар дастгоҳҳои хонаат сохти Русияанд? Is that your strong Russia? Russia is highly militarized autocratic, aggressive & nondemocratic state with merely very poor civil economy. Its power is in its tanks, guns, jets and in its missiles. Зӯри руси ту фақат ба кишварҳо мисли Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон мерасад. Зидди ИМА ва кишварҳои Урупо коре карда наметавонад. Як ба пулашон нигоҳ кун; хору зор шуда истодааст.

Доваршох
Хокирох
Оиди гирифтани дивизияи 201 аввали солхои 90 вокеият дар дигар чо аст ва гапу калочахо хеле зиёданд. Таърих ба хамааш бахои вокеи медихад. Лекин бояд гуфт ки аз шахсоне ки дар он солхо мухолифи натсионализатсиякунони буданд, холо низ дар курсихои баланди давлати нишастаанд ва парвои окибати Ватанро надоранд. Онхо бо имруз зиндаги доранд бе фикри фардо. Худо илохим ба хар каса аз руи хизматаш бахо дихад. Хаволаашон ба худо!
Лекин бояд гуфт ки тамоми техника ва яроку аслихае, ки то пошхурии СССР дар дивизияи 201 буд, ба Точикистон баргардонида шудааст.

ОФАРИН ЮСУФ...
БЕХТАРИН СУХАНХО ВА ХАКИКАТРО ГУФТЕД...

ahmad,
Ташаккур, бародар. Ман ҳоло ҳамаи суханоне, ки дар дилам аст, нагуфтам. Тайи 150 соли охир Русия ва русҳо дар ҳаққи тоҷикон ҷиноятҳои беандоза кардаанд (инчунин тайи 40 соли охир дар ҳаққи афғонҳо ва Афғонистон)! Сар аз тақсимоти нодурусти ҷуғрофӣ дар Осиёи Миёна, ки дар натиҷа марказҳо тамаддуни қадимаи тоҷикон Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Сариосиё ва чанд минтақаи дигари тоҷикнишин ба Узбакистон гузашт. Аморати Бухороро, ки бу куллӣ давлати тоҷикон ҳисоб мешуд, ва дар масоҳат аз Тоҷикистони имрӯза бузургтар буд, титу пит карданд. Вале бузургтарин ҷинояти русҳо ҳамоно аз байн бурдани хати арабиасоси форсии тоҷикӣ боқӣ мемонад, ки дар натиҷаи иҷборан таҳмил кардани алифбо ва забони русӣ, забонӣ тоҷикӣ фалаҷ шуд ва ҳоло забони тоториро монанд аст. Бархе тоҷикҳо аз худ манқурт сохтаанд, ниқоби русӣ бар тан карда, аз забони тоҷикӣ ва тоҷик будани хеш хазар мекунанд. Бадтарин ҳолат ин аст, ки ҳукмати руспарасти тоҷик ба вуҷуд омада, ки дар баробари қатлу куштор, таҳқиру тавҳини тоҷикон ва Тоҷикистон дар Русия ва аз ҷониби Русия, ҳабби хомӯшӣ ба даҳон гирифта, коре карда наметавонад ва намехоҳад. Ин сарнавишт солҳост домангири мост ва маълум нест, ки кай моро раҳо мекунад. Ба фикрам то даме, ки мо ғурури миллӣ эҳсос бикунем ва нангу номус маҳкам нигаҳ дорем. То он дам "Abdullo Taj" барин манқуртони косалеси зиёд ба Путин муҳаббат изҳор хоҳанд кард ва ҳатто ҳозиранд, бо он террорист ҳамхоба шаванд. АЗ ОН РӮЗЕ ХУДО ДУНЁ БИНО КАРД, "БИҲИШТИ" КОСАЛЕСОНРО ҶУДО КАРД!" Инҷо ҳама чиз гуфта шудааст.

ноором
Юсуф Охир ами Точик чи дошт аз аввал мо номи хдмона навишта наметонистем русхо мора ай гломи озод кардан, мо дар дасти бойхои Точики худ глом бдем . меган русхо Точикора нагз намебина Охи бесавода ки дуст медора манам Точикуму неки мебахши баъзе чавоноеки ба Расия коркуни мерава ай куху пушта хамидаги акл надоран тамоман, албата хама ба холи уво механдан, мисоли оди Чиченохам мусулмонан чуваки ба халки рус дустан ё дигар милато ? то фарханг маданияти халк боло нарава назари дигаро ба мо паст мемона ма ба бовари комил гуфта метонм ки дигар мамлакато мора гирифтан ай содагии мо истифода мебаран хич мамлакат ба манфиати дигар мамлакат кор намекуна ира дониста бош Ту ай кучо медони мумкин дигарош аз индам батар кунан

баъд инки агар халки Рус нохурмати бисор кунан шумо метонен ба дигар мамлакат равен охи уво шуморо даъват накардайку

Abdullo, Taj
Юсуф бародар ба точики менависм бо яке нафахми. Биёр захмат кашидед. Узр агар ман хак набудам, вале то даме ман ба дунё омадам, мо хонаи факирона доштем, бародарамро натавонистем ба донишгох дохил кунем, худам курси 3 4 шудам кастюми навро надидам, мошин надоштем. Рости бародарам ба Маскав рафт хона сохтем, машина гирифтем, бародарамро хонадор кардем, мактаб дохил шуда, худаш низ хонадор шуд, рости бародари хурдиямро аз бепули аз донишкада ронданд ба Маскав рафт мактаб дохил шуд, хатто ба ман кастюми навро аз пули Россия дидам, ки чи гуна аст. Кисса бисёр.. Хамаи мо бояд аз миллати худ фахр кунем вале чигуна ба миллати дигар мухаббат надошта бошем? Ку ба америка аз Душанбе чипта харида ба осони рав ман гуям ту хак? то агар забонша аз уда аз худ накуни рафта наметони. 5 сол аст забони англиси меомузам то хол натавонистаам ба рафтани Амрико мушараф шавам. Хатто русира намедони ба русия мерави? точикое, ки дар Русия мемуран хай худат бояд дони 50 фоизаш аз хами хатогии худшонай. Нияти пок надоран хатто ба хаму зани урус. агар худатро пурсем шояд аз пули урус одам шудагии. ман рости сиёсатро хеч чиз мефахмам аммо..... гуфти и бародар мо агар босавод мешидем худат медони ба ягон мушкили дар Руссия ру ба ру намешудем. Хатто то хол мо аз чониби токзорхои бунёдкардаи........... гап бисёр узр акидаи хар шахс гуногун аст ... Масъалаи сиёсат аз Шумо донохо ман албатта аз давлат ва миллати точик фахр мекунам вале ба ин миллат низ эхтиром мегузорам. Ташаккур Озодагон!!

abdulla 2
Русхо хамхуни мо ориёихо! Азз мо зуранд ва хизматашон барои точик бекиёс. Моро сар намедиханд. Хубтар забоншона ёбему хамчун кисмати худудшон бошем. Баъди 10-12 сол инро нахохем хам мешавад

дар ин чанги миёни ду абарпкудрат мо бояд точикистониён як мушт шуда дар гирди Президентамон чамъ шуда зинда монем. зеро амрикоаш аз он тараф террористони худро ба марзхои мо овардааст аз ин тарафаш русия пойгохои худро дорад. мо дар миёна. аз гуруху гурухпарасти даст кашида бояд мо як бошем вагарна нест мешавем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)