Бахшҳо

Амалиёти вижаи БДА дар роҳҳои вилояти Суғд (ВИДЕО)

Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд ҳафтаи сипаришуда дар роҳу шоҳроҳҳои шимоли Тоҷикистон амалиёти вижае баргузор кард.

Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии сар задани садамаҳои роҳу нақлиёт, ошкор намудани ҳолатҳои ғайримақсаднок ва ба манфиати шахсӣ истифода бурдани нақлиёти хизмативу давлатӣ ва танзими истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҳадафҳои аслии ин амалиёт гуфта шуд.

Бори нахуст намояндаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Хуҷанд низ дар ин амалиёт ба ҳайси “нозир” ҷалб шуданд. Ин чорабинӣ дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен бо иштироки 15 гуруҳ иборат аз кормандони БДА, намояндагони ВАО ва сардорони шӯъбаҳои Раёсати ВКД дар вилоят сурат гирифт.

Муҳсинҷон Юсуфов, корманди дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар ин 6 шаҳру навоҳии Суғд амалиёти вижа дар ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО ҷиҳати ошкору пешгирӣ намудани нақзи қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиётӣ аз сӯйи ронандагону пиёдагардон роҳандозӣ гардид: “Дар натиҷаи амалинамоии рейди мазкур, дар маҷмӯъ 267 қоидавайронкунии ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шуданд, аз ҷумла:
- 2 ҳолат идораи воситаи нақлиёт ҳангоми мастӣ;
- 15 ҳолат рондани нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ;
- 3 ҳолат бо оинаҳои сиёҳкардашуда;
- 1 ҳолат бидуни рақами давлатӣ;
- 2 ҳолат бо рақамҳои бегона;
- 13 ҳолат вайрон намудани қоидаҳои ҷойивазнамоӣ;
- 21 ҳолат итоат накардан ба аломатҳои роҳ;
- 13 ҳолат аз меъёри муқаррарӣ зиёд намудани суръати ҳаракат;
- 42 ҳолат аз муоинаи солонаи техникӣ нагузаронидани воситаи нақлиёт;
- 14 ҳолат истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми ҳаракат;
- 16 ҳолат вайрон намудани қоидаи мусофиркашонӣ;
- 2 ҳолат итоат накардан ба талаботи корманди милитсия;
- 80 ҳолат қоидавайронкуниҳо аз сўйи пиёдагардон ва велосипедронон;
- 16 ҳолат дар ҷойи номуқарраршуда беназорат монда рафтани воситаи нақлиёт;
- 7 ҳолат итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо;
ва 20 ҳолат дигар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ”.

Ҷаноби Юсуфов афзуд, дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ баргузории чунин амалиёт дар ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ дар назар аст.

Зимнан, мақомоти пулис ҳадаф аз роҳандозии ин амалиётро ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеа ба риояи қоидаҳои ронандагӣ ва пиёдагардӣ ҳангоми убур аз роҳҳои мошингард, коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ҳифзи ҷони одамон медонанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод дар вилояти Суғд, вақтҳои ахир садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои маргбор дар шимоли кишвар афзоиш ёфтааст: “Дар зарфи 5 моҳи аввали соли гузашта дар роҳҳои нақлиётии вилоят 108 адад садамаҳои нақлиётӣ рух дода, 45 нафар ҳалок ва 101 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли равон 137 садамаро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3 кушта зиёд буда, 50 нафар бештар маҷрўҳ гаштаанд”.

Дар ҳамин ҳол, чанд навореро аз шоҳроҳи “Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров”, воқеъ дар назди Автостансияи “Конибодом – Исфара” манзуратон медорем, ки аксари онҳо бо баҳси ронандагону кормандони БДА анҷом ёфтааст ва ҳар яке аз онҳо дар ҷояшон худро “ҳақ” мешуморанд.


генка
Ами млесо сари хукумата мехран окибат

Барри чи чоп намекни?гаишника мегум ба номи ХУДО хата начикидам,мега ку сари даст бте, зан дори?5000доллар додагиюм вазифара харидум бояд корш кнм.чархи фалакай фромшт накуне!

555
ана лахзахои гуворо
видео 3
2:04

Ozodagon voqiyan man az shumo hohish mekunam , ki maxsusan dar robita bo kormandoni BDA yak tahqiqoti jurnalisti dar borai faoliyat va tarzi barhurdi onho bo ronandagon anjom dihed, helle olli meshavad. In kormandoni BDA viloyati Sugd maxsusan dar shahriston kormandoni BDA helle purru va badaxloqu durugguvu berahm hastand. Sur"ati harakati man 40 bud va moshinro nigah doshtandu guftand, ki suati harakatat 75 bud . Bo tavajuh ba in , ki 3 shohid dar moshinam doshtam harfamro qabul namekardu mislli vahshi bo man raftor mekard... Man qasti inro doram , ki in sari , ki ba viloyati Sugd safar kardam hamchun holathoro filmbardori kunam. In kormandoni BDA helle zolim hastand . Hamai moshinhoro nigah medoshtand va har kase , ki ba joi hujathoi moshin pul medod javob medodand va on kase , ki hujat peshnihod mekard bo 100 bahona uro jarima mekardand. Man taajub mekunam , ki hamchun juraatro ba inho ki doda boshad ? Oyo maqomothoi qudrati bo sabki kori in kormandon oshno boshand ? Zamone , kki man az u Udosvoreni pursidam ba man javob medod, ki man forma doram va arzat har kujoe boshad kun man ba tu vazifador nestam udasvoreni nishon diham... voqiyan joi taajub ast ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)