Бахшҳо

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистонро, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, дидори Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ субҳи имрӯз, 8 июн баргузор шуда, таваҷҷуҳи бештар ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардидааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, ки иборат аз қариб 80 санад мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, фаъол гардидани хатти барқии 220 – киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар ва нақшаҳои калонмиқёси минтақавӣ доир ба кашидани хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаҳои возеҳи густариши робитаҳои ду кишвар хонда шудааст.

Инчунин дар робита ба масоили кашидани лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон, сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон суҳбат шуда, ба тадбиқи босуръати ин нақшаҳо таъкид гардидааст: “Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома изҳор доштааст, “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари шумо алоқамандии хос дорем”.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар навбати худ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ карда, гуфтааст, “ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоботи президентии кишвараш ва ба мақоми Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расиданаш мебошад, ки ба Тоҷикистон рост омадааст”.


Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)

Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба масоили амниятӣ (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)