Бахшҳо
08 июн 2015 10:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Айби Шамсиевҳо: 600 000 $-и узви Шӯрои назди президентро аз худ кардаанд

Мақомоти Тоҷикистон падару писар-Алишер ва Парвиз Шамсиевҳоро, ки аз боздошти дуюмияш “Озодагон” ҳафтаи гузашта иттилоъ дод, дар он айбдор мекунанд, ки гӯиё 600 ҳазор доллари Саймуддинов Музаффар, соҳибкор ва узви Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистонро аз худ кардаанд.

Манобеи “Озодагон” ҳафтаи гузашта иттилоъ доданд, ки Парвиз Шамсиев, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон бо дархости мақомоти тоҷик аз ҷониби Интерпол дар штати Вирҷинияи Иёлоти муттаҳидаи Амрико боздошт шудааст. Дар эълоне, ки сомонаи “Интерпол” дар бораи падару писар-Шамсиевҳо нашр кардааст, гуфта мешавад, Парвиз Шамсиев, зодаи шаҳри Душанбе, 22 сол дошта, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ӯ аз ҷониби мақомоти тоҷик дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Инчунин Алишер Шамсиеви 49-сола, падари Парвиз низ бо иттиҳоми қаллобӣ дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, падару писар дар Душанбе 600 ҳазор доллари Саймуддинов Музаффар, раиси ширкати сайёҳии “Кафолат”-ро аз худ кардаанд.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод, ки қаблан нашр кард, кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилӣ муайян кардаанд, ки шаҳрвандон Шамсиев Алишер Абдумутолибович, соли таваллудаш 1965 ва Шамсиев Парвиз Алишерович соли таваллудаш 1992, сокинони кӯчаи Шамсии пойтахт, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт мардумфиребӣ мекардаанд.

Манбаъ афзуд Шамсиевҳо давоми солҳои 2010-2013 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саймуддинов Музаффар Муҳриддинович соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Самарқанди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даромада, аз ӯ 600000-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додаанд, ки бар ивазаш ба номи ӯ суратҳисоб кушода медиҳанд: “Аммо ваъдаашонро иҷро накардаанд.”

Саймиддинов Музаффар, ки ба иттилои ВКД мавриди фиреб қарор гирифтааст, узви Шӯрои машваратии назди президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аст, ки бахши хусусии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ӯ инчунин роҳбарии ширкати сайёҳии “Кафолат”-ро ба уҳда доштааст.
Мӯҳр
Дуздро каракчи зад. моли харом ба хароми рафт фазои сармоягузори губолуд шуд гуед ха ха ха Бечораи сомони ана камарбандат дар кучо сафар дорад

мухочир
600000 $ а кучо ?!!! Дузди зур сохиби говро бастааст ))))ошашон шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)