Бахшҳо
08 июн 2015 12:04Тоҷикистон / Сиёсат

Қаноатмандии Э. Раҳмон аз фаъолияти 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳомид Читчиён, вазири нерӯи Эронро, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, ин вохурӣ нимаи аввали рӯзи 8 июн баргузор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон ибрози қаноатмандӣ карда, фаъолияти 150 ширкати эронӣ дар кишварро босамар арзёбӣ кардааст: “Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҷодаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар ҳамкории бунёдӣ мақоми асосӣ пайдо кардааст”.

Инчунин зикр шудааст, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои бунёдии энергетика ва тавлиди зербинои нақлиётӣ – дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ-ҷанбаи муҳимтарини муносиботи ду кишвар буда, изҳорӣ боварӣ шудааст, ки бо истифода аз таҷрибаи муштараки сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ҷониби Эрон дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ҳам саҳмгузор хоҳад буд: “Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба густариши робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан ва кашидани хатти барқии баландшиддат ва лӯлаи оби ошомиданӣ миёни се кишвар, зоҳир гардид”.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар афзудааст, феълан дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти дошта, мубодилаи молу колои миёни Тоҷикистону Эрон соли 2014 зиёда аз 228 миллион долларро ташкил додааст, ки ин баробар ба 4,3% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин сол аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)