Бахшҳо

Баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” дар Маҷлиси намояндагон

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро баррасӣ кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин маҷлис, ҷаласаи шӯро рӯзи 8 июн таҳти раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа ҳадаф аз баррасии лоиҳаи қонуни мазкур “таъмини ошкоро ва оммавӣ будани механизми шаффофи маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати он” арзёбӣ шудааст. Инчунин аъзои Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ карда, зикр кардаанд, ки бар асоси моддаи 57-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 17 қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ“ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтори дахлдори дастгоҳи иҷроияи Президент, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, рутбаҳои дипломати муқарар мешавад.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки фаъолияти меҳнатиро дар Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба хариду фурӯши байналмилалии намудҳои набототи ёбоӣ ва ҳайвоноти ваҳшии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум”-ро муҳокима кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)