Бахшҳо

Пажвок: Додарарӯси раиси парлумон аз сӯи марзбонони тоҷик кушта шудааст

Хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон аз кушта шудани як афсари пулиси ин кишвар аз сӯи марзбонҳои Тоҷикистон дар минтақаи марзии ду кишвар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин афсари пулиси афғон, ки аз ӯ додарарӯси Абдуррауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон ном бурда мешавад, ду рӯзи пеш ҳангоми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир аз вулусволии Имомсоҳиб ба Тоҷикистон кушта шудааст.

Ин хабарро Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 8 июн дар суҳбат бо “Пажвок” тасдиқ карда, аз додани тафсилот худдорӣ кардааст: “Оқои Сидиқӣ гуфт, хабари қочоқи маводи мухаддир аз сӯи ин афсари кушташудаи афғонро наметавонад тасдиқ ё такзиб кунад ва ҳоло ҳайатеро барои баррасии ин ҳодиса сафарбар кардаанд”.

Ин расонаи Афғонистон бо такя ба манобеи маҳаллии худ мегӯяд, афсари кушташуда ва муттаҳам дар қочоқи маводи мухаддир додарарӯси раиси парлумони ин кишвар мебошад ва аз сӯи раҳбарияти вазорати умури дохилии Афғонистон ба ҳайси муовини ҳавзаи амниятии пулиси вулусволии Имомсоҳиб таъйин шуда буд.

Манбаъ афзудааст, ҷасади афсари афғон ҳоло ба мақомоти амниятии Афғонистон супорида шуда, марзбонони тоҷик аз ӯ бар иловаи 25 кило маводи мухаддир силоҳ низ мусодира кардаанд.
Мӯҳр
ташакури зиёд ба афсари точик зинда бошед ордени шараф тиян ба чунин чавонмардон натарсед содикона хизмат кунед ана инро чиход мегуянд пои нохалаф ба ватани мо нарасад зинда бошӣ афсари Точик

Марвачон
Точику точикистониро худованд куват бидихад Омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)