Пан Ги Мун ба Душанбе омад
Пан Ги Мун, дабири кули Созмони Милали Муттаҳид барои иштирок дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” ба шаҳри Душанбе омад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дабири кулли СММ шоми 8 ба 9 июн вориди Душанбе шудааст. Манбаъ мегӯяд, Пан Ги Мунро дар фурудгоҳ Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кардааст.
Қарор аст, дабири кулли СММ дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот намуда, аз кӯли Сарез дидан намояд.
Аз ин пеш, Шамшод Ахтар - котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Ҳелен Кларк - роҳбари Барномаи рушди СММ, Темир Сариев - сарвазири Қирғизистон ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ - раиси иҷроияи Ваҳдати миллии Афғонистон барои иштирок дар Конфронси байланалмилалии “Об барои ҳаёт” вориди шаҳри Душанбе шудаанд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 имрӯз, 9 июн дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз карда, то 11 моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард. Дар он намояндагони баландпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилал ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |