Бахшҳо

Мусоҳибаи 10 сол пеши полковник Ҳалимов: Бигзор ҳамеша дар Ватан тинҷиву амонӣ бошад!

Полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, раҳбари собиқи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ахиран эълон кард ба гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” пайвастааст, 10 сол пеш, дар як мусоҳиба бо хабарнигор Исфандиёри Назар гуфта, “ончиро ки мо ҳамарӯза чун “машқ” анҷом медиҳем, бигзор ҳамеша “машқ” бошад, бигзор ба касби мо, яъне озодкунӣ аз дастаи ҷинояткор ё тахрибкор эҳтиёҷ набошад. Ин маънои онро дорад, ки бигзор ҳамеша дар Ватан тинҷиву амонӣ бошад!”

Ин мусоҳибаро, ки соли 2005 нашрияи “Сипар” чоп кард, ахиран, рӯзномаи “ИмрӯзНюс” бознашр намудааст. Гулмурод Ҳалимов, ки он вақт фармондеҳи ротаи дуюми таъиноти махсус ва унвонаш майори милитсия буд, дар посух ба суоли “Аз иштирокатон дар муборизаҳои дохилӣ пушаймонед ё не?” чунин посух додааст: “Не! Мо муқобили афроде размидем, ки ҳадафашон густариш додани ҷинояту олами ҷиноӣ буд, на тараққӣ додани Ватану иқтисоди он”.

Дар идома аз ӯ суол шуда, ки ҳолати фаромӯшнашуданиеро аз он рӯзҳо, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳол ба хотир меояд, нақл кунад. Ҳалимов гуфтааст: “Кофарниҳон, 24-уми марти 1998, ки дар ин ҷо 9 нафар ҳамяроқони мо ҳалок ва 10 нафар маҷрӯҳ шуданд. Албатта, ҷанг бе қурбонӣ намешавад, вале мумкин буд, ки онҳо намиранд. Онҳо барои халосии теъдоде аз мардуми кишвар, барои озод кардани як гуруҳи асирафтодагон ҷони худро шарофатмандона аз даст доданд. Ман ҳамеша пеши арвоҳи эшон сари таъзим фуруд меорам, онҳо ҳамеша дар хотири ману ҳамяроқонам зиндаву ҷовиданд”.

Хабарнигор дар идома мепурсад: “Хуб, аз мушкилоте ҳарф занед, ки садди роҳи фаъолияти отряд ҳастанд?”

Гулмород Ҳалимов: “Қабл аз ҳама бояд ба Роҳбарияти ВКД изҳори сипос намоям, ки моро барои такмили ихтисос ба кишварҳои зиёде фиристоданд. Ман гуфта метавонам, ки отряди мо бо боварии комил аз уҳдаи ҳамагуна супоришҳои оҷилӣ ва хатарнок бо сарбаландӣ баромада метавонад. Отряди мо ба воқеъ мактаби мардонагӣ ва нишондиҳандаи асолати мардист! Ман ифтихор мекунам, ки дар ин отряд ҳастам. Мушкилоти ҷузъиро аллакай шумо медонед. Дигар аз чи бояд гила кунем?”

Идомаи суолу ҷавоб чунин сурат гирифтааст:

-Шумо дар ҳайати як гуруҳ дар ИМА барои омӯзиши касбӣ рафтед. Ҳамин тавр?
Гулмород Ҳалимов: -Бале.
-Чиро омӯхтед?
Гулмород Ҳалимов: - Тамоми нозукиҳои мубориза алайҳи сахтарин ҷиноятҳо, аз қабили гаравгонгирӣ, холӣ кардани иншоотҳову иморатҳои муҳим аз гуруҳҳои террористӣ ва амсоли инҳоро.
-Ончиро ки омӯхтед, ба зердастони худ омӯзонида метавонед?
Гулмород Ҳалимов: -Мушкили мо дар ҳамин аст, ки наметавонем ончиро ки худ ба пуррагӣ омӯхтаем, ба зердастон омӯзиш диҳем.
-Чаро?
Гулмород Ҳалимов: -Ончи дар Амрико омӯхтам дар ин ҷо ба бачаҳо дода наметавонам. Зеро мо иморати махсуси озодкунӣ аз гаравгонгириҳо ва дигар роҳҳои пешгирии ҷиноятро надорем. Як иморати мувофиқ барои ин амр дар Фахробод мавҷуд аст, ки он дар ихтиёри Вазорати мудофиа ҳаст ва моро лозим меояд, ки ҳар бор хаттӣ аз онҳо иҷозат гирем. Ғайр аз ин, шароит имкон намедиҳад, ки ҳар бор мо ба Фахробод равем.
-Хуб, чи бояд кард?
Гулмород Ҳалимов: -Агар дар ояндаҳо имкон мебуду дар ҷои ҳозирае, ки мо машқи тирпаронӣ анҷом медиҳем, чунин иморатро месохтанд, барои мо хуб мебуд.
-Шумо чи гуна иморатро дар назар доред?
Гулмород Ҳалимов: -Барои омӯзонидани зердастон иморати чандошёнае лозим аст, ки дар дохили он роҳҳои мубориза алайҳи гаравгонгирӣ, озодкунии бино ба бачаҳо омӯзонида шавад. Табиист, ки “амалиёт” аз атрофи бино шурӯъ мешавад ва дар дохили он сурат мегирад. Назоратгари “воқеа” бояд аз болои бом ба “амалиёт” назорат кунад, камбудиҳоро ислоҳ намояд...
-Чун алҳол чунин иморат нест ва сохтанаш низ маблағи ҳангуфтеро мехоҳад, шумо машқҳоро дар куҷо мегузаронед?
Гулмород Ҳалимов: -Иншоотҳои дигар низ ҳастанд, ки бовар кунед, аллакай тамоми бару бораи онро омӯхтаем. Танҳо мушкилие, ки ҳаст аз нигоҳи ман ҳамин аст, яъне, мо бояд шароитеро дошта бошем, ки битавонем ҳамарӯза машқ кунем ва дар ҳама ҳол омода бошем.
-Зарурати омодабоши ҳамешагӣ мавҷуд аст?
Гулмород Ҳалимов: -Бале, омодабоши ҳамешагӣ барои дифоъи марзу буми кишвар ҳатмист ва мо хушбахтона, новобаста аз ин мушкилоти ҷузъӣ омода ҳастем!
-Орзуи Шумо?
Гулмород Ҳалимов: -Ончиро ки мо фаро гирифтаву ҳамарӯза чун “машқ” анҷом медиҳем, бигзор ҳамеша “машқ” бошад, бигзор ба касби мо, яъне озодкунӣ аз дастаи ҷинояткор ё тахрибкор эҳтиёҷ набошад. Ин маънои онро дорад, ки бигзор ҳамеша дар Ватан тинҷиву амонӣ бошад!

Гулмурод Ҳалимов, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Як моҳ пештар хабари бедарак шудани ӯ расонаӣ гардид ва ахиран ин фармондеҳи 40-сола дар гузориши видеоие эълон кард, ба созмони “Давлати исломӣ” пайвастааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қазияро пайгирӣ доранд.
Мӯҳр
Кулябец
Озодагон бехтараш Шумо дар бораи беадолатихо нависед! Ин шахс аз Точикистон берун рафтааст. На фойдааш мерасаду на зарараш . Ин рохи интихоб кардаи у ба вичдонаш вобастаги дорад. Магар Шумо намедонед, ки хама кор дар Точикистон бо порадихи ичро мешавад. Як амалиёти журналистии озод гузаронда фош кунед. Ё метарсед???

fed
Man az xurdi orzui yake az shaxsoi voeniy shavama ammo to hol in ba man muyassar nashud ammo nasib boshad bad az xatmi donishgoh dar hamin OMON hamchun texnik oidba komputer chizho kor kardan mexoham
ba fikri shaxsii man baroi OMON in guna shaxsho lozimand man az Tojikistonro namedonam ammo vakteki man FBI ro mebinam hast hamixel odamho

хакикат талх аст
Бародар Кулябец рост мегуяд. Агар ки натарсед гузаронед! ва фош кунед сирри порагиронро!

Озодагон ,чаро ин аблахро фирори ном гузошти ин фирори не хоин аст,то дируз пеши хукумат сачда мекард ин як гумрох аст ............[

Озодагон, о 10 сол пеш гапу кору ваъда дигар буд. сол аз сол боз гапу кору ваъдаи холи. кани як аз худ тафтиши Озодона ба хотири миллату ватан ташкил кунед. е илоче нест? Масалан, аз дуругу пораву ришва, ки сарзамини моро хамчун касалии СПИД гирифтааст.

Одам
Хас каму чахон пок. Ин хоини миллат аст номард. Окибат гургзода гург шавкад гар чи бо одам бузург шавад.

хиёнаткоронро дар хама давру замон баъди истифода бурдан мекуштанд. ин шах аз падару модари худ дуо нагирифта фирор карда гуё ба чиход рафтааст. чи гуна чиход?? мусмулмонкуши??? одамкуши ?? ин чиход нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)