Бахшҳо

Ташкили гуруҳи корӣ барои таҳқиқи марги наваскари 22-сола

Вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳқиқи марги Фирдавс Раҳматов, як наваскари 22-сола, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ ҷасадаш ба хона оварда шуд, гуруҳи тафтишотие ташкил кардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ рӯзи 11 июн дар суҳбат бо “Озодагон” бо тасдиқи ин хабар гуфт, инчунин аз сӯи додситонии ҳарбии гарнизони вилояти Суғд низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад: “Ҳайати гуруҳи мо дар якҷоягӣ бо кормандони ин додситонӣ омили марги Фирдавс Раҳматовро таҳқиқ хоҳанд кард”.

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон афзуд, ин ҳодиса рӯзи 7 июни соли равон ҳангоми баромади саҳроҳии як гуруҳи сарбозони қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом ба вуқуъ пайвастааст.

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Ин модари тоҷик, ки баъд аз як моҳи гусели фарзандаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷасадашро қабул кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд. Хонум Раҳматова аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда буданд: “Бачаҳаки манро як кас накуштааст. Ҷойи ободеро дар баданаш пайдо кардан мумкин набуд. Инҳо маслиҳат доранду мехоҳанд, айбро дар гардани як нафар бор кунанд. Чӣ магар писари ман таҳти раҳбарии ҳамон сержант ба палигон рафта буд?! Магар онҷо командире набуд?! Хай бачаамро куштанд, майли ҳадди ақал ба мо росташро гӯянд”.


Дар акс Фирдавс Раҳматов
Мӯҳр
Яъкуб. Душанбешахр.
Хар руз дар хизмат сарбозе кушта мешавад. Хайф хаст дар сафи хизмате, ки шахс дар он давлат кадре надорад. Хамеша пеши назар хамон баромади полковник Г . Халимов мебиёяд. ""Шумо омада хастед барои чунин Хукумат чон тиед"""

хакикатгу
кани конун, кани хукумат, кани давлату давлатдори?

кани конун, кани хукумат, кани давлату давлатдори?

Вой дод
ин аввлин бор нест ки часади аскарро аз хизмати харби бар мегардонанд. вой дод аз дасти ин хунхурони ватан.

Барои чи чавонон ихтиёри ба хизмат намераванд? Хамеша бо зуриву "облава".Офицерхо артиши Точикистон орият (Честь) сарханги доранд. Чунон ба эшон хамсухбат мешави гуё онхо сарханг не каровули махбасро мемонанд. То хамон чо бесавод худоё аз куча дошта унвон додаанд.. Айдор аз сардаста. сардори взвод, рота полк ... хама гунахгоранд. Аз хунукназарии онхо хамин вокеъ рух додааст... То замоне дар артиши Точикистон муносибат ба навкар, сарбоз, офицерхову ба хамдигар аз руи эхтирому устав нашавад ин артиш набуда сарчамъи котилхост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)