Бахшҳо

Ризояти Э.Раҳмон барои созиш бо Оқохон дар бораи Санобод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар ба Вазорати энергетика ва захираҳои об дастур додааст, ки бо Бунёди Оқохон дар умури рушди иқтисодӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳияи асоснокии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи Санободро ба имзо расонад.

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 351, ки Эмомалӣ Раҳмон 30-юми майи соли равон имзо кардааст, ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи Ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди баҳогузории фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Санободро бо Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ тасдиқ кардааст. Бар асоси ин санад Эмомалӣ Раҳмон ба Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об дастур додааст, ки аз номи ҳукумати Тоҷикистон ин ёддошти тафоҳумро имзо кунад ва метавонад ба матни санад тағйиротеро ворид кунад, ки аҳамияти калидӣ надоранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии кишварро вазифадор кардааст, ки дар мувофиқа бо Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ сана ва ҷои имзои ин созишномаро муайян кунад.

Қаблан Бонки ҷаҳонӣ бо ироаи як гузориш оид ба роҳҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон то соли 2020 лоиҳаи нерӯгоҳи барқии Санободро пешниҳод кард. Ба гуфтаи гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ ин нерӯгоҳ бо арзиши 225 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори 125 МВт Тоҷикистонро бо нерӯи арзон таъмин кунад. Гуфта мешавад, барои сохтмони ин НБО бунёди обанбор зарурат надорад, зеро он бевосита дар дамгаҳи ҷараёни оби дарёи Панҷ, дар мавзеи Санободи деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон сохта мешавад.

Созиш дар мавриди Санобод дар ҳолест, ки Шоҳзода Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ, Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ахиран аз нақшаи худ барои боздид аз Тоҷикистон хабар дод. Оқохони IV дар паёми табрикияш ба Темур Сариев, сарвазири навтаъини Қирғизистон гуфтааст, ният дорад, аз Осиёи Марказӣ боздид кунад ва бо рафти сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Нарини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон аз наздик шинос шавад.

Сафари Оқохони IV ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар назар буд, вале ба далели анҷом наёфтани баъзе корҳои бунёдкорию тарҳрезиҳо ба таъхир гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таъхири ин сафар изҳор дошт, ки Оқохони IV баъди моҳи майи соли 2015 дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.
Мӯҳр
Tojik
Зихи Огохон! Мардест, ки хар кадамаш ободи меорад. Ин аст мусулмони хакики ва ин аст Исломи ноби Мухаммади!

туппидор
Мо муриди Имоми Хозир шудем ва камоли маърифатро касб намуда истодаем. Аз шачараи Пайгамбарианд ва кудрати бенихоят доранд. Шак наоред, ки ба хори наафтед!

точик
Огохони чахорум дар хакикат марди мусулмон бо хастияш аст.Дар давраи чанги шахрванли мардуми Бадахшонро на вобаст аз мазхаб аз гуруснаги начот дод ва аз у барояш сипосгузорем. Аммо Санобод дигар масъала аст, by nbxjhfn аст ва моликияти миллату давлатро бояд ба назар гирифт. Сахмияи Хукумати Точикистон бояд, ки бартарият дошта бошад.

Хайрандеш
Бехтарин! Шахсе, ки ба хар давлате, ки кадам гузорад,бехтарин арзишхои исломиро амали менамояд, сохтани мактабхо,бунёди неругохо,сотани купрук ва роххо,даъват ба илм , фарханг ва ахлок.Натичаи хар як сафари у ободи аст. дусти аст.Тамоми намуди заводу фабрикахоро дорост, гайр аз заводхои тир, туфанг ва ярок.Рамзи амн аст, рамзи илм аст, Рамзи амонист.Бехтарин!.

АЛЛОХУМА САЛИ ЪАЛО МУХАММАДИН ВА ОЛИ МУХАММАД

Шахрёр
Сазовори эхтирому тахсину офарин аст Огохон - шахсе ки хар як икдомаш ба гуае аз чахон ободи, илму маърифат, чойхои кори меорад. Ба туфайли ин шохзода яке аз шахсиятхои сохибэхтироми Аврупост. Дар Аврупо чунин икдомотро ба таври сазовор кадр мекунанд. Худодавлаташро зиёда гардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)